Амрико ва Исроил дар ҳоли хариди замон ва идомаи ҷанг ҳастанд

Усома Ҳамдон, намояндаи ҷунбиши исломии Ҳамос дар мусоҳибаи телевизионӣ бо Ал-Маёдин гуфт: амрикоиҳо ва исроилиҳо ба думболи оташбаси муваққат ва мухолифи таваққуфи ҷанг дар Ғазза ҳастанд.

Усома Ҳамдон, аз раҳбарони фаластинии ҷунбиши исломии Ҳамос дар гуфтугӯи телевизионӣ бо шабакаи хабарии Ал-Маёдин эълом кард, ки бидуни тардид ҳар музокирае, ки ба ҳадафи худ нарасад, идома нахоҳад ёфт ва режими ғосиби Исроил мехоҳанд буҳрони инсониро ташдид кунанд.

Вай афзуд: ин монеъ аз рӯзи аввал, ки пешниҳоди «Париж 1» ироа шуд вуҷуд дошт ва мо воқеъ бинона бо он бархурд кардем.

Усома Ҳамдон, тасреҳ кард, ки аз рӯзи аввал мушаххас буд, ки тамоми хостаи амрикоиҳо ва исроилиҳо «оташбаси муваққат» буда ва бо таваққуфи доимии ҷанг мухолифат карданд.

Намояндаи ҷунбиши исломии Ҳамос дар Лубнон таъкид кард, ки амрикоиҳо ва исроилиҳо дар ҳоли мановр додан ва хариди замон ҳастанд.

Усома Ҳамдон, намояндаи ҷунбиши исломии Ҳамос гуфт: мавзеи мо аз ибтидо мушаххас буд, ки ҳар иттилое дар мавриди усаро баҳое дорад ва мо хоҳони як тавофуқи мактуб ҳастем ва камтар аз онро намепазирем.

Усома Ҳамдон, хотирнишон кард, ки агар посухи равшане вуҷуд надошта бошад, наметавон ба чархиш дар як даври ботил идома дод.

Созмони Милал: Исроил намехоҳад кумаке ба Ғазза бирасад

Дар ҳамин робита гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар ҳуқуқи тағзия бомдоди чаҳоршанбе гуфт, ки режими саҳюнистӣ омидона корвонҳои ҳомили кумак ба Навори Ғаззаро ҳадаф мегирад.

“Майкл Фахрӣ”, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар ҳуқуқи тағзия бомдоди чаҳоршанбе гуфт, ки режими саҳюнистӣ омдона корвонҳои ҳомили кумак ба Навори Ғаззаро ҳадаф мегирад.

“Майкл Фахрӣ” дар мусоҳиба бо шабакаи «Алҷазира» тавзеҳ дод: «намедонем чаро Вашингтон кумакҳоро аз тариқи ҳаво, бо вуҷуди ҳарҷумарҷе, ки эҷод мекунад, ба Навори Ғазза меандозад».

Вай бо баёни инки режими саҳюнистӣ дар ҳоли ҷанги гуруснагӣ ва қаҳтии ошкор алайҳи Навори Ғазза аст, изҳор дошт: «возеҳ аст, ки Исроил намехоҳад ҳеҷ кумаке ба ниёзмандони Ғазза бирасад».

Ин мақоми Созмони Милали Муттаҳид изофа кард: «ба далели нодидагирифтани тасмимоти девони байналмилалии додгустарӣ тавассути Исроил, бояд таҳримҳо алайҳи он эъмол шавад».

Бомдоди сешанбе буд, ки дафтари расонаӣ давлати Ғазза эълом кард, ки низомиёни режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба рӯи фаластиниҳое, ки барои дарёфти ғизо омада буданд, оташ гушӯданд.

Пеш аз ин низ ҳамлаи тонкҳои режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба мардуме, ки мунтазири дарёфти кумакҳои башардӯстона дар майдони «Ноблус» дар хиёбони Рашид дар Ғазза буданд, 122 шаҳид ва ҳадди ақал 800 захмӣ дар пай доштааст.

Сухангӯи UNRWA низ дар Ғазза эълом кард, аксари сокинини Ғазза дучори осебҳои равонӣ шудаанд

Мушовири расонаӣ UNRWA дар Навори Ғазза бомдоди панҷшанбе гуфт, ки аз изҳороти дар бораи кушоиши гузаргоҳи дарёӣ барои кумак ба Ғазза мутаҳайир шудаанд.

Аднон Абу Ҳасна, мушовири расонаии UNRWA дар Навори Ғазза бомдоди панҷшанбе дар бораи осеби равонии аксари сокинони ин борика ҳушдор дод.

Аднон Абу Ҳасна, дар мусоҳиба бо шабакаи «Алҷазира» гуфт, ки аз изҳорот дар бораи кушоиши гузаргоҳи дарёӣ барои кумак ба Ғазза, бо вуҷуди гузаргоҳҳои заминӣ ва мумониати режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ аз расидани кумак, мутаҳайир шудаанд.

Вай дар идома тавзеҳ дод: «исроилиҳо мӯътақиданд, ки ҳазфи UNRWA аз Ғазза, мушкили паноҳҷуёни фаластиниро аз байн мебарад».

Ин мақоми UNRWA ҳамчунин афзуд: «аксари мардуми Навори Ғазза аз осебҳои равонӣ ранҷ мебаранд».

Гуфтнӣ аст, ки гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин ҳафтуми октябр 2023, амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, 24 ноябр 2023, миёни Исроил ва муқовимати исломии Ҳамос оташ баси муваққати чаҳор рӯза ё ҳамон вақфае барои табодули асирон миёни муқовимати исломии Ҳамос ва режими ҷинояткори Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанг, ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа аввали декабри 2023, оташбаси муваққат ба поён расид ва режими палид ва ҷинояткори Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро аз саргирифт. Ин режими кӯдаккуш барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

UNRWAАл-МаёдинАмрикоАмрикову ИсроилҒаззаИсроилНавори ҒаззаТӯфони Ал-АқсоУсома ҲамдонФаластин
Comments (0)
Add Comment