Идомаи наслкушии ғайринизомиёни фаластинӣ ба вижа занону кӯдакон дар Ғазза

Фаластиниҳо дар Навори Ғазза, ба шиддат бо хатари наслкушӣ мувоҷеҳ ҳастанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба анҷоми иқдомоти лозим барои ҷилавгирӣ аз наслкушии режими саҳюнистӣ, пойбанд бошад.

Дар шароите, ки саду сӣ рӯз аз ҳамалоти таҷовузкоронаи  ва ваҳшиёнаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғазза зери сояи ҳимоятҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегузарад, ҳавопаймоҳои режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба ҳамалоти ҷудогонаи худ ба манотиқи вайрон шудаи Навори Ғазза идома медиҳанд ва даҳҳо нафарро шаҳид ва захмӣ мекунанд, омори ғамангезе, ки ҳар рӯз такрор мешавад.

Тадовуми иртикоби ҷинояти наслкушӣ бо ҳамон суръати қабл тавассути режими хуношоми саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Ғаззаро мустанад кардааст, ки ҳамчунон ба куштори густурдаи ғайринизомиёни фаластинӣ, нигаҳ доштани онҳо бидуни об, ғизо ва дору, маҳрум кардани онҳо аз содатарин ҳуқуқи инсонии худ ва низ муҳосираи ин мардум идома медиҳад.

Ин ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки давлати нозӣ ва ҷинояткори режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба афкори умумӣ ва ҳатто ҳампаймонони худ, ки бо ин режим созиш кардаанд, таваҷҷуҳе намекунад.

Артиши ишғолгар ба тахриби систематик ва густурдаи манотиқ, маҳаллаҳои маскунӣ, зерсохтҳои ғайринизомӣ ва таъсисоти Навори Ғазза идома медиҳад ва ҳамин масъала боис шуда бахши бештари ин борика амалан ба макони ғайриқобили сукунат табдил шавад.

Режими хуношом ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба ҷои тасҳил дар интиқоли кумакҳои инсонӣ ба Навори Ғазза, ба равишҳои мухталиф аз ҷумла ҳамла ба мошинҳои борӣ ва кумакҳои ҷаҳонии дар ҳоли ҳаракат ба самти шимоли Ғазза ва эҷоди ихтилол дар убури ин мошинҳо аз гузаргоҳи Карам Абусалом, иқдомоти худро барои маҳдуд кардани вуруди онҳо ташдид кардааст. Аз ҳамин рӯй ҳазорон тан аз сокинони шимоли Ғазза дар гуруснагӣ ва камбуди шадиди маводди ғизоӣ ба сар мебаранд ва эҳтимоли густариши қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар ин минтақа бисёр болост.

Ба думболи амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” дар ҳафтуми октябр тавассути ҷунбиши исломии Ҳамос, режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ҷанги вайронгари Ғаззаро ба роҳандохт. Имрӯз (сешанбе) дар саду сивумин рӯз аз ҳамлаи таҷовузкоронаи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Навори Ғазза садҳо шаҳрванд аз ҷумла теъдоди зиёде кӯдак ва зан дар бомбаборон ва ҳамалоти шадиди ишғолгарон, ки манотиқи мухталифи Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғаззаро ҳадаф қарор доданд, шаҳид ва маҷрӯҳ шуданд.

Ин ҷиноятҳо дар ҳоле рух медиҳад, ки дафтари расонаии давлатӣ дар Ғазза рӯзи якшанбе эълом кард артиши ишғолгар 2438 маврид куштор муртакиб шуда ва теъдоди шуҳадо ва мафқудон аз ҳафтуми октябр ба 35 ҳазор ва 176 нафар расидааст.

Дафтари расонаӣ давлатии Ғазза ҳамчунин тавзеҳ дод теъдоди шуҳадое, ки ба бемористонҳо мунтақил шудаанд ба 28 ҳазор ва 176 нафар шомили 12 ҳазор ва 300 кӯдак, 8400 зан, 340 коркуни пизишкӣ, 46 дифои маданӣ ва 124 хабарнигор расидааст. Ин ниҳод хотирнишон кард 7000 нафар мафқуд ҳастанд, ки 70 дарсади онҳо кӯдак ва зан ҳастанд, 67 ҳазор ва 784 нафар низ маҷрӯҳ ҳастанд ва 11 ҳазор маҷрӯҳ барои мудово бояд аз Ғазза хориҷ шаванд.

ҒаззаНавори ҒаззанаслкушӣРежими саҳюнистӣФаластинФаластиниҲамосҷунбиши исломии Ҳамос
Comments (0)
Add Comment