Вокуниши Русия ба ҳимояти Олмон аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия эълон кард, ки ҳимояти Олмон аз режими Исроил дар парвандаи наслкушии мардуми Ғазза ҷои тааҷҷуб надорад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия эълон кард, ки ҳимояти Олмон аз режими Исроил дар парвандаи наслкушии мардуми Ғазза ҷои тааҷҷуб надорад.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия изҳор кард, ки Маскав аз инки Олмон аз режими Исроил дар парвандаи наслкушии мардуми Ғазза дар додгоҳи байналималалии Гаага ҳимоят кард, тааҷҷуб накарда ва ҳимояти беқайду шарт аз Исроил дар назми байналимилалӣ бар пояи қавонини Вашингтон зарурӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Берлин иттиҳоми наслкушии Исроил дар додгоҳи Гаагаро рад кард. Дар таърихи 5-и январ, сухангӯи дафтари хориҷаи федерали Олмон изҳор кард, ки иқдомоти таҳоҷумии Исроил алайҳи Ҳамос, иқдомоте бо ҳадафи нобудии як гурӯҳи қавмӣ нест.

Дар ҳамин ҳол, ҷумъаи гузашта Олмон эълон кард, ки аз тарафи Исроил ба унвони тарафи севум дар ин парванда дахолат мекунад. Ин кишвар хитоб ба додгоҳи байналмилалии Гаага гуфт: Олмон бо тафсири конвансияи наслкушӣ ва чигунагии истифодаи он дар мавриди парвандаи Исроил мухолиф аст.

Захарова афзуд: ин иқдом тааҷҷубовар нест. Ин бархилофи дурнамои ҳимояти беқайду шарте аст, ки Берлин пайваста аз Исроил сарфи назар аз паёмадҳои он, анҷом додааст.

Дар рӯзҳои поёнии моҳи декабри соли гузашта девони байналмилалии кайфарии «Гаага» бо интишори баёниае эълон кард: Африқои Ҷанубӣ шикояте алайҳи Исроил ба ин девон ироа дода, ки дар он омадааст; Исроил тааҳҳудҳои худро дар бораи конвансияи пешгирӣ ва муҷозоти ҷинояти «наслкушӣ» дар баробари мардуми Фаластин дар Навори Ғаззаро нақз карда ва алайҳи Фаластин ҷиноят кардааст.

Ин иқдоми Африқои Ҷанубӣ таъсирҳои бисёр мусбате дар пай дошта ва бархе кишварҳои дигар ҳам ба саффи ҳаракати Африқои Ҷанубӣ пайвастанд.

ГаагаҒаззаИсроилОлмонРежими саҳюнистӣРусияФаластин
Comments (0)
Add Comment