Нетаняҳу: Ҷангро дар тамоми меҳварҳои Ғазза идома хоҳем дод

Нахуствазири режим саҳюнистӣ гуфт, Тел-Авив шароити Ҳамос барои озодии зиндониёни Ғаззаро рад мекунад ва ҷангро дар ҳамаи меҳварҳои Ғазза идома хоҳад дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи якшанбе дар суханоне гуфт: “Ман комилан шароити Ҳамосро рад мекунам ва агар бо онҳо мувофиқат кунем, хуни низомиёни мо беҳуда хоҳад буд!.”

Нетаняҳу афзуд: “Ғазза бояд холӣ аз силоҳу таҳти кантроли комили амниятии Исроил бошад. Барои кантроли комили амниятии Исроил бар кулли қаламрави Ғарби Руди Урдун таомул намекунем.”

Нетаняҳу идома дод: “Ин исрори ман аст, ки солҳо монеъ аз ташкили кишвари Фаластин шудааст, ки метавонист як таҳдиди вуҷудӣ барои Исроил бошад. Бо вуҷуди фишорҳои байналмилалӣ ва дохилӣ, ба мавзеи худ дар бораи муқобила бо ташкили кишвари фаластинӣ идома медиҳам.”

Рӯзи якшанбе вазири ҷанги режими саҳюнистӣ низ дар суханоне изҳор кард, амалиёт дар ХонЮнус ба зудӣ ба манотиқи дигар низ густариш хоҳад ёфт.

Вай таъкид кард, артиш амалиёти худ дар ХонЮнусро густариш ва ба бомбаборони Ғазза то расидан ба аҳдофаш идома хоҳад дод.

Бенямин НетаняҳуҒаззаИсроилРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment