Вокуниши Русия ба ҳамлаи Амрико ва Англис ба Яман

Русия ба ҳамлаи Амрико ва Англис ба Яман вокуниш нишон дод ва ин иқдомҳоро омили ташдиди вайронгарӣ дар минтақа донист.

Русия ба ҳамлаи Амрико ва Англис ба Яман вокуниш нишон дод ва ин иқдомҳоро омили ташдиди вайронгарӣ дар минтақа донист.

Ба нақл аз Аларабия, Русия ба думболи ҳамлаи Амрико ва Англис ба Яман хостори баргузории ҷаласаи фаврии Шӯрои амният шуд ва Лондон ва Вашингтонро ба ташдиди вайронгарӣ пас аз ҳамла ба Яман муттаҳам кард.

Маря Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия эълон кард, ки ҳамла ба Яман намунаи дигаре аз таҳрифи қатъномаҳои Шӯрои амният аз сӯи англусаксон ва нодида гирифтани қонуни байналмилалӣ дар ростои ташдиди авзоъ дар минтақа барои таҳаққуқи аҳдофи вайронгарашон аст.

Аз сӯи дигар канали Телеграми намояндагии доими Русия хостори нишасти фаврии Шӯрои амният дар 12-и январ дар бораи ҳамлаи Амрико ва Англис ба Яман шуд.

АмрикоАнглисРусияШӯрои амниятЯман
Comments (0)
Add Comment