Амрико: 85 нуқтаро дар хоки Ироқ ва Сурия ҳадаф қарор додем

Расонаҳои амрикоӣ аз оғози ҳамлаҳои артиши ин кишвар ба мавзеъҳое дар шарқи Сурия хабар доданд.

Фармондеҳии марказии артиши Амрико (CENTCOM) дар баёнияе эълом кард, ки дар вокуниш ба кушта шудани 3 сарбози ин кишвар дар марзи Сурия ва Урдун, ҳамалот ба мавқеи “гуруҳҳои таҳти ҳимояти Эрон” дар Ироқ ва Сурияро оғоз кардааст.

Фармондеҳии марказии артиши Амрико эълом кард, ки соати 16 ба вақти минтақаи шарқӣ ба беш аз 85 нуқта дар хоки Ироқ ва Сурия ҳамла кардааст.

Ироқ таҷовузи Амрико ба хоки ин кишварро маҳкум кард

Сухангуи Неруҳои мусаллаҳи Ироқ бомдоди шанбе ҳамалоти Амрико ба минтақаҳое дар хоки ин кишварро маҳкум кард.

Артиши Ироқ бомдоди имрӯз дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико таҷовузи Иёлоти Муттаҳида ба минтақаҳое аз хоки ин кишварро маҳкум карда ва онро нақзи ҳокимияти миллии худ тавсиф кард.

Ҳамлаи муқовимати исломии Ироқ ба 3 пойгоҳи амрикоӣ дар Ироқ ва Сурия

Расонаҳои хабарии араб замон ҳам гузориш доданд, ки бомдоди имрӯз Муқовимати исломии Ироқ ҳам дар вокуниш ба ҳамалоти CENTCOM ба 3 пойгоҳи амрикоӣ Дар Ироқ ва Сурия ҳамла кардааст.

Шабакаи Ал-ҷазира бо нашри ин хабар навишт, ки ин гуруҳи муқовиматӣ эълом кард, ки бо истифода аз паҳпод ва ракета, пойгоҳҳои Аттанф ва Ал-хазроро дар кишвари Сурия ва пойгоҳи Айн-ул-асадро дар ғарби вилояти Ал-анбори Ироқ ҳадаф қарор додааст.

Бойден: Дар пайи даргирӣ дар Ховари Миёна ё ҷои дигар нестем

Пас аз ҳамлаи артиши Амрико ба 85 нуқта дар дохили Ироқу Сурия, Ҷо Байден, раисҷумҳури ин кишвар дар баёнияе иддао кард, ки дар пайи муноқиша дар Ховари Миёна нест.

Раисиҷумҳури Амрико дар идомаи ин баёния иддао кард, ки вокуниши ин кишвар ба кушта шудани се сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба пойгоҳи Бурҷ-22 дар марзи Урдун ва Сурия оғоз шудааст.

Байден дар идома изҳор дошт: “Иёлоти Муттаҳида дар ҷустуҷӯи низоъ дар Ховари Миёна ё дар ҷои дигаре дар ҷаҳон нест.” Аммо бигзор ҳамаи онҳое, ки ба мо зарар расонидан мехоҳанд, инро бидонанд: агар шумо ба як амрикоӣ зарар расонед, мо ҷавоб медиҳем.”

АмрикоИроқСурия
Comments (0)
Add Comment