Истирдоди як узви “Гуруҳи 24” аз Маскав ба Тоҷикистон

Шерафкан Миров, узви собиқи ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24”, ки дар байни ҳамсафонаш бо тахаллуси “Сайфулло” маъруф буд ва дар аввали моҳи декабри соли 2023 дар шаҳри Маскав бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда буд, рӯзи 19 январи соли 2024 ба Муҳаммад Тағоев, яке аз фаъолони мухолифин дар Аврупо занг зада, хабар додааст, ки дар роҳ ба фурудгоҳи Маскав қарор дорад ва соати 20 ба вақти Маскав ӯро ба ҳавопаймо савор карда, ба Тоҷикистон истирдод мекунанд. Муҳаммад Тағоев дар ин бора дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри як акси суҳбати видеоияш бо “Сайфулло” хабар дод.

Шерафкан Миров, узви собиқи ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24”, ки дар байни ҳамсафонаш бо тахаллуси “Сайфулло” маъруф буд ва дар аввали моҳи декабри соли 2023 дар шаҳри Маскав бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда буд, рӯзи 19 январи соли 2024 ба Муҳаммад Тағоев, яке аз фаъолони мухолифин дар Аврупо занг зада, хабар додааст, ки дар роҳ ба фурудгоҳи Маскав қарор дорад ва соати 20 ба вақти Маскав ӯро ба ҳавопаймо савор карда, ба Тоҷикистон истирдод мекунанд. Муҳаммад Тағоев дар ин бора дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри як акси суҳбати видеоияш бо “Сайфулло” хабар дод.

Муҳаммад Тағоев шоми 19 январ дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ кард, “Сайфулло” дар ин суҳбати кӯтоҳ ӯро аз истирдодаш ба Тоҷикистон хабардор кард.

Муҳаммад Тағоев гуфт: “Телефонашро, ки баъди чанд рӯзи боздошт аз ӯ гирифта буданд, дар роҳ ба фурудгоҳ ба вай баргардондаанд. “Сайфулло” аввал бо паёмак хабарам дод, ки ӯро ба фурудгоҳ бурда истодаанд. Боварам наомад ва видеоӣ зангаш задам. Маълум буд, ки дар мошин ҳамроҳи кормандони пулиси Русия буд, чунки садои суҳбати байни худашон ба гӯш мерасид, ки бо як забони русии пур аз дашном, ё “мат” буд, ки чунин лаҳн хоси кормандони пулиси рус аст. Ман бо “Сайфулло” хеле кӯтоҳ, шояд ҳудуди як дақиқа суҳбат кардем ва ман як аксашро ҳам гирифта тавонистам. Хеле рӯҳафтода ба назар мерасид. Гуфт, ки ӯро ба фурудгоҳ бурда истодаанд ва ба ҳавопаймои роҳии Тоҷикистон савор мекунанд…”

Мақомоти Русияву Тоҷикистон то кунун хабари боздошт ва инак, истирдоди Шерафкан Мировро ягон шарҳ надодаанд. Вале агар хабари шаби 19 ба 20 январ ба Тоҷикистон фиристоданаш рост бошад, пас “Сайфулло” субҳи барвақти алакай 20 январ бояд ба Душанбе бирасад.

Бино ба иттилои таблои электронии фурудгоҳи Душанбе, субҳи 20 январ аз Маскав ба пойтахти Тоҷикистон бояд 4 ҳавопаймо бирасад: 2 парвози ширкати “Уралские авиалинии” аз фурудгоҳҳои Жуковский ва Домодедово, як парвози “ЮтЭйр” аз фурудгоҳи Внуково ва як парвози “Сомон Эйр” аз Домодедово. Ин 4 ҳавопаймо, тибқи ҷадвал, дар фосилаи кӯтоҳе байни соатҳои 03:50 то 07:30 бояд дар фурудгоҳи Душанбе фуруд биоянд, вале маълум нест, ки “Сайфуллоҳ” бо кадоме аз ин 4 парвоз истирдод мешавад? Маъмулан истирдодҳо бо ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” сурат мегирад, вале мавридҳое ҳам буд, ки ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ низ бо ин ҳадаф истифода мешуданд.

Пойгоҳи хабарии “Бомдоди” моҳи гузашта хабар дода буд, ки Шерафкан Мировро баъди солҳои дар ҳоли фирор ба сар бурданаш рӯзи 6 ило 7 декабри соли 2023 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аз назди манзиле, ки дар Маскав иҷора менишаст, дастгир карданд. Худи “Сайфулло” рӯзи 9 декабр , қабл аз он ки телефонашро бигиранд, ба яке аз дӯстонаш дар Аврупо тамос гирифта, аз боздошташ хабар дод ва гуфт, ӯро бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун боздошти ин мухолифи ҳукуматро шарҳ надодаанд, вале маъмулан ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия бо Душанбе дар мавриди ҷустуҷӯву боздошт ва истирдоди мухолифини сиёсии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ мекунад.

“Сайфулло” тахаллуси Шерафкан (Шеравкан) Миров, санаи таваллудаш 30 декабри соли 1978, аст. Ӯ 10 сол қабл, вақте соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов баъди аз даст додани тиҷоратҳояш ва тарки Тоҷикистон ҳаракати оппозитсионии “Гуруҳи 24”-ро таъсис дод, ба “Гуруҳи 24” пайваст ва дар силсилаи эътирозҳое, ки Қувватов ва ёронаш тобистон ва тирамоҳи соли 2014 дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик доир карданд, иштирок дошт.

Ба гуфтаи дӯстонаш, аз ҳамон вақт ба зидди ӯ дар Тоҷикистон барои иштирокаш дар эътирозҳои зиддиҳукуматӣ парванда кушода буданд ва ин ҳама сол “Сайфулло” дар Маскав ғайриқонунӣ ва амалан ба сурати нимапинҳонӣ кору зиндагӣ мекард.

“Сайфулло” дар Маскав дар як устохонаи тармиму таъмири чархҳои мошин, ё ба истилоҳи маъруфтар, “вулканизатсия” кор мекард ва гӯё соҳиби ин устохона, ки як афсари дар гузашта баландпоя будааст,  ҳимояи ӯро ба дӯш гирифта будааст. Ва “Сайфулло” бо итминон ба ҳимояти ҳамин корфармои пурнуфузаш ин ҳама сол, ки аксари ёрони Умаралӣ Қувватов ба кишварҳои Аврупо паноҳ бурданд, тарки Русия накардааст.

Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони оппозитсияи тоҷик, ки дар Тоҷикистон шарики тиҷоратии Умаралӣ Қувватов буду ҳамроҳи ӯ дар саргаҳи таъсиси “Гуруҳи 24” меистод, дар як суҳбат бо “Бомдод” нақл карда буд, ки “Сайфулло” баъди кушта шудани Қувватов бо дигар раҳбарони баъдии “Гуруҳи 24” соз нагирифт ва аввал ҳамроҳи Шарофиддин Гадоев, Собир Валиев, Сулаймон Давлатов ва чандеи дигар аз аъзои “Гуруҳи 24” ба Конгресси нирӯҳои демократии Тоҷикистон ба раҳбарии Додоҷон Атовуллоев гузашт, вале дар ин созмон низ дер наистод.

Шарофиддин Гадоев нақл карда буд:

“Сайфулло” мухолифи ҳукумати кунунӣ буду боқӣ монд, вале солҳои охир сари танҳо ба муборизаи худ идома медод. То ҷое медонам, ӯ вақтҳои охир ба ақидаҳои раҳбари ҳизби коммунисти Русия Геннадий Зюганов майл пайдо карда буд ва ҳасрати бозгашт ба замони Шӯравиро дар сар дошт”.

“Сайфулло” ҳатто саҳифаҳояш дар Фейсбукро низ дар ҳамин ҳавои ақидаҳои коммунистӣ ва ҳасрати бозгашт ба замони Шӯравӣ  “Таджикская ССР” ва “Тоҷикони СССР” ном гузошта буд.

Охирин матлаби дар яке аз ин саҳифаҳояш гузоштаи “Сайфулло” аз санаи 6 декабр аст, дуруст рӯзе, ки дар Маскав дастгир шуд.

“Гуруҳи 24” аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов соли 2012, дар пайи фирори ӯ аз Тоҷикистон ва ба ғасби тиҷоратҳояш дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба ғасби ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”  айбдор кардани Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои президенти Тоҷикистон ташкил шудааст.

Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард. Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори “Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Дар солҳои охир шумори зиёде аз аъзо ва тарафдорони “Гуруҳи 24” боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд ва қисми дигар ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварданд. Ҳоло ин созмони оппозитсионӣ асосан дар Аврупо амал мекунад, вале раҳбари кунунии “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар дар Туркия қарор дорад.

 

Гурӯҳи 24истирдодМаскавТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment