Идомаи бомбаборони Навори Ғазза баъд аз 104 рӯз

Бо гузашти 104 рӯз аз оғози ҷанг ва идомаи бомбаборони Ғазза,  шумори шуҳадои фаластинӣ ба беш аз 24 ҳазор шаҳид расида, ки 10 ҳазору 400 нафар аз қурбониён, кӯдак ҳастанд.

Бо гузашти 104 рӯз аз оғози ҷанг ва идомаи бомбаборони Ғазза,  шумори шуҳадои фаластинӣ ба беш аз 24 ҳазор шаҳид расида, ки 10 ҳазору 400 нафар аз қурбониён, кӯдак ҳастанд. Наздик ба ду миллион нафар аз ҷамъияти 2.2 миллион нафарии Ғазза овора ва беш аз 60 дарсад зерсохтҳои он ё комилан вайрон шуда ва ё осеби зиёде дидааст.

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Ғазза аз афзоиши шумори шуҳадои ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниёни Ғазза ба 24448 нафар хабар дод.

Бинобар гузориши Фаластин Ал-Явм, вазорати беҳдошт ва тандурустии Ғазза эълом кард: режими ишғолгар зарфи 24 соати гузашта 16 ҷиноят алайҳи хонаводаҳои фаластиниён дар Ғазза муртакиб шудааст, ки 163 шаҳид ва 350 маҷрӯҳ ба думбол доштааст.

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Ғазза дар ҳамин ҳол бо шмориши шуҳадо ва маҷрӯҳони фаластинӣ дар ҳамалоти ахири режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ, хотирнишон кард, шумори қурбониёни ин ҳамалот аз оғози таҷовузгари режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар 7 октябр оғози амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” то кунун ба Навори Ғазза ба 24448 шаҳид ва 61504 маҷрӯҳ афзоиш ёфтааст.

Неруҳои муқовимати Фаластин дар борикаи Ғазза шанбе 7 октябр 2023 ) дар вокуниш ба ҷурм ва ҷиноёти мустамар ва пайдарпайи режими палиди ишғолгар аз ҷумла куштори Фаластиниён, беҳурматӣ ба Масҷидулақсо, беҳурматӣ ба муҳофизони он, ҳамлаи шаҳракнишинон бо ҳимояти низомиёни саҳюнистӣ, бо иҷрои амалиёте бо унвони “Тӯфони Ал-Ақсо” мавозеъ ва пойгоҳҳои режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар Қудсро бо даҳҳо мушак ҳадаф қарор доданд. Ин шикаст чунон ғофилгирона ва муваффақиятомез буд, ки расонаҳои исроилӣ низ изъон карданд, ки ин режим дар тӯли таърихш шикасте дар ин сатҳро ба худ надида буд.

Режими ишғолгари саҳюнистӣ ба думболи ин шикасти низомӣ, аз рӯзи амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” ҳамалоти мудовим ва ҷинояткоронааш аз ҷумла бомбаборони беамони манотиқи имаскунӣ, куштори ғайри низомиён, занон ва кӯдакон, иҷрои сиёсати ҷинояти ҷангӣ муҷозоти дастаҷамъӣ ҳамчун қатъи об ва барқи Фаластиниёни Ғазза, бомбаборони бемористонҳо, омбулонсҳо, мактабҳо ва мактабхонаҳо ва паноҳгоҳҳоро бо истифода аз бомбаҳои мамнуъа оғоз кард.

Режими ғосиби саҳюнистӣ пас аз иртикоби ҷиноёти ҷангии густурда, куштори беамони занон ва кӯдакони фаластинӣ, саранҷом таҳти таъсири фишори афкори умумӣ ва бидуни даст ёфтан ба ҳеҷ як аз аҳдофи низомии эълом шудааш аз ҷумла нобудии Ҳамос ва озодсозии беқайду шарти асирони худ, аз рӯзи ҷумъа 24 ноябр ба оташбаси чаҳор рӯза бо Ҳамос ва тавофуқи мубодилаи усаро ва ирсоли кумакҳои инсонӣ ба Ғазза тан дод. Сипас ин оташбас бо талошҳои миёнҷигарон аз ҷумла Қатар, Миср ва Амрико тайи ду рӯзи дигар ва баъд ба сурати рӯзона тамдид шуд ва дар ниҳоят пас аз 7 рӯз барқарории оташбаси муваққат, ин режими ҷинояткор рӯзи ҷумъа 1 декабр аз идомаи он сарбоз зад ва аз он рӯз то ба имрӯз, ки беш аз 100 рӯз мегузарад ҳаррӯз ба ҷурму ҷинояти худ дар Навори Ғазза ва дигар манотиқи Фаластин идома медиҳад ва рӯзона бо анвоъ ва ақсоми силоҳҳо ба манотиқи мухталифи Фаластин ҳамла мекунад ва мардуми мазлум ва бедифои Фаластин аз ҷумла занон ва кӯдаконро ба шаҳодат мерасонад.

Сухангӯи вазорати беҳдошт ва тандурустии Ғазза ахиран ва дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ишора карда буд, ки 70 дарсади шуҳадои фаластинӣ зан ва кӯдак ҳастанд.

Усома Ҳамдон, узви аршади дафтари сиёсии муқовимати исломии Ҳамос низ гуфта буд, ки беш аз 2000 куштори дастаҷамъӣ алайҳи ғайринизомиён дар Навори Ғазза анҷом шуда, ки ҳудуди 21 ҳазор шаҳид бар ҷо гузоштааст. Кушторҳо, муқовимат дар Каронаи Бохтариро аз анҷоми вазоиф мунҳариф нахоҳад кард, чароки набарди “Тӯфони Ал-Ақсо” ба маънои тамоми Фаластин ва ояндаи он аст.

Ӯ дар айни ҳол афзуд: «давлати Амрико дар куштори мардуми мо шарик аст ва аз бозхости ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ мустасно нахоҳад буд. Мо аз дастгоҳҳои амниятии Фаластин мехоҳем силоҳи худро ба сӯи неруҳои ишғолӣ нишона бираванд. Ҳар рӯзе, ки таҷовузоти Исроил алайҳи мардуми мо идома пайдо кунад, ин иқдомот хатари воқеӣ барои асирон хоҳад буд, ки дар назди муқовимат ҳастанд».

Усома Ҳамдон, узви аршади дафтари сиёсии муқовимати исломии Ҳамос гуфт, ки давлати Олмон бо ҳимоят аз ҷинояти куштори ҷамъии Фаластиниён таърихи нозиҳоро ба бадтарин шакл такрор мекунад.

Маҷаллаи олмонии «Шпигел», рӯзи гузашта, фош карда буд, созмонҳои давлатии Олмон бо дархости Исроил барои дарёфти даҳҳазор гулӯлаи тӯпи 120 милиметрии ҳидоятшвандаи дақиқ мувофиқат кардаанд.

Бо ин ҳама ҳимоят ва пуштибонӣ аз режими фошист ва ҷинояткори саҳюнистӣ, гуфтнӣ аст бо гузашти 104 рӯз аз оғози амалиёти муваффақи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҳамлаи ваҳшёнаи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ин режем муваффақ нашуда ҳеҷ кадом аз ҳадафҳои эъломии худро муҳаққақ кунад ва ин мавзӯъ афзоиши шиддати эътирозоти шаҳракнишинон нисбат ба адами таҳаққуқи ҳаргуна дастоварде аз сӯи режими саҳюнистиро дар пай доштааст. Дар ҳамин росто минтақаҳои мухталифи сарзаминҳои ишғолии Фаластин дар рӯзҳои гузашта шоҳиди баргузории тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи Бенямин Нетаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ва кобинаи вай будааст ва мӯътаризон дар ин тазоҳуротҳо хостори барканории Нетаняҳу ва озодии асирони саҳюнистии назди муқовимати Ҳамос шудаанд.

 

104 рӯзАмрикоба Ғаззабомбаборони ҒаззаИсроилОлмонРежими саҳюнистӣсаҳюнистӣТӯфони Ал-АқсоФаластин
Comments (0)
Add Comment