Посухи кӯбандаи мушакии ҶИЭ ба душманон

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз сешанбеи 16-уми январ эълон кард, ки минтақаҳоеро дар шаҳри Арбили иқлими Курдистони Ироқ ва ҳамчунин Сурия ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додааст.

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз сешанбеи 16-уми январ эълон кард, ки минтақаҳоеро дар шаҳри Арбили иқлими Курдистони Ироқ ва ҳамчунин Сурия ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додааст. Расонаҳои Эрон бо нашри ин хабар ҳамчунин видеои кутоҳеро нашр карданд, ки партоби мушакҳои Сипоҳи посдоронро нишон медиҳад.

Яке аз хабарномаҳои Сипоҳи посдорони Эрон мегӯяд, ки дар ин ҳамлаҳо “марказҳои ҷосусӣ”-и Исроил дар иқлими Курдистони Ироқ ҳадаф қарор дода шудааст.

Чанд дақиқа қабл аз ин нашри ин хабарнома, хабаргузории “Рейтерз” ба нақл аз манбаъҳои амниятии Ироқ гузориш дода буд, ки фаъолияти фурудгоҳи Арбил пас аз шунидани садои таркиш қатъ шудааст.

Сипоҳи посдорон дар хабарномаи худ гуфтааст, ки ҳамлаҳо ба иқлими Курдистон дар вокуниш ба шаҳид шудани фармондеҳони Сипоҳи посдорон ва “Ҷабҳаи муқовимат” будааст ва дар ин ҳамлаҳо “яке аз қароргоҳҳои ҷосусӣ”-и Исроил аз байн бурда шудааст.

Ин хабарнома меафзояд, ки қароргоҳи мазкур “маркази тавсеаи амалиёти ҷосусӣ ва тарҳрезии иқдомоти террористӣ дар минтақа ва хусусан кишвари азизамон будааст, аммо нерӯҳои Эрон бар он нуфузи истихборотӣ доштанд”.

Хабарномаи Сипоҳи посдорони Эрон маълумоте дар бораи маҳали дақиқи ин қароргоҳ надодааст. Аммо хабаргузории “Рейтерз” дар гузориши дигаре навиштааст, ки садои таркиш аз минтақае дар ҳудуди 40-километрии шарқи Арбил ва наздикии консулгарии Амрико шунида шудааст.


Қароргоҳи террористҳо дар Арбил пас аз ҳамлаи мушакии ҶИЭ


Қароргоҳи террористҳо дар Арбил пас аз ҳамлаи мушакии ҶИЭ

Қароргоҳи террористҳо дар Арбил пас аз ҳамлаи мушакии ҶИЭ

МоссадСипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронҳамлаи мушакӣҶИЭ
Comments (0)
Add Comment