Ҳамалаҳои густарда ба Ироқу Сурия; Оташафрӯзии ҷадиди Амрико дар минтақа

Амрико солҳост бо ҳузури низомӣ дар минтақаи Ғарби Осия дар ростои манофеи худ ва муттаҳидонаш ин минтақаро дучори ноамнӣ ва бесуботӣ кардааст ҳар аз чанд гоҳе бо иқдомоти таҳоҷумӣ ба оташафрӯзӣ дар ин минтақаи ҳассос доман мезанад.

Дар ҷадидтарин иқдом дар ин замина, фармондеҳии марказии Амрико мавсӯм ба United States Central Command дар баёнияе эълон кард, ки ҷумъа шаб неруҳои артиши Иёлоти Муттаҳида беш аз 85 ҳадафро бо ҳавопаймоҳои мутаъаддид аз ҷумла бомбафканҳои дурбурд, ки аз Иёлоти Муттаҳида парвоз карданд ҳадаф қарор доданд ки дар ин ҳамалаҳои ҳавоӣ беш аз 125 муҳимот дақиқ ба кор гирифта шуд. United States Central Command муддаӣ шуд ки дар ин ҳамалаҳо марокизи фармондеҳӣ ва кантрол, марокизи иттилоотӣ, ракетҳо ва мӯшакҳо ва анборҳои паҳподҳо ва таъсисоти занҷираии таъмини тадорукоту муҳимоти гуруҳҳои муқовимат дар Ироқ ва Сурия, ки ба иддаои он ҳамалоҳо алайҳи неруҳои амрикоӣ ва эътилофро тасҳил мекарданд ҳадаф қарор гирифтанд.

Кохи Сафед низ дар қолаби баёнияӣ муддаӣ шуд ки ин ҳамалаҳо вокуниши ба ҳамлаи ахир ба як пойгоҳаш аст. Дар ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи Амрико дар рӯзи якшанбеи мавсӯм ба бурҷи 22 дар наздикии марзҳои Урдун ва Сурия 3 низомӣ кушта ва 34 нафар аз низомиёни амрикоӣ захмӣ шуданд.

Байден дар баёнияи худ зимни ишора ба ҳамлаи неруҳои низомии Амрико ба аҳдоф дар таъсисоти Ироқ ва Сурия, ки барои ҳамла ба неруҳои амрикоӣ аз он истифода мекарданд, таъкид кард ки ин ҳамалаҳо идома хоҳад ёфт. Масъалаи муҳимме, ки раисҷумҳури Амрико муддаии он шуда ин аст, ки Амрико ба дунболи ҷанг дар Ховаримиёна ё ҳеҷ ҷойи дигари ҷаҳон нест.

Ин дар ҳоле аст, ки Амрики масъӯли бисёре аз ҷангҳо дар нуқоти мухталифи ҷаҳон пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум, дар давраи ҷанги сард ва пасо ҷанги сард будааст. Ба вижа ҳамалаҳои Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистону Ироқ дар даҳаи аввали қарни бисту якум ва ишғоли ин ду кишвар на фақат сабаби марги ҳазорон нафар аз сокинони ин кишварҳо шуд балки заминасози густариши тероризм дар минтақаи Ғарби Осиё гардид. Дар марҳилаи баъдӣ Вашингтон бо эҷоди эътилофи ғарбӣ ва арабӣ ба доман задан ба ҷанг дар Сурия дар пайи нооромиҳои ин кишвар аз соли 2011 ба баъд пардохт, ки паёмади он куштори густардаи мардуми Сурия ва Ироқ ва муҳоҷирати миллионҳо нафар аз аҳолии ин кишварҳо ва густариши бе собиқаи фаъолияти гуруҳҳои террористӣ буд.

Аз сӯи дигар Амрико бо ҳимоятҳои ҳамаҷониба аз режими саҳюнистӣ дар ҳафтод соли гузашта нақши аслӣ ва пуштибони меҳварӣ аз ин режими наслкушро ифо карда ва дар ҷараёни ҷанги кунунӣ дар Ғазза низ бо тадоруки таслиҳотӣ ва ҳимояти сиёси аз он дар Шӯрои амнияти Созмони Милал ва Ветои қатъномаҳо дар нақши ҳомии беқайду шарти Исроил зоҳир шудааст.

Масъалаи муҳим ин аст, ки ҳамлаи ҳавоии Амрико алайҳи мавозеи гуруҳҳои муқовимат дар Ироқу Сурия дар замонӣ анҷом мешавад ки Ғарби Осиё бо тавваҷуҳ ба тадовуми ҷанги Ғазза ва ҳимоятҳои ҳама ҷонибаи Вашингтон аз режими саҳюнистӣ аз як сӯ вокуниши меҳвари муқовимат ба ин амр бо ҳамалаҳо дар дарёи Сурх алайҳи шиноварҳои вобаста ба режими саҳюнистӣ ва низ ҳамалаҳо ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар авҷи илтиҳоб қарор дорад.

Бо тавваҷуҳ ба инки чаҳорумин моҳи ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Борикаи Ғазза низ дар ҳоли сипарӣ шудан аст, Амрико ҳамчунон ба ҳимояти ҳама ҷониба аз режими саҳюнистӣ идома медиҳад. Гуруҳҳои муқовимати исломӣ дар Ғарби Осия аз ҷумла дар Ироқу Сурия ва ҳамчунин неруҳои яманӣ ба дунболи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ва ҳимояти ҳамаи ҷонибаи Вашингтон аз ин режим, борҳо ба Иёлоти Муттаҳида ҳушдор додаанд ки пойгоҳҳои Амрико дар минтақаро мавриди ҳадаф қарор хоҳанд дод ва дар амал низ ҳамалоти мутаъаддиди алайҳи ин пойгоҳҳо анҷом додаанд.

Гуруҳҳои муқовимат дар минтақа аз ҷумла дар Ироқ борҳо эълон кардаанд, ки ҳамалаҳои онҳо ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқу Сурия дар вокуниш ба пуштибониҳои калидии Вашингтон аз Тел-Авив сӯрат мегирад. Ин гурӯҳҳо борҳо таъкид кардаанд ки ин ҳамалаҳо то замони тағйири сиёсати Амрико дар ин замина ва водор кардани режими саҳюнистӣ ба таваққуфи ҳамалаҳо ба навори Ғазза ва наслкушии фаластиниҳо идомаи пайдо хоҳад кард.

Дар айни ҳол Вашингтон дар рӯйкарди фароафканона ҳамвора талош карда то Эронро ба ҳамалоти гурӯҳҳои муқовимат алайҳи пойгоҳҳои Амрико ва алайҳи манофеи режими саҳюнистӣ иртибот диҳад. Дар муқобил Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳои эълон карда, ки ҳимоятҳои он гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ва дигар гурӯҳҳои муқовимат дар минтақа дар ростои ҳаққи машрӯъи муқовимат барои дифоъ аз худ ва муқобила бо ишғолгарону мутаҷовизон аст. Дар айни ҳол Теҳрон бар ин масъала низ таъкид карда, ки ин ҳимоят ба маънои дахолат дар иқдомоту амалиёти гурӯҳҳои муқовимат нест. Лизо Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ради иддаоҳои Амрико, бар ҳақи худ барои дифоъ дар муқобил ҳаргӯна таҳоҷуми эҳтимолӣ таъкид карда аст.

АмрикоИроқрежими саҳюнисӣСурияҳамлаҳои ҳавоӣЭрон
Comments (0)
Add Comment