Қироати Қуръон дар зиёфати ифтории таҳримшудаи президенти Амрико

Дар ҳоле, ки мусулмонони Амрико нисбат ба сиёсатҳои ҳимояти ин кишвар аз ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза хашмгин ҳастанд, Ҷо Байден зиёфати ифторӣ дар Кохи Сафед баргузор кард, ки аз сӯи бисёре аз созмонҳои исломии ин кишвар таҳрим шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Кохи Сафед имсоли ҳам ба расми чанд соли ахир, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон маросими ифторӣ баргузор кард.

Ин дар ҳоле аст, ки мусулмонони Амрикои нисбат ба мавозеи давлати Байден дар бораи ҷанги Ғазза ва ҳимояти Амрико аз ҷиноятҳои саҳюнистҳо бисёр хашмгин ҳастанд.

Дар моҳҳои ахир ва дар ҳоле, ки рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурии 2024 ин кишвар аз чанд моҳи дигар оғоз мешавад назарсанҷиҳо нишон медиҳад 72 дарсади мусулмонон дар эътироз ба кумакҳои таслеҳотии Амрико ба Исроил ва адами ҳимояти давлати Амрико аз оташбас дар Ғазза ба Байден роъй нахоҳанд дод.

Ҳафтаи гузашта Илҳон Умар, намояндаи конгресси Амрико, Ҷо Байденро муттаҳам кард, ки барои куштори фаластиниён ба режими Исроил иҷозат додааст. Вай бо дархости оташбас ва таваққуфи ҷанги хунини исроиилӣ алайҳи Ғаззаи нисбат ба теъдоди зиёди қурбониёни ғайринизомӣ ва овора шудани беш аз як миллион фаластинӣ ибрози нигаронӣ кард.

Пеш аз ин дар соли 2016 дар даврони Трамп низ теъдоде аз созмонҳои арабӣ ва исломӣ тасмим ба таҳрими зиёфати ифтории Кохи Сафед гирифтанд. Онҳо зиёфати ифторӣ бо унвони “на ба ифтории Трамп” муқобили Кохи Сафед баргузор карданд.

Раиси Шӯрои равобити исломии Амрико эълом кард, мо зиёфати ифтории Трампро ба хотири сиёсатҳои нажодпарастонаи вай таҳрим кардем. Ин шӯро ҳамчунин дар баёнияе эълом кард: Мусулмонони Амрико аз замони раёсатҷумҳурии Трамп, афзоиши бесобиқаи ҳамалоти нажодпарастона тавассути нажодпарастони сафедпӯсти мавриди ҳимояти вайро шоҳид будаанд.

Амрикокохи сафедҚуръонРамазон
Comments (0)
Add Comment