Раисӣ: Исроил бояд аз СММ ихроҷ шавад

Раисҷумҳури Эрон: Пешниҳоди мо ихроҷи режими саҳюнистӣ аз Созмони Милали Муттаҳид аст; режиме, ки 400 баёния, созишнома ва мусаввабаи СММ-ро токунун нақз карда, чигуна метавонад ба паймонҳову мусавваботи Созмони Милал пойбанд бошад?

Ба гузориши ТоҷикПресс, Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумуҳри Эрон бо суханронӣ дар маросими 45-уми солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон ин инқилобро натиҷаи талошҳову исоргарӣ ва муқовимати миллати ин кишвар хонду гуфт: Пешниҳоди мо ихроҷи режими саҳюнистӣ аз Созмони Милали Муттаҳид аст; режиме, ки 400 баёния, созишнома ва мусаввабаи СММ-ро токунун нақз карда, чигуна метавонад ба паймонҳову мусавваботи Созмони Милал пойбанд бошад?

Раисҷумуҳри Эрон илова кард, душманони Инқилоби Исломӣ мушкилоти бисёреро эҷод карданд, аммо миллати бедор, замоншинос, бо басирату огоҳи Эрон тавонист мушкилотро пушти сари бигузорад; миллати мо нақшаҳо, фитнаҳо, кудета, таҷзияталабӣ, ҷанги таҳмилӣ, ҷараёни мунофиқон, террорҳову ноамниҳоро шинохт ва бо муқовимат нақшаҳои душманро бекор кард.

 

Раисӣ изҳор дошт: Имрӯза баъд аз даврони ташкили Низоми Исломӣ ва тасбити низом, ва ҳамчунин тавсеаи паёми Инқилоби Исломӣ ва бедорӣ дар минтақа мебинем, ки инқилоб ба пеш мераваду мониеро ба расмият намешиносад. Душман бо ҷанги низомӣ, иқтисодӣ, расонаву равонӣ ва ахиран ҳам ҷанги таркибӣ ба роҳ монд то миллати Эронро мутаваққиф кунад, аммо миллати мо пирӯз шуду душманро ноумед сохт.

Вай дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба рухдодҳои ахири Ғазза ва ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Фаластин, гуфт: Имрӯза масаълаи Фаластин ба масаълаи аввали башарият табдил шудааст. Давлатҳо бидонанд, ки роҳи аз байн рафтани режими саҳюнистӣ ва боздорандагӣ аз ҷиноят, қатъи ҳамаи равобити иқтисодӣ ва муодилот бо режим саҳюнистӣ аст.

Раисҷумҳури Эрон изҳор дошт: Пешниҳоди мо ихроҷи режими саҳюнистӣ аз Созмони Милали Муттаҳид аст; режиме, ки 400 баёния, созишнома ва мусаввабаи СММ-ро токунун нақз карда, чигуна метавонад ба паймонҳову мусавваботи Созмони Милал пойбанд бошад? Яке аз иқдомҳои асосӣ ихроҷи ин режим аз Созмон Милал аст.

Вай дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон парчамдори мубориза бо терроризму дифоъ аз ҳуқуқи инсон аст. Касоне, ки мехоҳанд ғарб, Амрико ва режими саҳюнистиро бишиносанд, ба ҷиноят алайҳи башарият ва ҷиноятҳои бузурги ҷангӣ ва кӯдаккушие, ки алайҳи мардуми Фаластин рух медиҳад, тавваҷуҳ кунанд.

Раисӣ илова кард: Ҳамаи роҳҳо бар мардуми мазлуми Ғазза баста шуда, ин ҷиноят алайҳ башарият нест? Режими Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ мудофеи ин ҷиноятҳо ҳастанд. Онҳо агар ба Худо, виҷдон ва ё ба таърих бовар доранд чигуна посухгӯи ин ҷиноятҳо хоҳанд буд?

Раисӣ унвон кард: Бомбаборонҳо бояд зудтар қатъ шавад, ҷаҳон бидонад, ки режими саҳюнистӣ аз байнрафтанӣ аст ва фақат мехоҳанд замонро бигузаронанд ва ҷуз ин нест, ки марги режими саҳюнистӣ фарорасидааст. Ғарбиҳо бо таҳрим, ҷанги низомӣ ва ғайра талоши бисёре карданд, ки мо аз дифоъ аз Фаластин ва ормонҳои инқилоб даст кашем; ба мо борҳо паём додаанд, ки аз дифоъ аз Фаластин даст бардоред, аммо имрӯз бо гузашти 45 сол аз инқилоб, исбот шуд ҳақ бо Ҷумҳурии Исломӣ, эмом (Хумайнӣ) ва раҳбари мо (Хоманаӣ) аст, ки фармуданд: “Фаластин масъалаи аввали ҷаҳони Ислом аст ва Қудс бояд озод шавад”.

Раисҷумҳури Эрон гуфт: Касоне, ки даъвои озодӣ доранд, ба раъйи фаластинӣ, яманӣ ва миллатҳои худашон эҳтиром намегузоранд дар ҳоле, ки милоки Низоми Исломӣ, раъйи мардум аст.

ҒаззаИброҳим РаисӣИсроилФаластинЭрон
Comments (0)
Add Comment