Шаҳодати беш аз 30 ҳазор нафар – ҷанги кӯдакон бо гуруснагӣ дар Фаластин

Бар асоси тозатарин омор, теъдоди шаҳидон дар Фаластин аз 30 ҳазор нафар ҳам фаротар рафта ва вазъияти инсонӣ вахим гузориш шудааст.

Бар ҷой мондани даҳҳо шаҳид ва захмӣ дар даври ҷадиди ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии режими саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза ва шаҳодати кӯдакони Фаластин дар ин борика бар асари қаҳтӣ ва гуруснагӣ аз ҷадидтарин ахбори Фаластин аст.

Дар ҳоле, ки бомбаборони бахшҳои мухталифи Навори Ғазза ва ҳамлаҳои тӯпхонаии режими саҳюнистӣ алайҳи ин борика даҳҳо шаҳид ва захмӣ бар ҷой гузоштааст авзои инсонӣ дар Навори Ғазза дар сояи густариши қаҳтӣ дар ин борика ташдид шудааст.

 Оғози муҷаддади ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии ишғолгарон алайҳи Навори Ғазза

Хабарнигори шабакаи Алмаёдин гузориш дод, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаии артиши режими саҳюнистӣ алайҳи бахшҳои мухталифи Навори Ғазза тайи рӯзҳои охир ҳамчунон идома доштааст.

Гузоришҳои расонаӣ ҳокӣ аз он аст, ки инфиҷорҳои густардаи бахшҳои ҷанубӣ шаҳри Хон Юнусро воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза ба шиддат ларзондааст.

Хабарнигори Алҷазира гузориш дод, ки дар ҷараёни бомбаборони майдони Ноблус, воқеъ дар шимоли Навори Ғазза даҳҳо шаҳид ва захмӣ бар ҷой мондаанд.

Тӯпхонаи режими саҳюнистӣ низ атрофи минтақаи Суфоро, воқеъ дар шимоли шарқи Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор дод. Теъдоди шаҳидони фаластинӣ аз 30 ҳазор нафар фаротар рафтааст.

Шаҳодати кӯдакони фаластинӣ ба далели қаҳтӣ ва сӯи тағзия

Ин дар ҳоле аст, ки авзои беҳдоштӣ ва инсонии сокинони Навори Ғазза дар сояи идомаи ҳамлаҳои ҳамаҷонибаи артиши режими саҳюнистӣ алайҳи ин борика ва муҳосираи он ҳар рӯз вахимтар мешавад.

Манобеи пизишкӣ эълон кардаанд, ки фаъолияти бемористони Камол Удвон дар Навори Ғазза ба далели идомаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба сурати комил мутаваққиф шудааст.

Ин манобеи пизишкӣ тасреҳ карданд, ки ба думболи сӯи тағзия ва набуди маводи ғизоӣ дар ин бемористон дастикам ҳафт кӯдаки фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.

 Фаластиниҳо дар ҳоли ҷон додан бар асари гуруснагӣ ҳастанд

Аз сӯи дигар сухангӯи Вазорати беҳдошти Навори Ғазза дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира тасреҳ кард: ишғолгарони саҳюнист як ҷанги ҷадид алайҳи сокинони Навори Ғазза ба номи ҷанги гуруснагӣ роҳ андохтаанд.

Вай афзуд: теъдоди шаҳрвандони фаластиние, ки дар асари гуруснагӣ ҷони худро аз даст медиҳанд дар ҳоли афзоиш аст. Кӯдакони Фаластин бахши қобили таваҷҷуҳе аз ин шаҳидонро ташкил медиҳанд.

Ин масъули фаластинӣ иловаа кард: кӯдаконе, ки дар бахши муроқибатҳои вижа бистарӣ ҳастанд, дар маърази марг бар асари гуруснагӣ қарор доранд.

Вай баён кард: ишғолгарони саҳюнист монеи фаъолияти тамоми ниҳодҳои башардӯстона ва ирсоли кумакҳои инсонӣ ба Навори Ғазза мешаванд. Системаи беҳдоштӣ дар шимоли Навори Ғазза ба вижа баъд аз таваққуфи фаъолияти бемористони Камол удвон ба сурат комил фалаҷ шудааст.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Навори Ғазза тасреҳ кард: режими саҳюнистӣ ба сурати тааммудӣ ва ҳадафманд монеи вуруди кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза мешавад, то дар масири наслкушии сокинони ин минтақа ҳаракат кунад.

 Теъдоди шаҳидони фаластинӣ аз 30 ҳазор тан фаротар рафт

Дар ҳамин бора Вазорати беҳдошти Навори Ғазза дар охирин изҳороти ва оморҳо, ҷадидтарин омори шаҳидон ва захмиҳоро дар ин борика эълон кард.

Бар асоси ин гузориш, Вазорати беҳдошти Навори Ғазза таъкид кард, ки омори шаҳидони ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза аз адади 30 ҳазор тан фаротар рафтааст.

Ашраф Қудра, сухангӯи ин вазоратхона тасреҳ кард: баъд аз онки шаби гузашта 79 шаҳиди шаҳрванди Фаластин, ки аксари онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд ба бемористонҳои Навори Ғазза мунтақил шуданд, теъдоди шаҳидони ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ алайҳи ин борика аз таърихи ҳафти октябр токунун аз рақами 30 ҳазор тан фаротар рафт.

 Шаҳодати ҷавони фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист

Аз сӯи дигар аносири артиши режими саҳюнистӣ бори дигар бомдоди рӯзи гузашта ба бахшҳои мухталифи Каронаи Бохтарӣ ҳамла карданд.

Хабарнигори шабакаи Алмаёдин гузориш дод, ки низомиёни саҳюнист ба шаҳри Бирра, воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ юриш бурданд.

Минтақаи Байт Фаврик, воқеъ дар шарқи Ноблус низ шоҳиди ин ҳамлаи аносири артиши режими саҳюнистӣ будааст.

Дар ҷараёни ҳамлаи ин низомиёни ишғолгар ба минтақаи Байт Фаврик ва даргирӣ бо сокинони ин минтақа як ҷавони фаластинӣ бо зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расид.

Минтақаи Банӣ Наим, воқеъ дар шарқи Алхалил низ шоҳиди ҳамлаи ваҳшиёнаи низомиёни саҳюнист будааст.

Хабарнигори шабакаи Алҷазира низ гузориш дод, ки ишғолгарони саҳюнист ба минтақаи Ал-Лабни ғарбӣ, воқеъ дар шимоли ғарби Ромуллоҳ ҳамла карданд.

Урдугоҳ Ҷелзун, воқеъ дар шимоли Ромуллоҳ низ ҷузви минтақаҳое буд, ки ин низомиёни мутаҷовиз ба он ҳамла карданд.

 Амалиёти размандагони фаластинӣ алайҳи низомиёни саҳюнист дар Тӯлкарам

Нерӯҳои муқовимат ва мустақар дар Каронаи Бохтарӣ тайи як амалиёт аносири артиши режими саҳюнистиро ҳадаф қарор доданд.

Бар асоси ин гузориш, гурдони Тӯлкарам эълон кард, ки размандагони Фаластин як инфиҷори қудратманд ва дақиқ аз роҳи дӯр алайҳи маҳаллаи таҷаммӯи аносири пиёданизоми режими саҳюнистӣ дар ин минтақа анҷом додаанд.

Манобеи майдонӣ дар Каронаи Бохтарӣ эълон карданд, ки размандагони фаластинӣ аносири саҳюнистро дар урдугоҳи Блота, воқеъ дар шарқи Ноблус бо шиллики густардаи гулӯла ва партоби норинҷак ҳадаф қарор додаанд.

Ҳамлаи ваҳшиёна ба саффи кумакҳои башардӯстона

Ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба саффи фаластиниҳои мунтазири дарёфти кумакҳои башардӯстона дар Навори Ғазза даҳҳо шаҳид ва захмӣ бар ҷой гузошт.

Бар асоси гузориши Алмаёдин, артиши режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ҳамла ба шаҳрвандони бегуноҳи Фаластин, ки дар саффи дарёфти кумакҳои башардӯстона дар хиёбони Рашид интизори мекашиданд даҳҳо тан аз онҳоро ба шаҳодат расонд.

Бар асоси ин гузориш, ҷинояти ҷадиди артиши режими саҳюнистӣ дар майдони Ноблус дар Навори Ғазза токунун даҳҳо шаҳид ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Комюнҳое, ки кумакҳои башардӯстона ба ин минтақа мунтақил карда буданд, инак ба далели теъдоди болои шаҳидон ва захмиҳо табдил ба василае барои интиқоли пайкарҳои ин шаҳрвандони мазлуми фаластинӣ шудаанд.

Ин нахустин боре нест, ки артиши режими саҳюнистӣ дар иқдоми ваҳшиёна комюнҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона ва ё саффи мунтазирони дарёфти ин кумакҳоро дар Навори Ғазза бомбаборон мекунад.

ҒаззаКаронаи Бохтарӣкӯдакони ФаластинМуқовиматРежими саҳюнистӣсаҳюнистФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment