Зарбаи ваҳшатноки Яман ба иқтисоди режими саҳюнистӣ

Як коршиноси яманӣ ҷузъиёти амалиёти тавқифи киштии режими саҳюнистиро тавассути муқовимат ва артиши Яман шарҳ ва аз паёмадҳои он гуфт.

Як коршиноси яманӣ зимни шарҳи ҷузъиёти амалиёти тавқифи киштии режими саҳюнистӣ тавассути муқовимат ва артиши Яман афзуд: Дарёи Сурх ва Бобулмандаб ҳамчун шоҳраги Исроил ба шумор мераванд ва ин иқдоми артиши Яман зарбаи саҳмгинро бар иқтисод ва амнияти дарёнавардии ин режим ворид кардааст.

Ҳамид Ризқ, таҳлилгари сиёсӣ ва чеҳраи расонаии яманӣ дар гуфтугӯ бо расонаҳо изҳор дошт: тавқифи киштии исроилӣ аз сӯи ҷунбиши Ансоруллоҳ, зарбае саҳмгин бар пайкара ва бунёнҳои иқтисодии ин режим ворид кардааст.

Ризқ афзуд: ин амалиёт бо ҳадафи пуштибонии артиш ва муқовимати Яман аз миллати мазлуми Фаластин анҷом шуд, ки ҳафтаҳост бо ҳимояти мустақими Амрико дар маърази қатли ом ва кушторҳои режими саҳюнистӣ қарор дорад. Ин амалиёт чанд рӯз баъд аз ҳушдорҳои пайвастаи сайид Абдулмалик Ҳавсӣ, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳ анҷом шуд; ба вижа, ки ишон таъкид карда буд, дар сурате, ки ҳамлаҳои низомии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Ғазза идома дошта бошад, саҳюнистҳо дар дарё ҳадафи артиши Яман қарор хоҳанд гирифт.

Ин коршиноси яманӣ дар шарҳи ҷузъиёти ин амалиёти ғофилгиркунанда гуфт: ин амалиёт пас аз як даста тадбирҳои дақиқи иттилоотӣ ва низомӣ аз сӯи артиши Яман сурат гирифт, ки тайи он неруҳои амалиёти вижаи дарёии артиш муваффақ шуданд пас аз ба даст гирифтани контроли киштии исроилӣ, онро ба сӯи обҳои Яман ҳидоят кунанд.

Ризқ идома дод: хабарҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин киштӣ аз они яке аз сарватмандтарин тоҷирони саҳюнист мебошад, ки бар асоси иттилооти ҳосилшуда аз аъзои Моссад (созмони ҷосусӣ) будааст.

Вай дар идома ба таҳдидҳои артиши Яман дар қиболи режими саҳюнистӣ ишора карда ва афзуд: артиши Яман таъкид кардааст, ки танҳо киштиҳои исроилӣ дар обҳои минтақаӣ ва Дарёи Сурх, ҳадафи амалиётҳои эҳтимолӣ дар оянда хоҳанд буд ва соири киштиҳо метавонанд дар саломат ва амнияти комил аз обҳои минтақаӣ ва сарзаминии Яман тараддуд намоянд.

Ҳамид Ризқ дар таҳлили вокуниши аввалияи режими саҳюнистӣ ба хабари тавқифи киштии тиҷории ин режим дар обҳои Яман изҳор дошт: режими саҳюнистӣ ва кишварҳои муттаҳиди он дар ибтидо талош карданд зимни инкори анҷоми ин амалиёт тавассути артиши Яман, ҳатто моликияти исроилии ин киштиро ҳам инкор кунанд, ки албатта ин масъала, бисёр табиӣ ва як вокуниши қобили интизор буд, чароки ин иқдом, зарбаи азиму бузург, истисноӣ, бесобиқа ва ғофилгиркунанда ва ғайри қобили пешбинӣ барои душмани саҳюнистӣ буд. Набояд фаромӯш кард, ки ин иқдоми артиши Яман, нуқтаи бисёр муҳим ва нишонгари оғози марҳилаи ҷадид дар мубориза бо душмани саҳюнистӣ буд.

Ӯ дар посух ба савол дар мавриди паёмадҳои манфии ин амалиёти муқовимати Яман бар иқтисод ва тиҷорати режими саҳюнистӣ, ки дар моҳҳо ва ҳафтаҳои ахир ба сабаби ихтилофҳои сиёсӣ дар дохил ва таҳаввулот аз сабаби ҷанг дар сарошебии суқут қарор гирифтааст ва акнун амнияти дарёнавардии ин режим низ тавассути артиши Яман ба чолиш кашида шудааст, иброз кард: Дарёи Сурх барои Исроил шоҳраг иҳаётӣ аст ва Бобулмандаб низ ҳамчун гулӯгоҳе аст, ки ба воситаи он метавонад ба Дарёи Сурх муртабит шавад, дар ҳақиқат киштиҳои ин режим бо убур аз тангаи Бобулмандаб аст, ки вориди Дарёи Сурх мешаванд ва баъд аз он метавонанд дар бандари Ҳайфо ва Илот лангар биандозанд, ба вижа, ки дар ин байн, бандари Илот барои режими саҳюнистӣ бандари ҳаётӣ ва роҳбурдӣ ба ҳисоб меояд.

Ризқ дар идома бо шарҳи абъоди амниятӣ ва роҳбурдии ин иқдоми артиши Яман алайҳи киштиҳои исроилӣ идома дод: бидуни тардид аз ин паси тараддуди киштиҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ бо афзоиши чашмрас баҳои бима барои соҳибон ва моликони ин киштиҳо ҳамроҳ хоҳад буд, дар ҳақиқат баъд аз суханронии сайид Абдулмалик Ҳавсӣ, режими саҳюнистӣ бояд беш аз гузашта муроқиби тараддуди киштиҳояш дар Дарёи Сурх бошад.

Ин коршиноси яманӣ бо интиқод аз ҳимоятҳои ғарб ва Амрико аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар куштори мардуми Фаластин ва Ғазза гуфт: душмани саҳюнистӣ ба хотири ҷанге, ки алайҳи Ғазза ба роҳ андохтааст бо мушкилҳои молӣ ва иқтисодии бисёре аз ҷумла афзоиши ҳазинаҳои ҷанг ва фурӯпошии иқтисодӣ ба вижа коҳиши арзиши пули худ мувоҷеҳ шудааст, аммо шакке надорем, ки Амрико ва ғарб аз ин режим ҳимоят хоҳанд кард ва мекӯшанд монеъ аз фурӯпошии иқтисодии ин режим шаванд.

Ин таҳлилгари сиёсии масоили Яман, дар бахши поёнии суҳбати худ, зимни эълони ҳамбастагӣ бо мардуми мазлуми Яман бо ишора ба сенарияҳои пеши рӯи артиш ва муқовимати Яман дар баробари ҷиноятҳои ин режим гуфт: дар қаламрави Дарёи Сурх, душмани саҳюнистӣ баҳои сангинеро ба хотири ҷанг пардохт хоҳад кард ва бо иқдомоти мутақобил муқовимат ва артиши Яман мувоҷеҳ хоҳад шуд. Дар сурати идомаи ҷанг ҳамаи сенарияҳо аз ҷумла тавқифи киштиҳои ин режим дар дарё дар назар хоҳад буд, чароки саҳюнистҳо бояд баҳои ин ҷангро пардохт кунанд. Душмани ишғолгар набояд тасаввур кунад, ки бо ҷанги саҳл ва осон рӯбарӯ аст, балки бояд бидонад, ки ин ҷанг, ҳачун ҷанге бар сари мавҷудияти ин режим аст.

Ҳамид Ризқ дар ниҳоят бо табйини масъулияти кишварҳои исломӣ дар ин замони муҳим ва ҳаётӣ гуфт: имрӯз кишварҳои исломӣ ва арабӣ бояд аз ин фурсат барои ёрии миллати Фаластин истифода кунанд ва ба майдони мубориза бо режими саҳюнистӣ ворид шаванд ва ба ин ҷанг ҳамчун набарди роҳбурдӣ, ки сарнавишти уммати исломӣ ва арабиро рақам хоҳад зад, нигоҳ кунанд.

АнсоруллоҳИсроилРежими саҳюнистӣЯман
Comments (0)
Add Comment