Муқовимат то ихроҷи охирин низомии саҳюнистӣ ба набарди худ идома хоҳад дод

Сухангӯи гурдонҳои Қассом шохаи низомии ҷунбиши исломии Ҳамос тасреҳ кард, ки муқовимат барои панҷумин моҳ  бо ҷанги саҳюнистӣ  амрикоӣ муқобила мекунад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Абу Убайда, сухангӯи гурдонҳои Изуддин Қассом шохаи низомии Ҳамос гуфт: “Тӯфони Ал-Ақсо” ҳаргиз ором нахоҳад гирифт, ин набард барои аз байн бурдани зулм ва таҷовуз аз Масҷидулақсо шакл гирифта ва нуқтаи атфе дар таърихи уммати мо хоҳад буд.

Вай таъкид кард муқовимат барои панҷумин моҳи мутаволӣ бо ҷанги саҳюнистӣ амрикоӣ муқобила мекунад, ин рижимҳо дар баробари миллате, ки дар маърази ҷиноёт ва куштор қарор дорад, оҷиз ва нотавон ҳастанд, ин миллат, шикаст намешиносад.

Сухангӯи Қассом хотир нишон кард “Тӯфони Ал-Ақсо” муодилоти минтақаро тағйир дод ва оғозе барои поёни тӯлонитарин ишғолгарии таърихи муосирро навиштааст.

Вай таъкид кард размандагони мо талафоти бесобиқае ба артиши режими саҳюнистӣ ворид кардаанд, ки дар таърихи миллати мо собиқа надоштааст.

Сухангӯи Қассом гуфт иттилоияҳо ва саҳнаҳое, ки пахш мекунем, танҳо бахше аз он чизе аст, ки размндагони мо дар майдони набард анҷом медиҳанд.

Вай хотир нишон кард размндагони мо ҳамзамон бо амалиёти дигари гурӯҳҳои уммати Ислом дар меҳвари муқовимат, ба амалиёти мунҳасир ба фард ва маргбори худ алайҳи душман идома медиҳанд.

Сухангӯи Қассом гуфт размндагони мо дар тамоми манотиқи набард дар шимол, марказ ва ҷануби Навори Ғазза бо тактикҳои мухталиф ва силоҳҳои муносиб вориди набардҳо мешаванд.

Вай таъкид кард муқовимати мо дар баробари таҷовузоти режими саҳюнистӣ то хурӯҷи охирин низомии саҳюнистӣ аз Навори Ғазза идома хоҳад ёфт.

Сухангӯи Қассом гуфт ҳазорон нафар аз размндагони мо дар манотиқи мухталифи набард дар омодабоши доимӣ ҳастанд, мо ба иддаоҳо ва дурӯғгӯҳои душман дар майдон эътиное намекунем, дар ояндаи наздик ва дӯр, таваҳҳумот ва дурӯғҳои душман исбот хоҳад шуд.

Вай таъкид кард талафот дар байни асирони душман бисёр зиёд аст, мо аз моҳҳои пеш дар ростои таҳаққуқи манофеи миллати худ, талош кардем аз асирон ҳимоят кунем ва ҳамчунон барои он талош мекунем.

Сухангӯи шохаи низомии Ҳамос гуфт даҳҳо бор дар бораи хатароте, ки асирони душман дар маърази он қарор доранд, ҳушдор додем, вале фармондаҳон ва сарони душман ин ҳушдорҳоро нодида гирифтанд.

Вай бо ишора ба иқдоми амдии артиши режими саҳюнистӣ дар куштани асирони худ дар Ғазза афзуд замон дар баробари асирони душман ба шакли бисёр пуршитобе дар ҳоли поён ёфтан аст.
Миллат ва муқовимат ҳамчунон дар сарзамини худ то кушоиш ва пирӯзии қарибулвуқуъ истодагӣ мекунанд.

Вай таъкид кард аҳдофи сиёсие, ки сарони душман талош мекунанд аз тариқи иртикоби ҷиноёт ва куштор муҳаққақ кунанд, мунҷар ба суқути зиллатбор ва кӯбандаи онҳо хоҳад шуд.

Абу УбайдаҒаззаҚассомРежими саҳюнистӣТӯфони Ал-АқсоФаластинҲамосҷунбиши исломии Ҳамос
Comments (0)
Add Comment