Ҳушдори Шойгу дар робита ба таҳдидҳо алайҳи СААД

Вазири мудофиаи Русия аз фаъолшавии террористон барои нооромсозии вазъ дар марзҳои ҷанубии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳушдор додаст.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Сергей Шаойгу, вазири дифои Русия зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи ниҳоди тобеяш ҳушдор дод, ҳадафи ДИИШ* дар самти стратегии Осиёи Марказӣ паҳн кардани идеологияи радикалӣ ва фаъолиятҳои тахрибкорӣ дар марзҳои ҷанубии СААД аст.

Шойгу афзуд: “Мо чораҳои фаъолро андешида истодаем. Имсол дар Ҳавзаи марказии ҳарбӣ талошҳои асосӣ барои рафъи вазъи бӯҳронӣ дар кишварҳои минтақа ва ширкат дар ҳафт размоиш дар қаламравҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон равона карда мешаванд”.

Вай таъкид намуд, ки нишондоди муҷаҳҳазсозии ин нерӯҳоро бо техникаи муосиртарин ба 52% хоҳанд расонд.

Вазири дифои Русия гуфт, афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар самти стратегии Осиёи Марказӣ ва интиқоли он аз тариқи ҷумҳуриҳои ин минтақа метавонад ба 20% бирасад.

Шойгу афзуд: “Интизор меравад, тақрибан 20% тавлиди маводи мухаддир ва мутаносибан қочоқи маводи мухаддир тавассути ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёбад”.

Вазири дифои Русия ҳамчунин таъкид намуд, ки созмонҳои ғайриҳукуматии ғарбгаро дар пасманзари амалиёти вижа барои барҳам задани ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои минтақа дар Осиёи Марказӣ фаъолтар шуданд.

Вай гуфт: “Дар минтақа беш аз 100 созмони бузурги ғайридавлатии ғарбгаро фаъолият мекунанд, ки беш аз 16 ҳазор намояндагӣ ва филиалҳо доранд. Дар пасманзари амалиёти вижаи низомӣ ин созмонҳои ғайридавлатӣ фаъолиятҳои зидди Русияро ба маротиб афзоиш додаанд”.

Вазири мудофиа ҳадафи созмонҳоро коҳиш додани ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия арзёбӣ намуд.

Осиёи марказӣРусияСААД
Comments (0)
Add Comment