Амрико монеи аслии таваққуфи ҷанг дар Ғазза аст

Вазири хориҷаи Русия дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал таъкид кард, ки давлати Амрико танҳо омиле аст, ки монеъ мешавад, ки ҷанг ва даргириҳо дар Навори Ғазза мутаваққиф шавад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, “Сергей Лавров” вазири хориҷаи Русия дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳаввулоти Ғазза таъкид кард, ки давлати Амрико танҳо монеи аслӣ дар баробари тамоми талошҳо барои таваққуфи ҷанг ва даргириҳо дар Ғазза аст.

Вай дар инбора гуфт: Шӯрои (амнияти) мо токунун натавониста посухи муносиб ба ин чолиши ҷиддӣ ироа кунад ва далели он мушаххас аст, ин мавзеи Амрико аст, ки монеи ҳамаи талошҳо ва ибтикорот барои хунрезӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ аст.

Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин нигаронии худро нисбат ба мухолифати мақомоти режими саҳюнистӣ ба роҳиҳалли ду-давлатӣ барои ҳалли масъалаи Фаластинро иброз кард.

Сергей Лавров дар идома афзуд: пас аз поёни марҳалаи ҳодди буҳрони кунунӣ, ки бояд бо дархости аз Шӯрои амният барои оташбас тасҳил шавад, пешниҳод мекунем ройзаниҳое дар сатҳи вазирон барои тақвияти мавозеъи бозигарони аслии минтақа анҷом шавад ва сипас гомҳои амалӣ барои тасҳили эҳёи ваҳдати Фаластин бардошта шавад.

Ҷозеф Буррел, мсуули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе ва пеш аз нишасти вузарои хориҷаи ин Иттиҳодия дар ҷамъи хабарнигорон эълом кард дар бораи масъалаи Фаластин на ба думболи фароянди сулҳ, ки роҳиҳалли ду-давлатиро пайгирӣ мекунад.

Вай дар инбора гуфт: аз ин ба баъд ман дар бораи фароянди сулҳ сӯҳбат нахоҳам кард, хоҳони фароянди роҳиҳалли ду-давлатӣ ҳастам. Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳамчин дар бораи шароити вахими мардуми Фаластин дар Навори Ғазза афзуд: шароити инсонӣ дар Навори Ғазза, ки ҳамокунун ба иллати ҷанги Исроил алайҳи Ҳамос таҳти муҳосира қарор дорад, наметавонад аз ин бадтар бошад.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳам рӯзи якшанбе Исроилро ба далели куштори «дилхароши» ғайринизомиёни фаластинӣ дар Ғазза маҳкум кард ва мухолифати Нетанёҳу (нахуст вазири ишғолгарони Қудс) бо тарҳи ташкили давлати Фаластинро ғайриқобили қабул хонд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар суханронии нишасти гурӯҳ 77 + Чин, ки дар Кампала, пойтахти Уганда баргузор шуд, гуфт: амалиёти низомии (режими) Исроил боиси тахриби густурда ва куштори ғайринизомиён дар миқёси бесобиқа дар даврони дабири куллии ман шудааст. Ин мавзӯъи дилхарош аст ва комилан ғайриқобили қабул аст. Мо бояд тамоми талоши худро ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши даргириҳо дар саросари минтақаи Ховари Миёна (Ғарби Осиё) анҷом диҳем.

Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии Ғазза дар рӯзи якшанбе, ин ҳамалот то кунун беш аз 25 ҳазор Фаластиниро кушта ва бахши қобили таваҷҷуҳе аз 2 миллион ва 300 ҳазор нафар сокини ин минтақаро низ аз хонаҳои худ овора кардааст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Euro news”, Антонио Гутерриш изофа кард, ки имтиноъ аз пазириши «роҳи ҳалли ду давлатӣ» барои исроилиҳо ва фаластиниҳо, комилан ғайриқобили қабул аст ва гуфт, ки инкор ҳаққи Фаластиниҳо барои доштани як кишвар, танҳо боиси тӯлонитар шудани ин даргирӣ мешавад ва онро ба таҳдиди бузург барои сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ табдил мекунад.

Сарон ва мақомоти аршади даҳҳо кишвар аз ҷумла Африқои Ҷанубӣ, Эрон, Чин, Туркия, Куба, Ҳинд, Ветнам дар нишасе дар Кампала ҳузур доранд. Гурӯҳ 77+ Чин гурӯҳи муташаккил аз 134 кишвар дар ҳоли тавсеа аст, ки аз манофеи муштараки кишварҳои ҷануби ҷаҳон ҳимоят мекунад.

АмрикоАнтонио ГутерришҒаззаНавори ҒаззаФаластинЧинЭрон
Comments (0)
Add Comment