Генерал Родон: омодаи тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ бо Тоҷикистон ҳастем!

Фармондеҳи кулли интизомии ҶИЭ дар сафар ба Тоҷикистон ва дидор бо мақомоти кишвар гуфт: омодаи густариш ва таҳкими ҳамкориҳои интизомӣ ва амниятӣ бо кишввари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҳастем.

Фармондеҳи кулли интизомии ҶИЭ дар сафар ба Тоҷикистон ва дидор бо мақомоти кишвар гуфт: омодаи густариш ва таҳкими ҳамкориҳои интизомӣ ва амниятӣ бо кишввари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҳастем.

Генерал Аҳмадризо Родон, фармондеҳи кулли интизомии ҶИЭ дар сафар ба Душанбе бо мақомоти Вазорати кишвари Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Вай дар бораи аҳдоф ва натоиҷи ин сафар ба хабарнигорон гуфт: банда аз ҳузур дар сарзамини Тоҷикистон хурсанд ҳастам, зеро кишваре аст, ки Эрон бо он муштарикоти бисёр зиёде дорад. Ин муштарикатҳо дар ҳавзаи фарҳанг, забон, таърих ва ҳамчунин алоқаи мардуми ду кишвар ба якдигар аст. Гӯё такя ба ин муштарикатҳои фарҳангӣ як суннати таърихӣ аст, ки мардум ва давлатмардони Эрон ва Тоҷикистон ҳамвора барои он арзиш қоил ҳастанд ва ба вуҷудаш ифтихор мекунанд.

Генерал Родон идома дод: вақте байни ду кишвар муштарикатҳои фарҳангӣ, забоне ва таърихии зиёде вуҷуд дорад, табиӣ аст замина барои ҳамкорӣ дар ҳама ҳавзаҳоро фароҳам мекунад. Ин ҳавзаҳо метавонанд иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳамчунин интизомӣ ва амниятӣ бошанд. Дар ҳавзаҳои интизомӣ ва амниятӣ ҳам мо дорои муштарикатҳое ҳастем. Мо аз вуҷуди терроризм ранҷ мебарем ва кишвари Тоҷикистон ҳам нигарони вуҷуди терроризм аст. Ин мавзӯъ метавонад ба вуҷуди марзҳое муртабит бошад, ки гоҳе аз он ноҳия метавонад мушкилоте ба вуҷуд ояд.

Фармондеҳи кулли интизомии ҶИЭ дар идома тасреҳ кард: дар ин сафари кӯтоҳ фурсате фароҳам шуд, то аз донишгоҳи полис боздид ва бо тавонмандиҳои дӯстони тоҷик дар ҳавзаи омӯзиш, пажӯҳиш ва бахшҳои тахассусӣ ошно шавем. Ҳамчунин ҷаласае дар Вазорати кишвари Тоҷикистон доштем, то битавонем заминаи ҳамкориҳои муштарак дар ҳавзаи интизомӣ ва амниятиро афзоиш диҳем.

Вай идома дод: қарор шуд дар ҳавзаи мубориза бо терроризм, ҷурмҳои созмонёфта, ҷурмҳои сайберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва пулшуӣ ва ҳамчунин ҳавзаи неруи инсонӣ, яъне таҳсили донишгоҳӣ аз радаи коршиносӣ то докторӣ бо онҳо ҳамкорӣ кунем ва таҷрибаҳои худро дар ихтиёри онҳо қарор диҳем. Натиҷаи ин иқдом иншоАллоҳ амнияти бештар барои ҳар ду кишвар хоҳад буд.

Генерал родон дар посух ба ин пурсиш, ки оё таомулоти мушобеҳе бо дигар кишварҳои минтақа дар назар гирифта шудааст, гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кишварҳои зиёде ҳамсоя аст ва ин ба он маъно аст, ки дар ҳавзаи равобити байналмилал бояд бо кишварҳои минтақа ва ба вижа кишварҳои ҳамсоя иртибот ва таомул дошта бошем. Аз ин ҷиҳат дар идомаи сафар ба даъвати вазири амнияти умумии Чин озими ин кишвар ҳастем, то зарфиятҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаи интизомӣ ва амниятиро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Вай дар поён гуфт: бо кишвари ҳамсоя Ироқ иртиботи хуб, танготанг ва таърифшудае дорем ва бо кишварҳои дигар ҳам ин иртибот барқарор шуда ва идома хоҳад дошт.

генерал РодонтерроризмТеррористӣТоҷикистонҶИЭЭрон
Comments (0)
Add Comment