Субот ва амнияти минтақа меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва СММ

Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи вижаи дабири кул ва раиси маркази минтақаии дипломосии пешгиронаи Созмони Милали Муттаҳид, таъмини субот ва амнияти минтақа баррасӣ шуд.

Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи вижаи дабири кул ва раиси маркази минтақаии дипломосии пешгиронаи Созмони Милали Муттаҳид, таъмини субот ва амнияти минтақа баррасӣ шуд.

Дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Кохо Эминодзе, намояндаи вижаи дабири кул ва раиси маркази минтақаии дипломосии пешгиронаи Созмони Милали Муттаҳид мавзуи таъмини субот ва амнияти минтақаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин дидор, дар мавриди вазъияти феълӣ ва чашмандози ҳамкориҳои чандҷонба байни Тоҷикистон ва маркази минтақаии дипломосии пешгиронаи Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ табодули назар шуд.

Ду тараф нисбат ба тақвият ва густариши таомулоти Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини сулҳу сабот дар минтақа ва ҷаҳон, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои модерн, ҳифзи муҳити зист ва манобеи об ибрози алоқа карданд.

СММСозмони МилалТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment