Мусодираи дороиҳои Афғонистон бераҳмона аст

Сухангӯи ҳукумати Толибон дар вокуниш ба тасмими раисҷумҳури Амрико таъкид кард, мусодираи дороиҳои Афғонистон иқдоми золимона аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар вокуниш ба дастури муҷаддади тавқифи дороиҳои Афғонистон изҳордошт, ин иқдоми бераҳмона зидди ҳамаи усули байналмилалӣ мебошад.

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрикои тайи фармоне, мусодираи дороиҳои мардуми Афғонистонро тамдид кардааст.

Кохи Сефед дар баёнияе ба нақл аз Ҷо Байден эълом кардааст ба далели буҳрони башарӣ дар Афғонистон ва таҳдиди ношӣ аз он, фармони содиршудаи раисҷумҳури Амрико дар 11 феврали 2022 пас аз 11 феврали 2024 низ қобил иҷро аст.

Бар асоси гузоришҳо, кишварҳои хориҷӣ бояд ҳудуди 9 миллиард доллар аз дороиҳои Бонки марказии Афғонистонро озод кунанд то иқтисоди ин кишвар битавонад фаъолият кунад.

Беш аз 70 коршиносу иқтисоддони байналмилалӣ 6 моҳ пеш дар номае аз раисҷумҳури Амрико хостанд то Вашингтон дороиҳои Афғонистонро озод кунад.

Пеш аз ин низ, Гуруҳи байналмилалии буҳрон дар гузорише эълом карда буд: Таҳримҳои Амрико пас аз ба қудрат расидани Толибон, монеи муҳимме барои сармоягузорӣ дар Афғонистон аст.

Бар асоси ин гузориш, ин таҳримҳо фаъолияти бисёре аз ниҳодҳоро низ дар Афғонистон ба таътилӣ кашондааст.

АмрикоАфғонистонТолибон
Comments (0)
Add Comment