Ҳазинаи бозсозии Украина 500 миллиард евро аст ва 10 сол тул мекашад

Вазири Украина ҳазинаи бозсозии ин кишварро ҳудуди 500 миллиард евро тахмин зад, ки ба гуфтаи вай ин раванд мумкин аст то 10 сол тул бикашад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Александр Кубаков, вазири зерсохти Украина, ҳазинаи бозсозии ин кишварро ҳудуди 500 миллиард евро тахмин зад, ки ба гуфтаи вай ин раванд мумкин аст то 10 сол тул бикашад.

Александр Кубаков, дар мусоҳиба бо ожонси хабарии DPA Олмон гуфт: «Ман мӯътақидам, ки ҷиддӣ тарин осебҳоро метавон зарфи ду то се сол аз байн бурд. Аммо ба таври куллӣ (фароянди бозсозӣ) байни 5 то 10 сол тул мекашад.»

Дар ҳамин замина, комиссарияи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳндагон гузориш дод, ки беш аз 6 миллион нафар аз оғози даргирӣ аз Украина фирор кардаанд.

Олмон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1.1 миллион шаҳрванди украиниро паноҳ додааст, ки аз соли 2022 вориди ин кишвар шудаанд. Комиссияи Аврупо чанд рӯзи пеш эълом кард, ки ҳазинаи бозсозии Украина тақрибан 452.8 миллиард евро баровард шудааст.

Ҳамчунин пеш аз ин, риёсати Белгия бар шӯрои Иттиҳодияи Аврупо низ эълом кард, ки намояндагони Иттиҳодия бо пешниҳоди комиссияи Аврупо барои истифода аз даромадҳои ҳосил аз дороиҳои масдуд шудаи Русия барои бозсозии Украина мувофиқат кардаанд.

АврупоевроИттиҳодияи АврупоОлмонРусияСозмони Милали МуттаҳидУкраина
Comments (0)
Add Comment