Шикастҳои роҳбурдии режими саҳюнистӣ дар Ғазза

Ҳафти октябри 2023, ҷавонони муқовимати фаластинӣ бо як барномаи иттилоотӣ ва амалиётии беназир, барои аввалин бор пас аз ҳудуди 60 сол вориди хоки ишғолии Фаластин шуданд ва ба режими ишғолгар ёдоварӣ карданд, ки ин хона ғасбӣ аст ва дер нест замоне, ки соҳибони аслиаш онро бозпасгиранд.

Аз ҳамон соатҳои аввали ҳамла, ахбори вокунишҳои масъулони режими саҳюнисӣ ба ин амалиёт тааҷҷуби зиёде барангехт. Масъулони режими ҷинояткор мутааҳҳид ба нобудии комили Ҳамос, кӯчи иҷбории сокинони Ғазза ва нобудии муқовимат дар он минтақа шуданд. Аҳдофи баландпарвозонаи саҳюнистҳо аз ҳамон ибтидо хабари як наслкушии бенатиҷа ва ҷинояти ҷангии беҳосилро дошт. Пас аз гузашти беш аз сад рӯз, аммо дигар бар ҳамагон ошкор шуда, ки ин аҳдофи режим то чӣ ҳад ғайри воқеӣ ва аз сари ҳаяҷоноти пас аз шикасти тармим нопазири 7 октябр будааст. Дар идома ба баррасии бахше аз ин шикастҳо хоҳем пардохт.

Аз ибтидои амалиёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон дар марзҳои шимолӣ, мақомоти режими саҳюнистӣ талоши зиёде барои поин нишондодани омори талафоти худ доштаанд. Аммо баррасии шавоҳиди майдонӣ нишом медиҳад, ки режими ҷинояткори саҳюнистӣ шикастҳои мухталифе аз размандагони фаластинӣ хурдааст.

Режими саҳюнистӣ дар ин сад рӯзи гузашта мутаҳаммили зарботи сангине аз сӯи ҷабҳаи муқовимат шудааст. Дар ҳамлаи 7 октябр, беш аз 300 низомии саҳюнистӣ ба ҳалокат расиданд. То 25 декабр 2023 ва ҳудуди ду моҳ пас аз вуруди заминӣ ба Ғазза, беш аз 750 худрави зиреҳӣ шомили танк ва худравҳои низомӣ ва таҷҳизоти муҳандисӣ осеби ҷузъӣ ё ҷиддӣ дидаанд. Беш аз 5000 сарбози артиши режим мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд, ки аз ин теъдод, ҳудуди 1600 нафар кушта шудаанд ва бақия бо ҷарроҳоти ҷиддӣ аз майдони набард хориҷ шуданд. Дар ҷабҳаи шимолӣ низ саҳюнистҳо рӯзҳои хуберо пушти сар намегузоранд. Беш аз 2000 сарбоз аз 8 октябр 2023 то 5 январ 2024 кушта ё захмӣ шудаанд. Беш аз 40 худрави зиреҳӣ шомили ҳадди ақал 20 танки Меркава мунҳадим шудаанд ва беш аз 180 мавқеияти низомии саҳюнистӣ дар он минтақа ҳадаф қарор гирифта шудааст.

Аз дигар намудҳои шикасти саҳюнистҳо, пазириши шароити Ҳамос ва муқовимат дар раванди табодули усарои шаҳракнишин ва гаравгонҳои фаластинӣ буд. Муқовимат дар ҷараёни ин табодул бо таҳвили усаро дар манотиқи марказии Ғазза, ки режим иддаои кантроли онро дошт, шикасти дигаре бар режими саҳюнистӣ таҳмил кард. Режими саҳюнистӣ ҳамчунин дар чандин марҳала амалиёт барои озодсозии усаро ноком монд ва бо талафоти ҷиддӣ дар неруҳои вижааш ақиб нишинӣ кард. Кор то ҷое пеш рафт, ки дар авоили январ, размндагони Ҳамос муваффақ шуданд чанднизомии саҳюнисти дигарро низ дар Ғазза ба асорат бигиранд.

Ҳамаи ин шикастҳо дар Ғазза намоёнгари он буд, ки режими саҳюнистӣ комилан нотавон аз амал ба ваъдаи нобудии Ҳамос аст, ки масъулини он дар рӯзҳои аввал аз он сухан мегуфтанд.

Шикаст дар афкори умумии байналмилалӣ

Дар натиҷаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза, мавҷи маҳкумияти густурда дар байни афкори умумӣ шакл гирифт ва боиси чархиши маънодори оморҳои ҳимоят аз Фаластин ва маҳкумияти режими саҳюнистӣ шуд. Ҳудуди 70 дарсади мардум дар Биритониё ва ҳудуди 60 дарсади мардуми Иёлоти Муттаҳида мухолифи сиёсатҳои ҷанг афрӯзонаи режими палиди саҳюнистӣ шуданд. Ин ду кишвар ҷузви ҳомиёни аслии режими саҳюнистӣ ҳастанд.

Шикаст дар арсаи сиёсати дохилӣ

Шикофи сиёсии даруни режим пеш аз ҷанг низ ошкор буд ва пешбиниҳо барои аз байн рафтани ин шикоф бо вуқӯъи як ҷанг ба воқеият напайваст. Режими саҳюнистӣ ҳамчунин дар роҳбурди аз байн бурдани ормони муқовимати мусаллаҳонаи Фаластиниён дар сарзаминҳои ишғолӣ ноком монд. Назарсанҷиҳо нишон медиҳад беш аз 70 дарсади мардуми Фаластин дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ пас аз 7 октябр ба муқовимати мусаллаҳона мутамоиланд. Роҳиҳали ду давлатӣ низ дигар ончунон харидоре байни мардуми Фаластин надорад.

Шаҳракнишиноне, ки реша дар ин хок надоранд бо шурӯъи даргириҳо дар Ғазза ва марзҳои шимолӣ, шурӯъ ба муҳоҷирати маъкус карда ва ба дигар нуқоти дунё фирор карданд. Сиёсати афзоиши ҷамъияти шаҳракнишинон бо фирори беш аз 230000 шаҳракнишин аз манотиқи наздик ба марзҳои шимолӣ пас аз ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон ва фирори беш аз 120000 шаҳракнишин аз атрофи Ғазза ба хориҷи сарзаминҳои ишғолӣ шикаст хӯрд.

Шикасти иқтисодии режими саҳюнистӣ

Ҷанги Ғазза ва табаоти он фишори сангине рӯи иқтисоди воридот меҳвар ва ҳамчунин кишоварзии режими саҳюнистӣ дошт. Бо фарохони ҳудуди 220000 неруи захира зарбаи ҷиддӣ ба манобеи неруи инсонии иқтисоди режим ворид шуд. Бархе таҳлилгарон мӯътақиданд ин ҷанг дар тӯлони муддат, зарбаи чаҳор сад миллиард долларӣ ба иқтисоди Исроил хоҳад зад. Ин ҷанг, ки токунун, рӯзона ҳудуди 260 миллион доллар барои Исроил ҳазина ба ҳамроҳ дошта дар оянда низ мушкилоти иқтисодии адидае барои режими саҳюнистӣ ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Бахши кишоварзӣ дар заминҳои наздики манотиқи амалиётӣ (дар марзи бо Лубнон ва Ғазза), бахотири набуди коргар бо уфти шадиде ҳамроҳ будааст.

Иқтисоди Исроил вобастагии шадиде ба воридот аз роҳи дарё дорад. Осеб  ба тиҷорати дарёӣ пас аз кантроли Бобулмандаб ба дасти Яман боис шуд то Исроил даст ба домони Иёлоти Муттаҳида ва дигар муттаҳидони ғарбиаш барои барқарории амнияти тиҷорати дарёӣ шавад. Бархе аз ширкатҳои бузурги киштиронии дунё ҳамкории худ бо банодири Исроилиро мутаваққиф кардаанд. Банодири тиҷорӣ дар ҳамалоти Яман ва муқовимати Ироқ ба Ҳайфо низ осеб дидаанд. Ҳамаи инҳо мӯҷиби хисороти шадиди иқтисодӣ ва боло рафтани ҳазинаҳои воридот ва сармоягузорӣ дар режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ шудааст.

Бинобар ин режими саҳюнистӣ баъд аз беш аз сад рӯз ҷинояте, ки анҷом медиҳад, ба ҳеҷ кадом аз ҳадафҳояш нарсида. Гуфт Ҳамосро аз байн мебарем, натавонистанд. Гуфт мардуми Ғаззаро мунтақил мекунем, натавонист. Гуфт пеши иқдомоти муқовиматро мегирем, натавонистанд. Муқовимат зинда, сарҳол, омода, он режим, хаста, сарафканда, пушаймон ва доғи ботилаи ҷинояткор ба пешониаш хӯрда. Ин вазъе аст, ки имрӯз дар режими саҳюнистӣ вуҷуд дорад.

Ғаззадар ҒаззаИёлоти МуттаҳидаИроқИсроилЛубнон ва ҒаззаРежими саҳюнистӣФаластинФаластиниҲизбуллоҳи ЛубнонЯман
Comments (0)
Add Comment