Идомаи ҷиноёт ва куштори занону кӯдакон тавассути режими саҳюнисӣ дар Ғазза

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин эълом кард, ки ишғолгарони саҳюнисӣ тайи 24 соати ахир, муртакиби 10 ҷинояти ҷадид шудаанд, ки тайи он беш аз 200 нафар шаҳид ва захмӣ шуданд.

Бо гузашти 149 рӯз аз ҷанги Ғазза, шумори шуҳадои ин ҷанг ба 30320 нафар ва шумори маҷрӯҳон ба 71533 нафар расид. Ин бахши дигаре аз баёнияи имрӯзи вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза аст.

Бар асоси ин гузориш, ишғолгарони саҳюнисӣ тайи 24 соати ахир мӯҷиби шаҳодати 92 нафари дигар ва маҷрӯҳияти 156 нафар шуданд, ки бештари онҳо зан ва кӯдаканд. Ҳанӯз шумори зиёде аз қурбониён дар зери овор ҳастанд ва ба далели мумониати ишғолгарони саҳюнисӣ, имкони расондани бисёре аз маҷрӯҳон ба бемористонҳои нима фаъол дар Ғазза вуҷуд надорад.

Артиши режими палид ва ҷинояткори Исроил, ки аз ҳафтуми октябри гузашта ҳамалоти вайронкунандаеро ба Навори Ғазза оғоз карда токунун илова ба шаҳодат расондани ҳазорон нафар, зерсохтҳои дармонӣ ва омӯзишӣ ва ибодатгоҳҳоро нобуд кардааст. Ағлаби манотиқи Навори Ғазза дар ҳоли ҳозир таҳти муҳосира қарор доранд ва мардуми Ғазза, ки ба думболи вайронии хонаҳояшон дар чодарҳо ва бархе паноҳгоҳҳои нима хароб зиндагӣ доранд, ниёзи шадид ба ғизо ва ниёзҳоши пизишкӣ доранд.

Созмони Милал низ дар бораи вазъияти қаҳтӣ ва гуруснагии мардум бавижа дар шимоли Ғазза ҳушдор медиҳад ва эълом кард, ки бо вуҷуди онки мизони вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза дар муқоиса бо моҳи январ 50 дарсад коҳиш ёфтааст, режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил иҷозаи вуруди кумакҳо ба хусус ба бахши шимолии Ғаззаро намедиҳад.

Созмони пизишкони бидуни марз занги хатарро дар бораи Ғазза ба садо даровард

Дар ҳамин робита Созмони пизишкони бидуни марз эълом кард, ки агар сокинони Ғазза аз бомбаборонҳои режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ҷони солим ба дар бибаранд, боз ҳам аз набуди ғизо ва об ранҷ мекашанд ва ба далели камбуди хадамот ва муроқибатҳои пизишкӣ ба шаҳодат мерасанд.

Ин Созмон баён кард, ки дар Ғазза абъоди башарӣ ба сурати сареҳ нодида гирифта шуда ва кумакҳо ба ин борика андак аст ва ин мавзӯъ амри бисёр ҳавлнок ва тарснок аст.

Ҳамчунин Созмони пизишкони бидуни марз таъкид кард: ба далели муҳосираи Ғазза аз сӯи режими қотил ва ҷинояткори саҳюнисӣ ва камкории он дар ҳимоят аз кумитаҳои башардӯстонаи эъзомӣ ва ҷилавгирӣ аз дастёбии мардум ба кумакҳо аз сӯи ин режими ғосиб, фароҳамнамудани кумакҳо барои Ғазза ба амри тақрибан ғайримумкин табдил шудааст.

Барҷой мондани даҳҳо шаҳид ва захмӣ дар бомбаборони Навори Ғазза

Ҳамлаҳои ҷангандаҳои артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва тӯпхонаи ин режим алайҳи бахшҳои мухталифи Навори Ғазза тайи соатҳои бомдод ва субҳи дирӯз ҳамчунон идома дошта ва теъдоди зиёде шаҳид ва захмӣ дар миёни фаластиниҳои бегуноҳ барҷой гузоштааст.

Хабарнигори шабакаи Алмаёдин гузориш дод ҷангандаҳои ин режим минтақаи Талул-Заътарро воқеъ дар шимоли Навори Ғазза бомбаборон карданд.

Дар ҷараёни бомбаборони хонаҳои маскунӣ дар Дайрулбалаҳ дасти кам 15 фаластинӣ токунун ба шаҳодат расида ва теъдоди зиёде низ захмӣ шудаанд.

Бомбаборон урдугоҳҳои оворагон ва масҷиди Навори Ғазза

Ҳамчунин ҷангандаҳои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ хонаҳои маскуниро дар минтақаи Ал-Баса воқеъ дар ғарби Дайрулбалаҳ бомбаборон карданд, ки дасти кам ҳафт фаластинӣ дар ҷараёни ин ҳамлаҳо ба шаҳодат расиданд.

Илова бар ин ҳамлаҳои ҳавоӣ, тӯпхонаӣ режими кӯдаккуши саҳюнистӣ низ маҳаллаи Аз-Зайтунро воқеъ дар ҷануби шарқи шаҳри Ғазза, ки яке аз меҳварҳои муҳимми даргирӣ миёни аносири мутаҷовизи саҳюнистӣ ва неруҳои муқовимати Фаластин ба шумор меравад ҳадаф қарор дод.

Хабарнигори шабакаи Алҷазира низ таъкид кард, ки тӯпхонаи артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ бахшҳои ғарбии шаҳри Хон Юнусро воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза ҳадаф қарор дод.

Дар ҳамин робита хабарнигори шабакаи фаластинии Ал-Явм низ гузориш дод, ки ҷангандаҳои режими ғосиби саҳюнистӣ ба сурати густурда ва ваҳшёна маҳаллаҳои таҷаммӯъи шаҳрвандони Фаластиниро дар маркази Навори Ғазза бомбаборон мекунанд.

Урдугоҳи Ҷиболиё дар шимоли Навори Ғазза низ шоҳиди ҳамлаҳои густурдаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ будааст.

Дар ҳамин росто бомдоди дирӯз масҷиди Ал-Бухортӣ воқеъ дар Дайрулбалаҳ дар маркази Навори Ғазза низ ҳадафи бомбаборонҳои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни бомбаборони хонаҳои маскунӣ дар урдугоҳи Ҷиболиё теъдоде аз шаҳрвандони фаластинӣ ба шаҳодат расида ва теъдоде низ захмӣ шуданд. Урдугоҳи оворагони фаластинӣ дар Ал-Насирот воқеъ дар маркази Навори Ғазза низ шоҳиди ҳамлаҳои ҷангандаҳои режими ҷинояткори саҳюнистӣ будааст.

Фаластиниҳо дар ҳоли ҷон додан бар асари гуруснагӣ ҳастанд

Аз сӯи дигар сухангӯи Вазорати беҳдошти Навори Ғазза дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира тасреҳ кард: ишғолгарони саҳюнист як ҷанги ҷадид алайҳи сокинони Навори Ғазза ба номи ҷанги гуруснагӣ роҳ андохтаанд.

Вай афзуд: теъдоди шаҳрвандони фаластиние, ки дар асари гуруснагӣ ҷони худро аз даст медиҳанд дар ҳоли афзоиш аст. Кӯдакони Фаластин бахши қобили таваҷҷуҳе аз ин шаҳидонро ташкил медиҳанд.

Ин масъули фаластинӣ иловаа кард: кӯдаконе, ки дар бахши муроқибатҳои вижа бистарӣ ҳастанд, дар маърази марг бар асари гуруснагӣ қарор доранд.

Вай баён кард: ишғолгарони саҳюнист монеи фаъолияти тамоми ниҳодҳои башардӯстона ва ирсоли кумакҳои инсонӣ ба Навори Ғазза мешаванд. Системаи беҳдоштӣ дар шимоли Навори Ғазза ба вижа баъд аз таваққуфи фаъолияти бемористони Камол удвон ба сурат комил фалаҷ шудааст.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Навори Ғазза тасреҳ кард: режими саҳюнистӣ ба сурати тааммудӣ ва ҳадафманд монеи вуруди кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза мешавад, то дар масири наслкушии сокинони ин минтақа ҳаракат кунад.

Гуфтнӣ аст, ки гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин ҳафтуми октябр 2023, амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, 24 ноябр 2023, миёни Исроил ва муқовимати исломии Ҳамос оташ баси муваққати чаҳор рӯза ё ҳамон вақфае барои табодули асирон миёни муқовимати исломии Ҳамос ва режими ҷинояткори Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанг, ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа аввали декабри 2023, оташбаси муваққат ба поён расид ва режими палид ва ҷинояткори Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро аз саргирифт. Ин режими кӯдаккуш барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Ғаззадар ҒаззаИсроилНавори ҒаззаРежими саҳюнистӣрежими ҷинояткори саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment