Райи додгоҳи Лоҳа нуқтаи атфи ҷустуҷуи адолат барои мардуми Фаластин

Девони байналмилалии додгустари ҳукми аввалия дар бораи шикояти Африқои Ҷанубӣ аз режими саҳюнистӣ дар хусуси наслкушии дар Ғаззаро содир кард.

Чаҳоруминмоҳи ҷанги режими саҳюнистӣ зидди Ғазза дар ҳоли сипари шудан аст Вазорати беҳдошти Ғазза имруз ҷумъа 26 январ эълом кард, ки теъдоди шуҳадои фаластинӣ дар таҷовузи режими ишғолгар аз 7 октябр то кунун ба 26083 шаҳид ва 64487 маҷруҳ расида аст.

Пас аз идомаи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ зидди Ғазза ва вуқуи наслкуши дар ин борика, Африқои Ҷанубӣ зидди ин режим ба девони байналмилалии додгустари шикоят кард дар ҳукме ки имруз содир шуд чанд нукта ҳозизи аҳамият аст.

Аввал: Исроили нахустин шикастро дар додгоҳ мутаҳаммил шуд чаро ки додгоҳи дархости Исроилро барои напазируфтани шикояти Африқои Ҷанубӣ рад кард. Додгоҳ ҳам салоҳияти худро барои расидагӣ ба шикоят эълом кард ва ҳам таъкид кард ки Африқои Ҷанубӣ ҳақи шикоят аз Исроилро дар ин додгоҳ дорад. Ин додгоҳ ҳамчунин эълом кард ки гузоришоти Африқои Ҷанубӣ оқилона ва мантиқи буда ва бояд барраси шавад.

Дувум: Додгоҳи Лоҳа бо судури рай эълом кард салоҳияти расидаги ба парвандаи наслкушии фаластиниён тавассути Исроил матраҳ шуда аз суи Африқои Ҷанубиро дорад. Аз 17 қозии додгоҳ 16 қози муътақиданд, ки режими саҳюнистӣ бояд иқдомоти наслкуши ва вайронгарии физикиро дар минтақаи Ғазза мутаваққиф кунад.

Бино бар ин агарчи додгоҳ эълом кард мо акнун ҳукми дар мавриди ин ки наслкуши рух дода ё надода содир намекунем аммо вуқуъи наслкуши барои аъзои додгоҳ ошкор шуда аст камо ин ки дар идомаи ҳукми имруз низ омада аст мардуми Фаластин ҳақ доранд, ки аз ҷинояти наслкуши дар амон бошанд.

Севум: Бо ҳукми содир шуда туб дар замин Исроил аст зеро ба ин режими фурсати як моҳа дода шуд то иқдомоти лозим барои фароҳам кардан ниёзҳои инсонии мардуми Ғаззаро фавран иттихоз кунад ва ҳамчунин иқдомоти лозим барои мумонеат аз ҷиноятҳои куштор зидди як маҷмуъаи инсониро иттихоз кунад. Идомаи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ зидди Ғазза метавонад барои ин режими табаъоти ҳуқуқи дар пай дошта бошад.

Чаҳорум: Исроил токунун борҳо дар маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид низ ба далели ҷинояти зидди Ғаззаи маҳкум шудааст, аммо қатъномаҳои маҷмаъ илзом овар нест. Ин дар ҳоле аст ки аҳкоми девони байналмилалии додгустари илзом овар аст. Бинобарин Исроил акнун бояд тасмим бигирад ки чигуна посух диҳад. Исроил бояд тайи як моҳи тамоми иқдомоти муваққати эъмол шударо ба додгоҳ гузориш диҳад.

Панҷум: Ҳукми додгоҳи байналмилалии додгустари таъаҳҳудоти ҳуқуқии байналмилалиро бар Исроил таҳмил мекунад, аммо ҳеҷ меканизми иҷроӣ барои он вуҷуд надорад. Бинобарин мумкинаст Исроил бо ҳимояти Амрико ва чанд кишвари аврупоӣ аз иҷрои ҳукм худдорӣ кунад камоинки пеш аз ин низ бо ҳимояти давлати собиқи Амрико аз иҷрои қатъномаи 2334 шурои амният дар бораи таваққуфи шаҳраксозӣ худдори карда буд.

Агар режими саҳюнистӣ аз иҷрои ҳукми додгоҳ худдорӣ кунад эътибори низоми ҷаҳонӣ ва ба хусус ниҳодҳои ҳуқуқии он зер савол хоҳад рафт.

Шашум: Аз онҷое ки ҳукми аввалияи додгоҳи замони содир шуд ки ҳануз ҷанг идома дорад ва нишонае низ мабни бар поёни он дида намешавад навъе навовари ва нуқтаи атф маҳсуб мешавад.

Давлати Африқои Ҷанубӣ низ дар вокуниш ба ин райи додгоҳ Лоҳа гуфт: Мо аз иқдомоти муваққатн ки девони байналмилалии додгустари зидди Исроил вазъ кард истиқбол мекунем. Ин ҳукм як пирузии қотеъ барои ҳокимияти қонун ва як нуқтаи атфи муҳим дар ёфтани адолат барои мардум Фаластин аст.

Сомии Абузаҳрӣ аз раҳбарони ҷумбиши Ҳамос ҳам ҳукми аввалияи додгоҳи Лоҳа дар бораи наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғаззаро таҳаввули муҳимм барои мунзави кардани режими саҳюнистӣ ва ифшои ҷинояти ин режим дар Ғазза донист.

додгоҳи Лоҳарежими саҳюнисӣ
Comments (0)
Add Comment