Коршиноси тоҷик: тасмими Арманистон дар бораи боздоштани узвият дар СПАД иштибоҳи сиёсӣ аст

Коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки тасмими Арманистон дар бораи боздоштани узвият дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ СПАД иштибоҳи сиёсӣ аст.

Коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки тасмими Арманистон дар бораи боздоштани узвият дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ СПАД иштибоҳи сиёсӣ аст.

Ба гузориши манбаъ:

Тасмими Арманистон дар бораи боздоштани узвият дар СПАД иштибоҳ аст.

Дар ин бора Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ба РИА “Новости” хабар додааст.

Вай гуф:

“Тасмими Арманистон дар бораи боздоштани узвият дар СПАД пеш аз ҳама иштибоҳи сиёсӣ аст”.

Ба гуфтаи вай, Арманистон солҳои тӯлонӣ узви СПАД буда, имтиёзҳо ва кумакҳои низомию фаннӣ дарёфт мекунад ва ин тасмим бештар аҷиб ба назар мерасад.

Сиёсатшинос афзуд:

“Баромадан аз СПАД тарки худ карданд аст”,- мегӯяд Сафаров.

“Онҳо бояд баргарданд, аммо бо иваз шудани роҳбарияти кишвар – сарвазир ва президент”.

Тавре сарвазири Арманистон Никол Пашинян қаблан гуфта буд, Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар бораи Арманистон иҷро нашуд ва Ереван ширкати он дар ин созмонро мутаваққиф кард.

Ба СПАД шаш кишвар шомиланд: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон.

Вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу дар поёни моҳи май ба аҳамияти ширкати ҷониби Арманистон дар фаъолиятҳои муштараки омодагии амалиётӣ ва ҷангӣ дар чаҳорчӯби СПАД ишора кард.

Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар бораи дурнамои ширкати Арманистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, ки Федератсияи Русия муколамаро бо дӯстони арманӣ, аз ҷумла дар доираи СПАД идома хоҳад дод.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон изҳор дошт, ки созишномаи СПАД дар қазияи Арманистон иҷро нашудааст ва Ереван узвияташ дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро мутаваққиф кардааст. Идомаи матлаб дар … 

 

 

АрманистонСПАДТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment