Ғазза саҳнаи авҷи ваҳшигарии душман ва авҷи сабру истиқомати мардум

Дирӯз дар аввалин рӯз аз моҳи мубораки Рамазон «Маҳфили унс бо Қуръон» бо ҳузури Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд. Ишон шароити Ғаззаро аз ду буъд дар «авҷ» дониста ва афзуд, ки имрӯз дар Ғазза аз як тараф шоҳиди авҷи ҷиноят ва ваҳшигарӣ ва зулм ҳастем ва аз тарафи дигар авҷи истодагӣ ва истиқомати мардум ва муқовимати исломӣ низ мушоҳида мешавад, ки ба баракати унс ва амал ба Қуръон аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин маросим дар суханоне тиловати Қуръонро «ҳунари муқаддас» хонда ва таъкид карданд: Бояд ҳадафи аслӣ аз ин кори бисёр боарзиш, интиқоли маъно ва паёми Қуръон ба ҳамаи мардум ва ҷомеа ва заминасозӣ барои тадаббур дар Қуръон ва фаҳмидани он бошад.

Ишон бо изҳори хурсандӣ аз теъдоди зиёди қориёни ҷавони «саҳеҳхон» ва «хушхон» дар Эрон, рушди фазояндаи қориёни ҷавонро аз неъматҳои бузург ба баракати пирӯзии инқилоб ва низоми исломӣ баршумурда ва афзуд: Қуръон як ҳунари илоҳӣ ва худоист ва муҳимтарин вазифаи қории Қуръон, интиқоли маонӣ ва «тасвирсозиҳои Қуръон» дар мавзуъҳои мухталиф ба зеҳни шунаванда аст, бинобар ин қориёни қуръонӣ мисдоқи мубаллиғони рисолатҳои илоҳӣ ҳастанд ва худро низ бояд бо шароити як маблағи рисолатҳои илоҳӣ мувофиқ кунанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома зимни баёни чанд тавсияи тахассусӣ ба қориёни Қуръон, бар лузуми густариш ва афзоиши «ҳалқаҳо ва маҷлисҳои қуръонӣ» дар масоҷид ва манозил таъкид карда ва гуфт: Дар ҷаласоти қуръонӣ бояд ба тарҷума ва тафсири Қуръон низ диққати вижа шавад то заминаи боло рафтани сатҳи маорифи динии ҷомеа ба вуҷуд ояд.

Ишон бо ишора ба пахши тасовире аз мардуми мазлуми Фаластин дар Ғазза ва тиловати Қуръон ба василаи навҷавонон дар Ғазза, хотирнишон кард: Қуллаи истиқоматеро, ки имрӯз дар Ғазза шоҳид ҳастем, натиҷаи фаҳми Қуръон ва амал ба он аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ шароити Ғаззаро аз ду буъд дар «авҷ» дониста ва афзуд, ки имрӯз дар Ғазза аз як тараф шоҳиди авҷи ҷиноят ва ваҳшигарӣ ва зулм ҳастем ва аз тарафи дигар авҷи истодагӣ ва истиқомати мардум ва муқовимати исломӣ низ мушоҳида мешавад.

Ишон ҷиноятҳои камсобиқа дар Ғазза ҳамчун куштани кӯдакону навзодон аз тариқи гуруснагӣ ва ташнагиро равсокунандаи тамаддуни ғарбӣ хонда ва таъкид кард: Бо вуҷуди он ки саҳюнистҳо аз анвои силоҳҳо ва кумакҳои Амрико ва ғарб бархурдор ҳастанд, аммо бо сабри беназири мардуми Ғазза ва истодагии размандагони муқовимат то кунун душман ҳеҷ ғалате натавониста бикунад ва ҳудуди навад дарсади имконоту тавоноиҳои муқовимат маҳфуз аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон кард: Ба лутфу фазли илоҳӣ муқовимат бинии саҳюнистҳоро ба хок хоҳад молид.

Ишон дар поён кумак ба мардуми Ғаззаро таклифи динии дунёи Ислом баршумурда ва гуфт: Ҳар гуна кумак ба душмани саҳюнистӣ ҳароми қатъӣ ва ҷинояти воқеӣ аст ва муттаассифона бархе давлатҳо ва кишварҳои исломӣ ин корро анҷом медиҳанд, аммо рӯзе пушаймон хоҳанд шуд ва “ин шоа Аллоҳ” сазои ин хиёнат ва бефоида будани талоҳшояшонро хоҳанд дид.

Дар ибтидои ин маросим теъдоде аз қориён ба қироати Қуръон ва иҷрои ҳамхонӣ ва «ибтҳол» пардохтанд.

Дар ин дидор ҳамчунин тасовире аз муқовимати мардуми Ғазза ба хусус кӯдакону навҷавонон ва унси онон ба Қуръон, пахш шуд.

ҒаззаОятуллоҳ ХоманаӣТеҳронҶумҳурии Исломии Эрон
Comments (0)
Add Comment