Ниёзи фаврии 11 ҳазор бемор ва маҷрӯҳ барои хурӯҷ аз Ғазза

Вазорати беҳдошти Ғазза эълом кард, ки 11 ҳазор бемор ва маҷрӯҳи фаластинӣ ниёзи фаврӣ ба хурӯҷ аз Ғазза барои наҷоти ҷони худ доранд.

Ба гузориши хабаргузории фаластинии “Шаҳоб”, вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза бо судури баёнияе эълом кард, ки 11 ҳазор маҷрӯҳ ва бемори сокини Ғазза ниёзи фаврӣ ва асосӣ ба хурӯҷ аз ин минтақа ва идомаи мудово дар хориҷ аз Ғазза барои наҷоти худ доранд.

Ашраф Ал-Қадура сухангӯи вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар ин баёния таъкид кард: мо муваффақ ба роҳандозии бахшҳое аз бемористонҳои шимолии Ғазза шудаем, вале ниёзманди вуруди кумакҳои пизишкӣ ва сӯхт ва бозгашти персенали дармонӣ аз манотиқи ҷанубӣ ҳастем то ин бемористонҳо ба вазоифи худ амал кунанд.

Ҷамъияти ҳилоли Аҳмар низ, ки пештар борҳо нисбат ба адами вуҷуди сӯзишворӣ ва оксигена дар бемористонҳои Ғазза ҳушдор дода буд, имрӯз эълом кард, ки як зани фаластинии бемор дар бемористони муҳосира шудаи Амал дар Хон Юнус дар натиҷаи набуди оксигена ҷони худро аз даст додааст.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин авоили ҳафтаи ҷорӣ эълом кард, ки поёни анбори захираи ғизои махсуси оворагон ва поёни сӯзишвории мавҷуд дар ин бемористон ба илова адами расидани маводди беҳдоштӣ ва пизишкӣ ва поён ёфтани анбори ин мавод дар бемористон боиси бурузи фоҷиаи инсонӣ дар он шудааст.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин таъкид кард, ки дар ин бемористон ниёзҳои зарурии гурӯҳҳои синнии мухталиф назири кӯдакон аз ҷумла дар замина шири хушк ва пӯшок ба поён расида ва афроди маълул низ бо камбуди мояҳтоҷи худ мувоҷеҳ ҳастанд. Илова бар инки тирандозии густурдаи низомиёни палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба самти бемористон низ идома дорад.

беморҒаззарежеми саҳюнистӣсаҳюнистӣФаластинФаластини
Comments (0)
Add Comment