Дархости ПМТ аз Тоҷикистон барои хуруҷ аз созмони зери назари Русия

Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) , як созмони мухолифин дар хориҷи кишвар аз иқдоми Арманистон дар робита ба хориҷ шуданаш аз созмони зери назари Русия истиқбол кардааст.

Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) , як созмони мухолифин дар хориҷи кишвар аз иқдоми Арманистон дар робита ба хориҷ шуданаш аз созмони зери назари Русия истиқбол кардааст.

ба гузориши манюаъ: 

Ин созмон аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то замоне, ки мақомоти рус ба истиқлоли кишварҳои минтақа эҳтиром намегузоранд, узвияташ дар СПАД ва дигар созмонҳои зери таъсири Русияро бозбинӣ кунад.

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон рӯзи 22-юми феврал дар суҳбат бо хабаргузории “France 24” гуфта буд, ки ҳукумати ин кишвар узвият дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД)-ро бозмедорад.

Созмони мухолифини тоҷик тасмими Арманистонро “сазовори як давлат ва миллати мустақилу соҳибкаромат” номидааст.

“Паймони миллии Тоҷикистон” дар изҳороти худ инчунин гуфтааст, ки СПАД дар ҳеч маврид ба манфиати кишварҳои узв амал накардааст ва кишварҳои минтақа низ дер ё зуд ба ин натиҷа хоҳанд расид.

Ба навиштаи ПМТ, созмонҳои низомии зери назари Русия ба як “василаи саркӯб кардани миллатҳо ва ҳимояи роҳбарони худкомаву фосид” амал мекунанд.

Дар изҳороти ПМТ таъкид шудааст:

“Тоҷикистон наметавонад узви созмоне бошад, ки кишвари дигари узв, яъне Русия, ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро шомили руйхати пайгарди худ кунад, бидуни ин ки ин одамон қонунеро дар ин кишвар поймол карда бошанд. Даҳҳо шаҳрвандони тоҷиктабори худро бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба зиндон бифиристад ва аз онҳо ҳимоят накунад. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро таҳти фишор ба ҷанги Украина бифиристад ва даҳҳо ҳазор муҳоҷири кишвари “шарик”-и худро бидуни ҳеч далел депорт кунад”.

Никол Пашинян ҳангоми эълони қатъи робита бо СПАД ин созмон ва Русияро барои беамалӣ дар муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ айбдор карда буд. Соли гузашта пас аз як ҷанги кутоҳ Қарабоғи Кӯҳи таҳти назорати Озарбойҷон даромад ва ҳазорон армании муқими ин минтақа ба Арманистон фирор карданд.

“Паймони миллии Тоҷикистон”, ки соли 2018 бо ибтикори Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ва чанд созмони дигари мухолифони тоҷик дар Варшава таъсис ёфт, тасмими хориҷ шудани Арманистон аз СПАД-ро мантиқӣ донистааст.

Моҳи ноябри соли 2023 Пашиниян аз ширкат дар нишасти СПАД дар Минск худдорӣ карда буд. Он замон ӯ гуфта буд, ки узвияташ дар ин созмонро бозбинӣ мекунад, чун СПАД ҳамчун шарик ба Арманистон силоҳу муҳимоти ҷангӣ дода наметавонад. Дар охири моҳи феврал ӯ эълон кард, ки ҳамкорӣ бо ин созмонро қатъ кардаанд.

СПАД, ҳамчун як созмони низомӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ташкил шуд. Дар ин созмон Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Русия ва Белорусия шомиланд. Узбекистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон, ки дар ибтидо узви СПАД буданд, аз узвият дар он хориҷ шуданд.

Коршиносон СПАД-ро як созмони зери назорати Русия медонанд, ки бештар ба манфиати Маскав амал мекунад.

 

Бо таваҷҷуҳ ба матлаби боло зикри чанд нукта лозим аст:

  • Далоили, ки ПМТ барои хуруҷи Тоҷикистон аз СПАД зикр кардааст мавориди аст, ки ҳар кишвари бояб барои истиқлолияти худ ва ҳамчунин барои ҳимоят аз шаҳрвандони худ ҳатман ин маворидро мавриди таваҷҷуҳ қарор даҳад. Аммо онҳо далоили нестан, ки боиси хуруҷи ҳар кишвари аз ҷумла боиси хуруҷи Тоҷикистон аз Созмони муҳим ва муассири монанди СПАД шавад. СПАД барои кишарҳои узв аз ҷумла барои Тоҷикистон бисёр муҳим ва муфид будааст мисли дахолат дар ҳалли масалаи даргириҳои марзи байни Тоҷикистон ва Қирқизистон ва ҳамчунин тақвияти нируҳои марзии Тоҷикистон барои дифоъ ва муқобила бо хатарори ҷидди аз суи гуруҳҳои дииш ва ғайра аз суи марзи Афғонистон ва мавори мухталифи дигар.
  • Аммо масалаи дигар ин, ки коршиносони сиёсӣ хуруҷи Арманистон аз СПАД ро иштибоҳи сиёсӣ донитаанд ва ин масаларо дахолати кишварҳои Ғарбӣ ва ё дақиқтар ин, ки фариб додани Арманистон аз суи Ғарб донистаанд.
  • Аммо масалаи дигар ин, ки ташвиқи кишварҳо барои дури ва ё қатъи робита бо Русия нақшаи кишварҳои Ғарбист дар ростои муборизаи худ алаҳи Русия, ки набояд кишварҳои дигар аз ҷумла Тоҷикистон фариби бозиҳои сиёсии онҳоро бихуранд, ва созмони муҳимми мисли ПМТ набояд фариби кишварҳои Ғарбиро бихуранд ва  дар ростои аҳдофи кишварҳои Ғарбӣ ҳаракат кунанд.

 

ПМТРусияТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment