Ҳамлаи дубораи Амрико ва Англис ба Яман

Манобеи хабарӣ субҳи сешанбе аз таҷовузи нави низомии Амрико ва Англис ба Яман хабар доданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, манобеи хабарӣ субҳи сешанбе аз таҷовузи нави низомии Амрико ва Англис ба Яман хабар доданд.

Ин манобеъ аз садои таркишҳои шадид дар Санъо, пойтахти Яман хабар доданд.

Як мақоми амрикоӣ ба Ал-Ҷазира гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Англис ва баъзе муттаҳидони дигар ба мавқеъҳои ҳусиҳо (неруҳои мусаллаҳи Яман) дар Яман ҳамла карданд.

Ин мақоми низомии амрикоӣ гуфт, ки дар ҳамлаҳои нави Амрико ва Бритониё ба Яман, кишварҳои дигар низ аз он ҳимояти амалиётӣ кардаанд.

Мақоми яманӣ: Ҳамалоти Амрико ва Англис моро аз ҳимоят аз Ғазза мунсариф намекунад

Маҳмадалӣ Ал-ҳусӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман дар вокуниш ба ҳамалоти субҳи имрӯз изҳор дошт: Ҳадафи ҳамалоти Амрико ва Англис дар ҳамла ба Яман талоши ҷадиде барои мунсариф кардани ин кишвар аз ҳимоят аз Ғазза аст. Ё ҳамон таваққуфи амалиёти баҳрии Яман аст, ки ба натиҷа нахоҳад расид.

Узви Шӯрои олии сиёсии Яман таъкид кард, ки амалиёти дарёии Яман (алайҳи киштиҳои режими саҳюнистӣ) барои ҷилавгирӣ аз наслкушӣ ва муҳосираи мардуми Ғазза аст дар ҳоле, ки амрикоиҳо барои ҳифозат аз режими ҷинояткор ва террористии Исроил, мардуми Яманро бомбаборон мекунанд ва байни ин ду гузина тафовути асосии вуҷуд дорад.

Вай тасреҳ кард, ки амрикоиҳо ва англисиҳо бояд фаҳманд, ки мо дар замони посухгуӣ ҳастем ва мардуми Яман ҳечгоҳ таслим намешаванд.

Баёнияи Амрико ва муттаҳидонаш дар робита ба ҳамлаи субҳи имрӯз

Амрико, Англис, Австралия, Канада, Ҳоланд ва Баҳрайн соате қабл дар баёнияи муштарак эълом карданд, ки ҳашт пойгоҳи низоми неруи Ансоруллоҳи Яманро ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Дар ин баёния иддао шудааст, ки ин ҳамлаҳо алайҳи мавқеъҳои мушакӣ ва назорати ҳавоии Ансоруллоҳи Яман анҷом шудааст.

Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш низ бидуни пешниҳоди санад иддао карданд, ки дар ин ҳамлаҳо анборҳои зеризаминӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.

АмрикоАнглисСанъоЯман
Comments (0)
Add Comment