Нусхаи нави Трамп ва бозгашт ба арсаи сиёсат бо интиқом

Трамп бори дигар ба саҳна омадааст ва таҳлилгарон бар ин бовар ҳастанд, ки Трампи имрӯза бисёр асабонитар аз нусхаи Трамп дар солҳои гузашта аст.

Доналд Трамп дар китобе, ки дар соли 2007ба расмият шинохта нашуда буд, таҳт унвони “Бузрг фикр кун; муваффақият дар кор ва зиндагӣ ба равиши Доналд Трамп” фаслеро ба “интиқом” ихтисос дод. Ӯ навишт: “шиори ман ин аст: ҳамеша талофӣ кунед ва интиқом бигирид”. Интиқом як мавзуи модомулумр дар достони зиндагии Доналд Трамп аст, ки тавассути Ӯ ривоят шудааст.

Ӯ дар соли 1992 ба Чарли Рази мусоҳибакунанда гуфта буд: “ман дӯст дорам интиқом бигирам”. Ӯ ба ин нақли қавли Алферед Ҳеҷкак алоқа дорад, ки гуфта буд: “интиқом ширин аст ва чоқкунанда нест”. Трамп дар январи соли ҷорӣ пас аз пирӯзии аввалияи худ дар Ниюҳемпшайр дубора бовари худро такрор кард: “ман хеле асабонӣ намешавам, талофӣ мекунам”. Трамп медонад, ки интихоботи раёсатҷумҳурии 2024 метавонад лаззатбахштарин талофиҷӯӣ аз ҳама бошад. Ӯ пас аз таҳқир шудан ба далели бохт дар баробари Ҷо Байден дар соли 2020 дар интихоботе, ки ба бовараш натиҷаи он ба сирқат рафт ва ба далели озори тоқатфарсое, ки аз ан замон токунун аз сӯи низоми қазоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мутаҳаммил шуда, эҳсос мекунад, ки бахт ва иқбол дар муқобилаш сари таъзим фурӯд меоварад. Ӯ “муҷозот”-ро дар сарлавҳаи козори худ қарор додааст. Ӯ дар конфронси «рафтори сиёсии муҳофизакор» гуфта буд: “дар соли 2016 эълон кардам, ки садои шумо ҳастам. Имрӯз изофа мекунам: ман ҷангҷӯи шумо ҳастам, ман адолати шумо ҳастам ва барои касоне, ки ба онон зулм шуда ва мавриди хиёнат қарор гирифтаанд, ман муҷозот ва кайфари шумо ҳастам”.

Ин қудрати гипнатизмкунандагии забони Трамп аст: “ман”, “ту” ва ин, ки мегӯяд гилоя ва шикояти Ӯ шикояти шумост ва баръакс. Дар асри худшефтагии хашмгинона мо замоне, ки ҳама эҳсос мекунанд дар фазои маҷозӣ машҳур ҳастанд ва сипас ноком мешаванд, ин паёми Трамп тақрибан ғайриқобили муқовимат аст. Ин ҳафта Трамп ду монеи бузурги дигар, ки масири бозгашти Ӯ ба Кохи сафедро масдуд мекард, аз сари роҳ бардошт. Ӯ дар рӯзи се шанбе маъруф ба сешанбеи бузург номзади ҷумҳурихоҳон шуд ва чаро, ки дар 14 интихобот аз 15 интихоботи муқаддимотии иёлатӣ пирӯз шуд ва Некӣ Ҳейлиро дар ниҳоят маҷбур кард шикастро бипазирад. Як рӯз пеш аз он додгоҳи олӣ ба иттифоқи раъйҳо ба нафъи Ӯ раъй дод ва тасмими иёлати Хлородуро лағв кард, ки бар асоси банди “шуриш”-и ислоҳияи чаҳордаҳуми қонуни асосӣ эълон карда буд ӯ бояд аз номзадӣ барои интихобот манъ шавад. Акнун магар онки иттифоқи ғайриоддӣ рух диҳад, саҳна барои бозии баргашт омода шуда, ки тақрибан ҳеҷкас намехост, аммо ҳама медонистанд, ки эҳтимолан ин иттифоқ хоҳад афтод: Трамп дар муқобили Байден. Акнун ҳар дуи онон синнашон бештар шудааст.

Як тафовути асосӣ байни соли 2024 ва муборизаҳои интихоботии қаблии Трамп дар ин аст, ки акнуни Ӯ мавриди алоқа аст. Ӯ дар аксари назарсанҷиҳои миллӣ ва тақрибан дар тамоми иёлатҳои навасонии муҳим аз ҷумла Ҷурҷиё, Орезона, Мишигон ва ғайра пештоз аст. Бо ин вуҷуд, Байден эҳсоси сарнавишти пирӯзмандонаи худро дорад ва ба ҳамон андоза, ки Доналд Трамп алоқаманд аст сӯҳбатҳое бо лаҳни ҷангталбонаро дӯст дорад. Ӯ ба муваффақияти худ дар соли 2020 ва интихоботи миёндавраии ду сол пас аз он ба унвони мадраке ишора мекунад, ки нишон медиҳад набояд аз мақоми худ канорагирӣ кунад. Ӯ мумкин аст заиф ва шикастхӯрда бошад ва дар назарсанҷиҳо камтар аз 40 дарсад аз посухдиҳандагон коромадиашро дар мақоми раёсатҷумҳурӣ таъйид кардаанд бо ин вуҷуд, тими Байден мутақоид шуда, ки дар мувоҷеҳа бо дурнамои бисёр воқеӣ як давраи дигари Трамп, мардуми Амрико бори дигар ба раисҷумҳури феълӣ раъй хоҳанд дод. Бо ин вуҷуд, мушкили Байден он аст, ки ҳадди ақал дусевуми амрикоиҳо эҳсос мекунанд кишварашон дар масири иштибоҳе қарор дорад. Ин эҳсос ба Трамп бартарӣ медиҳад: ҳамонтавр, ки дар соли 2016 Ӯ номзади “тағйир” буд. Ҳомиёни Трамп ҳамеша ҷазби родикализми зидди низоми Ӯ будаанд. Бо ин вуҷуд, имрӯз бисёре аз раъйдиҳандагони мустақил эҳсос мекунанд дар ҳоле, ки мумкин аст Трампро дӯст надошта бошанд Амрико ва ҷаҳони озоди таҳти раҳбарии Ӯ бо суботтар ва муваффақтар буданд. Коршиносони расонаӣ дӯст доранд бигӯянд, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия замоне, ки мегӯяд тарҷеҳ медиҳад чаҳор соли дигар низ Байден раисҷумҳур бошад, ҳадафаш шарорат ва дахолат дар умури дохилии Амрико аст.

Раъйдиҳандагон ба оморҳо нигоҳ мекунанд ва фикр мекунанд ҳамонтавр, ки Трамп далел меоварад Русия, Чин ва нерӯҳои исломгаро аз замоне, ки Байден ба Кохи сафед роҳ ёфт ҳамагӣ қотеонатар амал кардаанд. Наздиктарин мушовирони Трамп мегӯянд, ки иштибоҳи бузурги ҳашт соли пеши Ӯ ин буд, ки ба унвони як тозакори сиёсӣ саъй кард бо Вашингтон ҳамкорӣ кунад. Аз диди онон Ӯ афроди хоине монанди Ринс Прибс ё Ҷон Келиро ба унвони раисдафтари худ ва раиси Ситоди коркунони Кохи сафед мансуб кард, ки бо қудратмандтарин ниҳодҳои Амрико расонаҳо, системаи қазоӣ, полиси федерал (FBI) ва CIA кор мекарданд то Ӯро тазъиф кунанд. Чунин сӯҳбатҳое мумкин аст девонакунанда ба назар бирасад, аммо таҷрибаи Трамп дар мақоми раёсатҷумҳурӣ далелҳои зиёде барои поронуид будан ба Ӯ ва ҳомиёнааш дод. Таҳқиқот дар бораи иртиботи Трамп бо Русия то ҳадди зиёде ҳистрик буд, аммо дар давраи аввали раёсатҷумҳурии Ӯ тасаллут ёфт ва монеъ аз раёсатҷумҳурии Ӯ шуд.

Ин бор Трамп бо он равия мухолифат мекунад ва мегӯяд: “агар маро ба Кох сафед бозгардонӣ салтанати онон ба поён расидааст. Ман давлати амиқ ва дар сояро комилан маҳв хоҳам кард. Ман бурукротҳои мунтахаб ва нерӯҳои дар сояро, ки бар низоми қазоии мо тасаллут доранд, барканор мекунам. Ин афрод бемор ҳастанд ва ман дубора мардумро масъули ин кишвар хоҳам кард”.

Чунин бозии бо ҷумлаҳо тарафдорони Трампро хушҳол мекунад, аммо мухолифон мегӯянд, ки Трампи 2 бисёр шабеҳи диктаторе аст, ки иддао мекунанд дар ҳашт соли гузашта дар баробари он муқовимат кардаанд. Нию-Йорк Таймз ва дигар расонаҳо мамлув аз достонҳо дар мавриди гурӯҳҳои шуме ҳастанд, ки махфиёна барои иҷрои барномаи зидди демократики Трамп дар ҳоли нақша кашидан ҳастанд.

Бино бар гузоришҳои андешкдаи «Харитиҷ дар ҳоли истихдом» ҳазорон нафар аз вафодорон ба Трамп барои “тарҳи 25”-и худ аст, ки як тасхири хасмонаи давлати идорӣ маҳсуб мешавад. Ба мо гуфта мешавад, ки як гурӯҳи шадида “носюналисти масеҳӣ” Амрикоро ба самти урдугоҳи рост мекашонад. Худиҳои Трамп мегӯянд, ки чунин сӯҳбатҳо бештар ҳистрӣ аст то воқеият. Яке аз коркунони корзори Трамп мегӯяд: “ман аз ин кори 25 безор ҳастам. Танҳо коре, ки анҷом медиҳад ин аст, ки титрҳои ғайри муфидро тавлид мекунад ва ман мутмаин ҳастам, ки бархе аз сиёсатҳое, ки онҳо аз он ҳимоят мекунанд иҷро мешаванд, аммо ин проекти 25 проекти Трамп нест. Ин проекти андешкдаи Ҳаритиҷ аст ва ҳатто насюнолизми масеҳӣ чист? Оё Трамп токунун рӯи саҳна дар бораи он сӯҳбат кардааст? Ин тавр фикр намекунам”.

Дар воқеъ, дар мавриди барномаҳои даври дувуми Трамп ҳеҷ розӣ нест. Ҳамаи барномаҳо дар маҷмуае аз видеоҳои “дастури кори 47”, ки Ӯ соли гузашта мунташир кард, ироа шудааст. Ӯ бар муваффақияти таърихии худ дар коҳиши вобастагии Амрико ба Чин аз тариқи “търифаҳои пояи ҷаҳонӣ” таъкид кардааст. Ӯ гуфтааст: “қалби чашмандози ман бознигарии густардаи сиёсатҳои молиётӣ ва тиҷории мо дар тарафдорӣ аз Амрико аст, то аз системаи Байден, ки тавлид унандагони дохилиро муҷозот мекунад ва ба бурунсупориҳо подош медиҳад ба системае, ки ба тавлиди дохилӣ подош медиҳад ва барои ширкатҳои хориҷӣ ва касоне, ки машоғили амрикоиро содир мекунанд молиёт қоил мешавад”.

Ӯ пешниҳодҳое барои бозгардондани назм ва қонун, эъдоми бозигарони мавод мухаддир, бозгардондани қудрат ба волидайни амрикоӣ, ҳифозат аз кӯдакон дар баробари ҷунун ҷинсиятӣ ва донишҷӯён аз родикол ва девонаҳои марксист дорад.

Ӯ ҳушдор медиҳад, ки “Ҷанги ҷаҳонии севум ҳаргиз наздиктар аз ончи акнун мебошад, набудааст” ва мутааҳҳид мешавад, ки “ташкилоти фосидро, ки даҳаҳо ҳар тасмими сиёсати хориҷиеро ноком гузошта” ва шомили раисҷумҳур Байден низ мешавад, дарҳам бикӯбад. Ӯ ваъдаи “салҳ аз тариқи қудрат”-ро медиҳад. Баён ваъда осонтар аз анҷом додан аст, аммо замоне, ки раъйдиҳандагон ба вазъияти бадтар дар Украина, Афғонистон ва Ховари Миёна нигоҳ мекунанд, паёми қавӣ дар худ дорад. Сиёсати дугонаи Трамп муҳоҷират ва амнияти энергетика аст. Ӯ гуфта, ки “ба ҷуз рӯзи аввал диктатор нахоҳад буд”. Ӯ мегӯяд: “мо марзҳоро мебандем ва ҳаффорӣ, ҳаффорӣ, ҳаффорӣ мекунем”. Ӯ мутааҳҳид шуда, ки қарордоди ҷадиди сабзи Байденро лағв кунад ва санъати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо “касби итминон аз ин, ки Амрико камтарин ҳазинаи энергиро хоҳад дошт” эҳё хоҳад кард. Ӯ мегӯяд :”аз ҳар кишвари санъатӣ дар ҳар куҷои замини мо тиллои моеъро, ки дақиқ зери поямон аст, тавсеа хоҳем дод ва энергии бештар ба маънои коҳиши таваррум ва ба маънои машоғили бештар хоҳад буд”.

Трамп ва мушовиронаш ҳеҷ талоше барои пинҳон кардани барномаҳои худ дар мавриди муҳоҷирати ғайриқонуние, ки дар даврони Байден ба шиддат афзоиш ёфта анҷом намедиҳанд. Корзоир интихоботии Ӯ ишора мекунад, ки аз нерӯҳои мусаллаҳ ва будҷаи артиш барои таъмини амнияти марзи ҷанубии Амрико ва иҷрои муҷаддади барномаҳо бо ҳадафи ихроҷи бегонагони ғайриқонунӣ истифода шавад. Ӯ ҳамчунин аз Конгрес мехоҳад, то итминон ҳосил кунад, ки ҳар касе, ки дар марзи Амрико қочоқ мекунад, билофосила бо муҷозоти эъдом мувоҷеҳ шавад. Чунин сиёсатҳо муфассирони либералро ноумед мекунад. Бо ин вуҷуд, мардуми Амрико бештар аз шикасти Байден дар контроли муҳоҷирати ғайриқонунӣ ваҳшат доранд.

Мунтақидони боҳуштари Трамп хоҳанд гуфт, ки Ӯ ҳамаи ин ваъдаҳоро қаблан додааст. Бисёре дигар ӯро нажодпараст ва фашист хоҳанд хонд. Бо вуҷуди тамоми тарс ва нафратҳое, ки Трампро иҳота кардааст, аксарият метавонанд бозгашти интиқомҷӯёнаи ӯро монанди Ӯ бубинанд, яъне ҳамчун исботи қодири мутлақ будани Трамп. Трамп дар ҷойи дигаре аз китоби “Бузург фикр кун” менависад: “вақте дигарон бубинанд, ки шумо ифтизоҳ ба бор намеоваред ва ба ҳарфҳои ҳеҷ кас гӯш намекунед, ба шумо эҳтиром мегузоранд”.

АмрикоИёлоти Муттаҳидаи Амрикоинтихоботи президентӣТрампҶо Байден
Comments (0)
Add Comment