Сафири ҶИЭ: лағви раводид бо Тоҷикистон дар ояндаи наздик анҷом мешавад

Сафири ҶИЭ дар дидор бо раиси Гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон аз лағви низоми раводид (виза) дар ояндаи наздик хабар дод.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар дидор бо раиси Гурӯҳи дӯстии парлумони Эрон ва Тоҷикистон зимни ишора ба тавофуқи руасои ҷумҳури ду кишвар дар бораи лағви раводид гуфт: дар ояндаи наздик иҷрои низоми лағви раводид байни ду кишвари дӯст барқарор хоҳад шуд.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, имрӯз, панҷшанбе бо ҳузур дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Файзуллоҳ Баротзода, раиси Гурӯҳи дӯстии парлумонии ду кишвар мулоқот ва гуфтугӯ кард.

Ҳақиқиён дар ин дидор бо ишора ба раванди ҷории тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибот байни ду кишвар, нақши ҳамкориҳои парлумонӣ ба вижа гурӯҳҳои дӯстии парлумониро дар густариш ва таҳкими равобит муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳақиқиён бо ишора ба имзои санади лағви раводид байни ду кишвар дар сафари ахири раисҷумҳури ҶИЭ ба Тоҷикистон афзуд: дар ояндаи наздик иҷрои низоми лағви раводид байни ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг барқарор хоҳад шуд.

Баротзода ҳам мавзуи лағви раводидро ҷиҳати афзоиши тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ байни шаҳрвандони ду кишвар дорои аҳамият донист ва ба омодагии Маҷлиси Тоҷикистон барои бистарсозии ҳуқуқӣ ба манзури густариши бештари ҳамкориҳо таъкид кард.

Алиризо ҲақиқиёнвизаМаҷлиси намояндагони ТоҷикистонраводидТоҷикистонФайзуллоҳ БаротзодаҶИЭЭрон
Comments (0)
Add Comment