Лукашенко: Беларус ба дунболи ҳамкории роҳбурдӣ бо Эрон аст

Раисҷумҳури Беларус дар паёми табрики ҷашни Инқилоби Эрон ба раисҷумҳӯри ин кишвар, аз тасмими Минск барои густариши ҳамкории роҳбурдӣ бо Теҳрон хабар дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар 45-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон , раисҷумҳури Беларус, Александр Лукашенко рӯзи гузашта дар паёми табрик ба раисҷумҳури Эрон, Сайид Иброҳим Раисӣ таъкид кард, ки Беларус ба дунболи мушорикати роҳбурдӣ бо Теҳрон аст.

Вай дар паёми худ изҳор дошт: “Дар давраи гузашта, мардуми Эрон бар ҳаққи ҳаракат дар масири тавсеа, ки ба таври мустақил интихоб карданд, таъкид доштаанд”.

Лукашенко таъкид кард, ки Беларус ва Эрон бар асоси усули эҳтирому дарки мутақобил, ба таври систематик ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро густариш дода ва ба таври ҳамоҳанг дар мухталифи чандҷониба ҳамкорӣ мекунанд.

Лукашенко бо истиқбол аз узвияти Эрон дар Шанхай гуфт: “Мо аз мушорикати комили кишвари шумо дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва БРИКС ҳимоят мекунем. Интизор дорам, ки тамосҳо байни Минск ва Теҳрон дар ин бистарҳои байналмилалӣ ба талошҳои мо барои барқарории ҳамкории роҳбурдӣ кумак кунад”.

Раисҷумҳури Беларус аз меҳмоннавозии Эрон аз ҳайати Беларусӣ, ки марти 2023 ба Эрон сафар карда буданд, қадрдонӣ карду гуфт: “Бовар дорам, ки тамомии тавофуқоте, ки дар ҷараёни ин сафар ҳосил шуд, ба тарзи муассире иҷро мешавад”.

Лукашенко дар поён аз раисҷумҳури Эрон барои сафар ба Беларус даъват карду гуфт: “Ман аз ин фурсат истифода мекунаму бори дигар аз шумо барои боздид аз Беларус дар як замони муносиб барои гуфтугӯ дар мавриди заминаҳои навидбахши ҳамкорӣ даъват кунам”.

Александр ЛукашенкоБеларусСайид Иброҳим РаисӣЭрон
Comments (0)
Add Comment