Оғози калонтарин размоиши НАТО аз замони Ҷанги сард

НАТО калонтарин размоишҳои худро аз замони Ҷанги сард то кунун шурӯъ кард. Дар ин размоиши НАТО беш аз 90 ҳазор нерӯи ҷангии кишварҳои узви ин паймони низомӣ иштирок доранд.

Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) рӯзи чоршанбе калонтарин размоишҳои худро аз замони Ҷанги сард то кунун шурӯъ кард. Дар ин размоиши НАТО беш аз 90 ҳазор нерӯи ҷангии кишварҳои узви ин паймони низомӣ иштирок доранд. Ин размоиш то моҳи май идома хоҳад кард

Размоиши “Мудофеи собитқадам-2024” дар ростои ҳифзи омодагиҳои дифоии кишварҳои ғарбӣ дар муқобили ҷанги эҳтимолии Русия тарроҳӣ шудааст.

Генерал Крис Каволи, фармондеҳи олии нерӯҳои муттаҳиди НАТО дар Аврупо гуфт, “эътилоф (НАТО) қудрати худро барои ҳузур дар минтақаи Авро-Атлантик аз тариқи ҳаракати фароатлантикии нерӯҳо аз Амрикои Шимолӣ ба намоиш хоҳад гузошт”.

Ӯ афзуд, “ин размоиш намоиши ошкоре аз иттиҳод, қудрат ва азми мо барои муҳофизат аз якдигар ва арзишҳоямон аст”.

Ин размоиш аз маҷмӯае аз размоишҳои хурдтар ташкил шудааст, ки аз Амрикои Шимолӣ гирифта то наздикии марзи Русия баргузор хоҳад шуд.

Тибқи гузоришҳо, ҳудуди 50 киштии ҷангӣ, 80 ҳавопаймои ҷангӣ ва беш аз 1100 мошинҳои зиреҳӣ дар ин размоиш иштирок хоҳанд дошт.

Ин размоиш калонтарин размоише аст, ки аз соли 1988 ба ин тараф баргузор мешавад. Дар размоиши “Рефонгер” дар соли 1988 ҳудуди 125 ҳазор низомӣ иштирок дошт.

НАТО дар баёнияи худ ишорае ба номи Русия накардааст. Аммо дар санади роҳбурдии аслии он, аз Русия ба унвони муҳимтарин таҳдид алайҳи амнияти аъзои ин паймон ёд кардааст.

Ин размоиш дар ҳоле баргузор мешавад, ки Русия бо ҳамла ба Украина бахшҳое аз хоки ин кишварро тасарруф кардаст.

Ин дар ҳоле аст, ки Александр Грушко, муовири вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, шакли размоиши нави НАТО нишондиҳандаи бозгашт ба нусха ё намунаи Ҷанги Сард аст.

Хабаргузори русии Спутник, ин размоиш, ки «мудофеи собитқадами 2024» ном дорад, дар ҳоле баргузор мешавад, ки НАТО ба таври физояндае дар ҷангт Украина даргир шуда ва ба давлатт Киев таслиҳоти низомӣ ва иттилоотӣ барои ҳамла ба сарзамин ва мардуми Русия ироа кардааст.

Александр Гревишко, муовини вазири умури хориҷаи Русия ин мановри низомии Аврупоро яке аз аносири ҷанги таркибии ғарб алайҳи Русия тавсиф карда ва ҳушдор дод чунин рӯйдоде хатари “ҳаводиси низомӣ” ва бесуботии бештари амният дар Аврупоро афзоиш медиҳад.

Ба гуфтаи Михаил Волтерсон, афсари собиқи нерӯҳои мусаллаҳи Шветсия ва раиси ситоди муштараки Ҳизби демократи Шветсия, ба назар мерасад НАТО аҳдофи фаровонеро аз тариқи мановрҳои «мудофеи собитқадам» думбол мекунад, ки яке аз аҳдофи он ирсоли ин паёми равонӣ ба кишварҳои шарқи Аврупо аст, ки НАТО амнияти онҳоро ҷиддӣ мегирад. Вай бо ишора ба тарси бисёре аз мардум дар ғарб аз ҳамлаи эҳтимолии Русия ба кишварҳои аврупоии НАТО дар чанд соли оянда, изҳороти ҳушдордиҳандаи сиёсатмадорон ва раҳбарони низомии барҷастаи ғарбиро дар барҷаста кардани ин бовар муассир донист ва тасреҳ кард: ин зеҳният боиси эҷоди русҳаросӣ шуда ва мумкин аст ба ташдиди таниш ва даргирӣ дар Аврупо мунҷар шавад.

Ин коршинос мавзуъҳои дифоӣ дар Шветсия пешбинӣ кард: ҷанги сарди ҷадиде байни ғарб ва умдатан Чин ва Русия дар ҳоли зуҳур аст, ки дар он ғарб бисёре аз кишварҳои ҷануби ҷаҳониро бо талош барои водор кардан ба мухолифат бо Русия бар сари буҳрони Украина, аз худ дур карда ва мумкин аст дар ниҳоят ҷаҳонро ба ду блоки “ғарб” ва “бақияи ҷаҳон” тақсим кунад.

Вай ҳушдор дод: тафовути ин ҷанг бо ҷанги сарди аввал ин аст, ки блоки ғайрғарбӣ аз назари андоза, иқтисод, ҷамъият ва ҳатто танаввуъ бисёр қавитар аз даврони ҷанги сарди аввал хоҳад буд ва агар ғарб пазируфта буд, ки наметавонад бар кулли ҷаҳон тасаллут ёбад ва дигар қудратҳои бузурги ҳавзаҳои манофеи худро доранд, иҷтиноб аз ин даргирӣ ба роҳатӣ имконпазир буд.

ҒарбНАТОРусияУкраинаЧин
Comments (0)
Add Comment