Ирсоли паҳподҳои “RQ-35” аз сӯи Олмон ба Украина

Олмон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки артиши Украинаро барои идомаи набард бо Русия ба шуморе паҳпод ва худрави зиреҳӣ муҷаҳҳаз мекунад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Олмон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки бастаи дигаре аз кумакҳои низомиро ба Украина барои идомаи набарди бо Русия таҳвил додааст.

Ба гузориши хабаргузории «Интерфакс» давлати Олмон эълом кард, ки ин таҷҳизоти шомили 25 паҳподи “RQ-35” 100 дастгоҳ худрави зиреҳӣ ва муҳиммот барои танки «Леопард-1» аст.

Илова бар ин, Олмон 1840 кулоҳи эменӣ ва таҷҳизотинест кардани лавозимоти ҷангӣ ба артиши Украина таҳвил медиҳад.

Фаронса низ қарор аст даври ҷадиде аз таслиҳотро дар ихтиёри Украина қарор диҳад. Ин таҷҳизот шомили 40 мушаки дурбурди «Scallop» ва садҳо бомб аст.

Ҳам Фаронса ва ҳам Англис ин мушакҳои Курузро дар тобистони 2023 ба Украина арза карданд. Аз он замон ин мушакҳо барои ҳадаф қарор додани чандин ҳадафи роҳбурдӣ аз ҷумла пули «Чунхар», ки Кримаро ба бахшҳои таҳти кантроли Русия дар минтақаи «Херсон» васл мекунад, истифода шудаанд.

Ин дарҳоле аст, ки таҳлилҳои ҷадиди Украина нишон медиҳад, ки Русия бо шурӯъи соли 2024 ба ин су ҳамалоти мушакии густурдаеро дар саросари Украина анҷом хоҳад дод. Русия ахиран бузургтарин ҳамларо дар таърихи ҷанги Русия ва Украина аз назари шумори таҷҳизоти ҳавоӣ анҷом дод. Русҳо ҳамалоти таркибӣ анҷом доданд. Инак силоҳҳои мухталиф ва ҳамчунин мушакҳои баллистик ба таври густурда мавриди истифода қарор мегирад.

Бар асоси таҳлилҳои суратгирифта, русҳо аз тактики коҳиши падофанди ҳавоӣ Украина истифода мекунанд. Бо таваҷҷуҳ ба инки русҳо шумори зиёде мушак партоб мекунанд, ин боиси шиллики бештари падофанди Украина мешавад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ унвон кардааст, ки агари улгуи ҷанг идома пайдо кунад, давлати Украина мумкин аст зарбаи бисёр ҷуброн нопазиреро мутаҳаммил шавад ва Русия ҳаргиз маҷбӯр нахоҳад шуд дастовардҳои худро ҷиҳати таваққуфи ин ҷанг канор бигузорад.

RQ-35Владимир ПутинОлмонРусияРусия ва УкраинаУкраина
Comments (0)
Add Comment