Ҳамлаи террористии Амрико ба Бағдод ва шаҳодати “Абубоқир Ас-Соидӣ”

Расонаи ироқии "Собирин Нюз" бомдоди имрӯз панҷшанбе навишт, ки паҳподи "MQ-9 Reaper" барои ҳамла ба Бағдод истифода шуд, ки аз пойгоҳи ишғолгарони амрикоӣ дар "Айнул-Асад" баланд шуда буд.

Расонаи ироқии “Собирин Нюз”, эълом кард, ки созмони террористии амрикоии Сентком бомдоди имрӯз панҷшанбе тайи ҳамлае бо паҳподи “MQ-9 Reaper” ба Бағдод боиси шаҳодати  “Абубоқир Ас-Соидӣ” яке аз фармондаҳони аршади ин гурӯҳ ва Созмони Ҳашдушшаъбӣ шудааст.

Собирин Нюз, бо ироаи ҷузъиёте аз ин амалиёти террористӣ навишт, ки дар ҳамлаи шомгоҳи чаҳоршанбе ба Бағдод аз ҳавопаймои бидуни сарнишин аз навъи “MQ-9 Reaper” истифода шуд.

Собирин Нюз навишт, ки ин паҳподи амрикоӣ аз пойгоҳи “Айнул-Асад” дар шимоли Ироқ баланд шуда буд.

Ин расона ҳамчунин афзуд шаҳид “Абубоқир Ас-Соидӣ” дар замони ҳамлаи террористии Амрико, дар худрав танҳо буд ва ахбори мабнӣ бар шаҳодати ҳамроҳонаш дар ин худрав сиҳат надорад.

Пеш аз ин, манобеи ироқӣ, шомгоҳи чаҳоршанбе аз ҳамлаи паҳподҳоии ношинос ба як худрави ғайринизомӣ дар шарқи Бағдод хабар дода буданд, ки ба думболи он, гузоришҳое аз шаҳодати чанд нафар дар бархе расонаҳо мунташир шуд.

Соати баъд гурӯҳи муқовимати Катоиби Ҳизбуллоҳ дар баёниие таъйид кард, ки “Абубоқир Ас-Соидӣ” аз фармондаҳони аршади ин гурӯҳ ва Созмони Ҳашдушшаъбӣ, дар ин ҳамлаи террористии Амрико ба шаҳодат расидааст.

Ансоруллоҳи Яман: террори шаҳид Абубоқир Ас-Соидӣ, таҷовуз ба тамоми мардуми Ироқ аст

Дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати Ансоруллоҳи Яман бомдоди имрӯз панҷшанбе шаҳодати “Абубоқир Ас-Соидӣ” аз фармондаҳони Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ дар ҳамлаи террористии Амрикоро ба шиддат маҳкум кард.

Ансоруллоҳи Яман дар ин баёния гуфт: «Террори ин фармондеҳи Созмони Ҳашдушшаъбӣ, як таҷовузи ҷинояткоронаи ноҷвонмардона аст, ки дар чорчуби ҳимояти Амрико аз режими саҳюнистӣ сурат мегирад. ҳадаф қарор додани шаҳиди муҷоҳид Абубоқир Ас-Соидӣ таҷовуз ба кулли мардуми Ироқ аст».

Дар ин баёния омадааст: «Таҷовузоти Амрико нишондиҳандаи мизони таъсир ва асарбахшии ҳамалоти муқовимати Ироқ дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар Ғазза аст. Ин таҷовуз, нотавонии Амрико ва Исроил дар таваққуфи ҳамалоти муқовимати исломӣ дар Ироқро нишон медиҳад».

Ансоруллоҳи Яман бо баёни инки ҳузури Амрико дар Ироқ ва минтақаи Ғарби Осиё далели аслии бесубот шудани амнияти минтақа ва бо ҳадафи ҳифозат аз режими саҳюнистӣ аст, таъкид кард: «ин ҳамалоти мукаррари Амрико ба мардуми [Ховари Миёна] таъсире бар мавзеъи онҳо дар ҳимоят аз мардуми Фаластин нахоҳад дошт».

Дар поёни ин баёния омадааст: «Мо ба миллати Ироқ ва муқовимати исломӣ дар Ироқ тасалият мегӯем ва фидокориҳои бузургашонро барои дифоъ аз мардуми Фаластин табрик мегӯем».

Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломии Фаластин террори шаҳид Абубоқир Ас-Соидӣро маҳкум карданд

Ҷунбишҳои муқовимати фаластинӣ “Ҳамос” ва “Ҷиҳоди Исломӣ” бомдоди имрӯз панҷшанбе тайи баёниаяҳое, шаҳодати “Абубоқир Ас-Соидӣ” аз фармондаҳони Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ дар ҳамлаи террористии амрикоро маҳкум карданд.

Ин гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ зимни ишора ба танишзоииҳои мукаррари Амрико дар Ғарби Осиё, гуфтанд, ки ба ҷуз бо нобудии режими саҳюнистӣ, сулҳ ва сабот ба минтақа бознамегардад.

Ҳамос дар баёнияи худ гуфт: «Таҷовузи ваҳшиёнаи шомгоҳи чаҳоршанбеи [Амрико], ки Бағдодро ҳадаф қарор дод, нақзи ҳокимият ва амнияти Ироқ медонем, ки дар ростои хидмат ба режими палид ва ишғолгари саҳюнистӣ ва барномаи тавсеаталабонаи он аст».

Ин ҷунбиш зимни тасалият гуфтан ба мардуми Ироқ, таъкид кард: «давлати Байден, раисҷумҳури Амрикоро ба далели таъмин ва ҳимоят аз ҷанги нозиҳо алайҳи мардуми мазлум ва бедифои Фаластин дар Навори Ғазза ва наслкушии онҳо, масъули ташдиди таниш дар минтақа медонем».

Ҷиҳоди Исломии Фаластин низ дар баёнияи худ гуфт: «Мо таъкид мекунем, ки давлати Амрико бо рӯйкарди таҳоҷумии худ алайҳи мардум ва миллати мо, ба думболи шӯълавар кардани даргирӣ дар минтақа, ҳифозат аз режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ва ҳимоят аз ҷанг алайҳи мардуми мазлуми Фаластин аст».

Пеш аз ин, манобеи ироқӣ, шомгоҳи чаҳоршанбе аз ҳамлаи паҳподҳои ношинос ба як худрави ғайринизомӣ дар шарқи Бағдод хабар дода буданд, ки ба думболи он, гузоришҳое аз шаҳодати чанд нафар дар бархе расонаҳо мунташир шуд.

Соати баъд гурӯҳи муқовимати Катоиби Ҳизбуллоҳ дар баёнияе таъйид кард, ки “Абубоқир Ас-Соидӣ” аз фармондаҳони аршади ин гурӯҳ ва Созмони Ҳашдушшаъбӣ, дар ин ҳамлаи террористии Амрико ба шаҳодат расидааст.

MQ-9 ReaperАйнул-АсадАмрикоАнсоруллоҳи ЯманБағдодҒаззаИроқКатоиби ҲизбуллоҳКатоиби Ҳизбуллоҳи ИроқНавори ҒаззаРежими саҳюнистӣСенткомФаластинҲашдушшаъбӣ
Comments (0)
Add Comment