Ҳамос барномаи Аргентина барои интиқоли сафорат ба Қудсро маҳкум кард

Ҳамоси Фаластин дар як баёния барномаи Аргентина барои интиқоли сафорат ба Қудси ишғолиро маҳкум кардааст.

Ҳамоси Фаластин дар як баёния барномаи Аргентина барои интиқоли сафорат ба Қудси ишғолиро маҳкум кардааст.

Ҷунбиши Ҳамоси Фаластин дар баёнияе эълон кард, ки изҳороти Хавйер Мили, раисиҷумҳури Аргентина мабнӣ бар интиқоли сафорати кишвараш ба Қудси ишғолиро маҳкум карда ва онро нақзи қоидаҳои ҳуқуқи байналмилал медонад.

Ҷунбиши Ҳамос аз раисҷумҳури Аргентина мехоҳад аз тасмими худ мабнӣ бар интиқоли сафорати кишвараш ба Қудси ишғолӣ худдорӣ кунад. Ҳамос ин тасмимро ноодилона ва нодуруст тавсиф кард, ки Аргентинаро шарики ишғолгарии режими саҳюнистӣ қарор медиҳад.

Хавйер Мили, раисҷумҳури Аргентина, ки дар ҳоли ҳозир дар сарзаминҳои ишғолӣ ба сар мебарад, иддао кардааст, ки сафорати ин кишварро ба Қудс мунтақил мекунад.

ИсроилҚудсРежими саҳюнистӣФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment