Наметавон аз буҳрони инсонии ваҳшатноки Ғазза чашмпушӣ кард

"Берни Сандерс" бомдоди имрӯз панҷшанбе гуфт: «ҳамаи мо дар иттифоқоте, ки дар Ғазза рух медиҳад шарик ҳастем ва бахши бузурге аз фоҷиа дар пайи истифода аз силоҳҳои амрикоӣ аст».

Сенатори амрикоӣ: наметавон аз буҳрони инсонии ваҳшатноки Ғазза чашмпушӣ кард
“Берни Сандерс” бомдоди панҷшанбе гуфт: «ҳамаи мо дар иттифоқоте, ки дар Ғазза рух медиҳад шарик ҳастем ва бахши бузурге аз фоҷиа дар пайи истифода аз силоҳҳои амрикоӣ аст».

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳамзамон бо тадовуми ҳамалоти ҷинояткоронаи режими кӯдаккуши  саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва куштори ваҳшиёнаи фаластиниҳо, сенатори аршади демократи амрикоӣ бори дигар аз сукути Вашингтон дар баробари ин ҷиноёт интиқод кард.

Берни Сандерс, бомдоди имрӯз панҷшанбе гуфт: «ҳамаи мо дар иттифоқоте, ки дар Ғазза рух медиҳад шарик ҳастем ва бахши бузурге аз фоҷиа дар пайи истифода аз силоҳҳои амрикоӣ аст».

Сандерс зимни ишораи ба шаҳодати беш аз 25 ҳазор фаластинӣ дар ҳамалоти режими палиди саҳюнистӣ ба Ғазза, афзуд: «мо наметавонем чашми худро бар буҳрони инсонии ваҳшатноки Ғазза бибандем ва ин вазъият набояд идома ёбад».

Пеш аз ин, “Сами Абу Зоҳирӣ” аз раҳбарони ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) гуфта буд, ки Амрико бо ҳимоят аз режими кӯдаккуши саҳюнистӣ, шарики ҷурми он дар ҳамалот ба Ғазза ва куштори занон ва кӯдакони фаластинӣ аст.

Шомгоҳи чаҳоршанбе буд, ки “Ява Галлант” вазири ҷанги режими палиди саҳюнистӣ таъкид кард то замоне, ки асирони саҳюнистӣ дар Навори Ғазза ҳастанд, ҷангро наметавон мутаваққиф кард.

Пеш аз ӯ низ «”Амиха Элияху”, вазири мероси фарҳангии режими саҳюнистӣ бори дигар дархости ҷинояткорона ва зидди башрии худ барои бомбаборони атомии Ғаззаро такрор кард.

Cенатори амрикоӣАмрикоАмрикоиБерни СандерсҒаззаНавори ҒаззаФаластини
Comments (0)
Add Comment