Оятуллоҳ Хоманаӣ: пирӯзии мардуми Ғазза қатъӣ аст!

Раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ фармуданд: кишварҳои исломӣ бояд иртиботи сиёсӣ ва иқтисодии худро бо режими саҳюнистӣ қатъ кунанд ва ба ин режим кумак накунанд.

Раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ фармуданд: кишварҳои исломӣ бояд иртиботи сиёсӣ ва иқтисодии худро бо режими саҳюнистӣ қатъ кунанд ва ба ин режим кумак накунанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ дар дидори масълуони конгресси 24 ҳазор шаҳиди устони Теҳрон бо интиқод аз амалкарди масъулони кишварҳои исломӣ дар мавзуи бисёр муҳими Ғазза гуфт: бархе вақтҳо мавзеъгириҳо ва изҳороти масъулони кишварҳои исломӣ иштибоҳ аст, зеро дар бораи мавзуе ҳамчун оташбас дар Ғазза суҳбат мекунанд, ки аз ихтиёри онҳо хориҷ аст ва дар дасти душмани хабиси саҳюнистӣ аст, масъулони кишварҳои исломӣ бояд нисбат ба мавзуъҳое, ки дар ихтиёри онҳо аст, иқдом кунанд.

Ишон афзуд: он мавзуе, ки дар ихтиёри масъулони кишварҳои исломӣ аст, қатъи шараёнҳои ҳаётӣ ба режими саҳюнистӣ аст, кишварҳои исломӣ бояд иртиботи сиёсӣ ва иқтисодии худро бо режими саҳюнистӣ қатъ кунанд ва ба ин режим кумак накунанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ изҳор дошт: ба рағми амалкарди номуносиби масъулони кишварҳои исломӣ ва ба рағми ҳамаи сахтиҳо, ҳамонгуна, ки дар Қуръон омадааст, Худованд бо мардуми муъмин аст ва ҳарҷо, ки Худо бошад, пирӯзӣ хоҳад буд.

Раҳбар инқилоби исломии ҶИЭ афзуд: пирӯзии мардуми Ғазза қатъӣ аст ва Худованди Мутаол ин пирӯзиро дар ояндаи начандон дур ба уммати исломӣ нишон хоҳад дод ва дилҳои мусалмонон ва дар раъси онҳо мардуми Фаластин ва Ғазза хурсанд ва хушҳол хоҳад шуд.

ҒаззаОятуллоҳ ХоманаӣРежими саҳюнистӣҶИЭЭрон
Comments (0)
Add Comment