Ҷанги Ғазза ва осебҳои шадиди сиёсӣ ба Амрико

Баъд аз чандин даҳа ҳимояти идомадор, нақши Амрико дар ҷадидтарин ҷанги режими саҳюнистӣ дар Ғазза дорои нишонаҳое аз суқути қудрати ҷаҳонии Амрико аст.

Аз замони пайдоиш, яке аз аҳдофи аслии Исроил ба унвони бозигари мутаҷовиз ва тавсеаталаб ҷалби ҳимоят ва пуштибонии қудратҳои бузурги байналмилалӣ будааст. Бритониё нахустин кишваре буд, ки бо баёнияи билфавр дар соли 1917 ва дар даврони фармонравои худ бар Фаластин ифо кард.

Ин баёния ба теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз ҷомеаҳои яҳудии аврупоӣ барои ҳамла ва искон дар Фаластин, ғасби низомии заминҳои фаластинӣ ва ихроҷи бахши зиёде аз ҷамъияти бумии арабҳо аз рустоҳо, шаҳрҳо ва шаҳракҳо дар соли 1948 муҷаввиз дод.

Дар тӯли ду даҳа баъд, Исроил умдатан ба кишварҳои ғарбӣ монанди Бритониё, Фаронса, Олмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таслиҳот, будҷа ва ҳимояти сиёсӣ такя кард. Ин ҳимоятҳо дар «ҳамлаи сеҷониба» дар соли 1956 идома ёфт. Он ҷанг алайҳи Миср бо мушорикат ва ҳимояти кишварҳои мухталифи ғарбӣ аз Исроил ҳамроҳ буд.

Бо оғози давлати Нексон дар авоили даҳаи 1970 равобит байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил ба таври чашмрасе густариш ёфт ва аз назари стратегӣ амиқтар шуд. Баъд аз пирӯзии Исроил бар артишҳои чандин кишвари арабӣ дар соли 1967 ҳимоятҳои низомӣ ва иқтисодии Амрико аз Исроил ба шакли қобили таваҷҷуҳе афзоиш пайдо кард.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳадафи таъмини аҳдофи геополотикии худ дар минтақаи ғарби Исроил талош кард Исроилро ба як қудрати минтақаӣ табдил кунад. Аммо баъд аз чандин даҳа ҳимояти идомадор, нақши Амрико дар ҷадидтарин ҷанги Исроил дар Ғазза дорои нишонаҳое аз суқути қудрати ҷаҳонии Амрико аст.

Ҳимояти кӯркӯрона

Дар тӯли ним қарни гузашта нақши ҳимоятии Амрико аз Исроил аз як ҳомӣ ва муҳофиз ба самти як шарики роҳбурдӣ ва стратегӣ ҳаракат кардааст. Амрико дар ҳоли ҳозир аслитарин таъминкунандаи таҷҳизоти низомӣ ва кумакҳои иқтисодӣ барои Исроил аст ва илова бар он, барои сиёсатҳои Исроил пӯшиши сиёсӣ фароҳам мекунад: Амрико аз соли 1973 токунун қариби 50 бор аз ҳаққи ветои худ барои муҳофизат аз Исроил дар Шӯрои амният истифода кардааст.

Аз замони раёсатҷумҳурии Ричард Нексон, президентҳои Амрико дар даврони ҳузури худ дар Кохи сафед дастикам як қатъномаи Шӯрои амниятро ба нафъи Исроил вето кардааст. Илова бар ин, Исроил аз соли 1971 беш аз 260 миллиард доллар кумаки иқтисодӣ аз давлати Амрико дарёфт карда ва ин рақамро, маблағҳое, ки ниҳодҳо ва созмонҳои хусусии амрикоӣ ба Исроил кумак мекунанд, шомил намешавад.

Аз замони амалиёти Тӯфони Ақсо дар 7-и октябр ба ин сӯ, Амрико ҳимоятҳои кӯркӯронаи худро аз Исроил идома додааст. ин ҳамлаҳо токунун ба шаҳодати беш аз 30 ҳазор нафар, ки аксари онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд, сабаб шудааст.

Илова бар ин, расонаҳо ва сиёсатмадорони амрикоиӣ, аз ҷумла Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дурӯғҳои тарафҳои исроилиро бидуни ҳеҷ мадраке бовар карда ва такрор кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар се даҳаи гузашта Амрико талош карда дар даргириҳо миёни исроилиҳо ва фаластиниҳо худашро ба унвони як «миёнарави ростгӯ» , ки ба думболи эҷоди созиши сиёсӣ миёни тарафҳо аст, муаррифӣ кунад. Аммо акнун дар ҷанги Ғазза барои аксари нозирҳо ва афкори умумӣ мушаххас шудааст, ки Амрико комилан ба думболи ғасби заминҳои фаластинӣ ва ҳамчунин маҳрум кардани фаластиниҳо аз тамоми ҳақҳои машруи худ аст.

Амрико ва муттаҳидони сиёсии ин кишвар аз рӯи амд шароитеро, ки боиси вуқуи амалиёти Тӯфони Ақсо шударо нодида гирифтаанд.

Аз замоне, ки кобинаи ростгарои ифротии Исроил ба раёсати Бенёмин Нетаняҳу рӯи кор омад, ба шакли ошкор эълон кард, ки фаластиниҳо бояд аз миёни се гузина, якеро интихоб кунанд: пазириши низоми опортоидии Исроил, тарки сарзамин ё кушта шудан.

Дар соли 2023, шарикони ифротгарои Нетаняҳу дар кобина, яъне Бени Гуйер ва Базаел Смутрич барои иҷрои барномаҳои ифротияшон дар Каронаи Бохтарӣ қудрат пайдо карданд. Барномаи Смутрич, ки дар изҳороти ҷанҷолӣ гуфта буд фаластиниҳо вуҷуд надоранд, шитоб дар шаҳраксозиҳо дар Каронаи Бохтарӣ ва афзоиши шумораи шаҳракнишинҳо дар заминҳои ишғолӣ ба як миллион нафар буд.

Шаҳракнишинҳои ифротӣ ҳамлаҳояшон ба Масҷидулақсоро афзоиш доданд ва таҳдид карданд, ки қонунҳои сахтгиронатаре барои зиёрати фаластиниҳо эҷод хоҳанд кард. Дар се ҳафта пеш аз амалиёти Тӯфони Ақсо ҳамлаҳои нерӯҳои амниятии Исроил ба Масҷидулақсо ба як иттифоқи рӯзона табдил шуда буд.

Амрико чашми худро ба рӯи тамомии ин иқдомоти таҳрикомез баст ва фақат ба ҳимояти лафзӣ аз як тарҳи муҳими дудавлатӣ пардохт. Танҳо тавофуқе, ки Амрико ба шакли воқеӣ пайгири он буд, ҳадия додани созиш миёни Телавив ва Риёз ба кобинаи Нетаняҳу буд.

Дар чунин шароите ҷунбиши муқовимати Фаластин чорае ҷуз амалиёти 7-и октябр дар пеш рӯ намедид. Онҳо ҳадафи худ аз ин амалиётро поён додан ба беҳурматиҳо ба Масҷидулақсо, мутаваққиф кардан ҳамлаҳои низомии нерӯҳои Исроил ба Каронаи Бохтарӣ, озод кардани зиндониёни фаластинӣ ва рафъи муҳосираи Ғазза эълон карданд.

Зарбаи ниҳоӣ

Ҳамлаи ғофилгиронаи фаластиниҳо афсонаи шикастнопазир будани артиши Исроил ва бартарии сервисҳои иттилоотии ин режимро дарҳам шикаст. Ин амалиёт илова бар ин, табақаи ҳокимони сиёсӣ ва низомии Исроилро дучори зилзилаҳои амиқ карда ва сокинони заминҳои ишғолиро дар ваҳшати амиқ фурӯ бурд.

Ҳимоятҳои Амрико аз Исроил дар ин ҷанг акнун тамомии тасовир ва чаҳрае, ки Вашингтон бо ҳазина кардани миллиардҳо доллар барномаи сиёсаии умумӣ талош карда буд аз ин кишвар ба унвони мудофеи арзишҳои ҳуқуқи башар, нидодиҳандаи озодӣ ва тарафдори сулҳ ва зиндагӣ сохта будро нақши бар об кардааст.

Ҳамлаҳо ва бомбаборонҳои ваҳшатноку пай дар пайи Исроил дар Ғазза, хашми миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон, ба вижа дар ҷаҳони араб ва Ислом барангехт ва ҳимоятҳои дурӯғини Амрико ва кишварҳои ғарбӣ аз арзишҳоеро, ки иддао мешавад зербиноҳои назми ҷаҳонии ғарбмеҳвар ҳастанд бармало кардааст.

Дар чунин шароит бисёре аз таҳлилгарон мӯътақиданд, ки ҳимояти комили Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз наслкушии Исроил дар Ғазза метавонад зарбаи ниҳоиро ба назми ҷаҳонии таҳти раҳбарии Амрико ворид кунад. Илова бар ин, ҳимоятҳои Амрико аз Исроил манобеи ин кишварро бо чолишҳои бисёр ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад кард ва тавоноии Вашингтон барои ҳимоят аз Украина дар баробари Русия ё ҷилавгирӣ аз рушди Чин дар шарқу ҷануби шарқи Осиёро маҳдуд хоҳад кард.

АмриковетоИсроилМасҷидулақсоРежими саҳюнистӣТӯфони АқсоФаластинҲамосШӯрои амният
Comments (0)
Add Comment