Қатли ом дар Ғазза низоми вайроншудаи ҷаҳонро нишон медиҳад

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа эълом кард, ки қатли ом дар Ғазза бар низоми вайроншуда дар ҷаҳон таъкид дорад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ дар конфронси амниятии Муних гуфт: Ҷанг алайҳи Ғазза нишон медиҳад, ки Геополитикаи ҷаҳонӣ то чи андоза бо низоми ҷаҳоние, ки “барои ҳеҷ кас муассир нест” мутафовит аст.

Гутерриш афзуд: “Вазъият дар Ғазза далели даҳшатноки бунбаст дар равобити ҷаҳонист. Мизони маргумир ва вайронӣ такон диҳанда аст ва ҷанг ҳамчунин аз марзҳои минтақа сироят карда ва бар тиҷорати ҷаҳонӣ таъсир мегузорад.”

Дабири кулли Созмон Милал гуфт, ки амалиёти кумакҳои башардӯстона дигар дар Ғазза пуштибонӣ намешавад ва ба сахтӣ ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Гутерриш таъкид кард: “Фаъолони ҳуқуқи башарӣ таҳти шароити ғайриқобили тасаввуре аз ҷумла тирандозии воқеӣ, мавонеи физикии мутааддид ва ҳамчунин набуди назми умумӣ кор мекунанд.”

Антонио ГутерришҒаззаСММФаластин
Comments (0)
Add Comment