Рӯзона 63 зан дар Навори Ғазза кушта мешавад

Ба гуфтаи вазорати занони Фаластин, ишғолгарони саҳюнистӣ рӯзона 63 занро дар Ғазза ба шаҳодат мерасонанд, ки 37 тан аз онҳо модар ҳастанд. Теъдоди шуҳадои зан аз 7 октябр токунун ба 9 ҳазор нафар расидааст. Тибқи омори расмӣ, 75% аз 72 ҳазору 156 маҷрӯҳ, зан ва ҳамчунин 70% аз ҳафт ҳазор фаластинии мафқуд шуда зан ва кӯдак ҳастанд.

Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ дар ховари наздик (UNRWA) дар рӯзи ҷаҳонии зан ҳушдор дод, ки занони Ғазза ҳамчунон паёмадҳои ин ҷанги ваҳшиёнаи режими саҳюнистиро таҳаммул мекунанд.

Ба таври миёнгин, рӯзона 63 зан дар Ғазза кушта шудаанд – 37 нафари онҳо модароне ҳастанд, ки ночор ба тарки хонаводаҳои худ шудаанд, инҳо ҷадидтарин ҳушдорҳои Ожонси UNRWA дар рӯзи ҷаҳонии зан аст.

Бисёре аз мақомҳои ғарбӣ дар хусуси вазъияти асафноки занон ва кӯдакон дар Ғазза борҳо ҳушдор додаанд, аммо иқдоми чандоне барои таваққуфи ҷиноёти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ анҷом намедиҳанд.

Раисҷумҳури Иаёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байяден дар ҷараёни суханронии солонаи имрӯзи худ гуфт «беш аз 30 ҳазор ғайринизомӣ дар Ғазза кушта шудаанд, ки дар байни онҳо ҳазорон зан ва кӯдаки бегуноҳ вуҷуд дорад».

Байден ҳамчунон ба ҳимоят аз режими саҳюнистӣ идома медиҳад ва дар муқобили дархостҳо барои эъмоли фишор ба Телавив барои таваққуфи ҷиноёт алайҳи фаластиниён муқовимат кардааст.

Ожонси UNRWA дар паёме, ки дар сафҳаи иҷтимоии «Х» мунташир кард дар хусуси вазъияти занон дар Ғазза дар пайи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ҳушдор дод ва гуфт, ки аз ҳафтуми октябр, дасти кам 9 ҳазор зан дар Навори Ғазза ба шаҳодат расидаанд ва ҳамчунин таъкид кард, ки ин омор эҳтимолан болотар аст.

UNRWA дар ин хусус тавзеҳ дод «ин рақам эҳтимолан камтар аз миқдори воқеӣ аст зеро теъдоди занони бештаре ҳастанд, ки зери оворҳо ҷон бохтаанд».

Дар ҳамин робита дафтари расонаии ҷиҳоди исломии “Ҳамос” дар Ғазза дар баёнияе ба муносибати рӯзи ҷаҳонии зан аз кушта шудани дасти кам 8700 зан фаластинӣ дар ҳамалоти ишғолгарони саҳюнистӣ ба Навори Ғазза хабар дод.

Дафтари расонаии расонаии ҷиҳоди исломии “Ҳамос” дар Ғазза дирӯз ҷумъа эълом кард, ки аз замони амалиёти низомии Исроил дар рӯзи ҳафтуми октябр то кунун дасти кам 8900 зан дар ин ҳамалот кушта шудаанд.

Дафтари расонаии Ҳамос дар Ғазза дар баёнияе, ки ба муносибати ҳаштуми март рӯзи ҷаҳонии зан мунташир карда бар идомаи иқдомоти созмонёфтаи Исроил алайҳи занон дар Ғазза таъкид кард.

Дар рӯзе, ки ҷаҳон занонро такрим мекунад низомиёни режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил бо хунсардӣ ба куштори занони фаластинӣ дар наслкушии худ дар Ғазза мубодират мекунанд ва ҷаҳон танҳо низорагари ин ҷиноятҳо ва ваҳшигариҳо аст.

Дар идомаи ин баёния омадааст, аз замони ҷанги саросарии ишғолгарони саҳюнистӣ алайҳи навори муҳосира шудаи Ғазза, беш аз 23 ҳазор зан маҷрӯҳ, 2100 зан мафқуд ва беш аз ним миллион аз занон овора шудаанд.

Дар ин баёния ҳамчунин тасреҳ шуда, ки ҳудуди 60000 зани бордор дар шароити сахти пизишкӣ, фоқиди муроқибатҳои аввалияи пизишкӣ ҳастанд ва садҳо кӯдак дар асари бомбаборони Исроил аз даст додаанд.

Тибқи ҷадидтарин оморҳои вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин, ҳамалоти Исроил ба Навори Ғазза то кунун ба шаҳодати беш аз 30700 нафар ва маҷрӯҳ шудани беш аз 72 ҳазор нафар мунҷар шуда, ки ағлаби онҳо зан ва кӯдак ҳастанд.

Чаро режими саҳюнитӣ амдан занони Ғаззаро ба шаҳодат мерасонад?

Ааз назари режими ишғолгари саҳюнистӣ як модари фаластинӣ ҳамчун мактаб ва омӯзишгоҳ, фаластинӣ буданро ба фарзандони худ меомӯзад, аз ин рӯ ишғолгарон саъй мекунанд бо ҳамла ба зани фаластинӣ ва тазъифи ӯ, сутуни хонаҳои фаластиниро фурӯ резанд чаро, ки занони фаластинӣ дар канори мардон дар муқовимат нақш дошта ва ба рушд, тавсеа ва болндагии ҷомеа кумак мекунанд.

Ишғолгарон дар талош ҳастанд бо осеб расондан ба зани фаластинӣ, решаҳои ҷомеаро аз байн баранд ва сипас боқимондаи аркони онро муталошӣ созанд. Режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ барои поксозии қавми фаластиниён ва маҳви онҳо аз рӯи замин, ба ҳар қимате талош мекунад то миллати фаластинро решакан ва ҷомеаи фаластиниро вайрон кунад.

ЗанИсроилНавори Ғаззарежими саҳюнитӣФаластинФаластини
Comments (0)
Add Comment