Ҳамлаи Амрико ва Бритониё ба аҳдофе дар Яман

Манобеи яманӣ аз ҳамлаи ҳавоии муштараки Амрико ва Бритониё ба манотиқе дар Санъо, Ал-ҳадидаҳ ва Саъда хабар доданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Амрико Бритониё бомдоди имрӯз ҷумъа, ҳамалоти ҳавоӣ ба аҳдофе дар Яман анҷом доданд, ки то ин лаҳза идома дорад.

Ба гуфтаи манобеи яманӣ, фурудгоҳи байналмилалии Санъо ва шаҳри Таиз ҳафт навбат ҳадафи ҳамла қарор гуфтаанд. Шаҳри Ал-ҳадида низ шоҳиди вуқуъи инфиҷор будааст.

Ҳамзамон бо интишори тасовире аз шаҳри Санъо, хабаргузории Ройтерс ба нақл аз чаҳор мақоми Амрико гузориш дод, ки Амрико ва Инглис ҳамалоти ҳавоии худ алайҳи Яманро оғоз кардаанд.

Пентогон аз ҳамла ба 10 ҳадаф дар Яман хабар дод

Расонаҳои Яман низ гузориш медиҳанд, ки вилоятҳои Саъда, Санъо ва Ал-ҳадида ҳадафи ҳамлаи ҳавоии Амрико ва Бритониё қарор гирифтаанд.

Абдусалом: Миллати Яман дар ҳимоят аз Фаластин ақиб нахоҳад кашид; ба ҳамла алайҳи киштиҳои исроилӣ идома медиҳем

Раиси ҳайати музокиракунандаи Санъо ҳадаф аз ҳамалоти бомдоди имрӯз ба Яманро ҳимояти Амрико ва Бритониё аз режими саҳюнистӣ ва боздоштани мардуми Яман аз ҳимояти ҳама ҷонибаи онҳо аз ормони Фаластин донист ва таъкид кард, ин ҳамалот фақат ба қудрату иқтидори яманиҳо сабаб хоҳад шуд.

Муҳамад Абдусалом гуфт: Мутаҷовизони амрикоӣ-инглисӣ бо ин таҷовузи хоинона муртакиби ҳамоқат шуданд ва агар тасаввур мекунанд метавонанд ҷилави яманиҳоро дар ҳимоят аз Фаластин ва Ғазза бигиранд; сахт дар иштибоҳанд.

Артиши Яман киштиҳои ҷангии Амрико ва Бритониёро ҳадаф қарор дод

Артиши Яман дар вокуниш ба ҳамалоти ҳавоии Амрико ва Бритониё ва чанд кишвар ба аҳдофе дар Яман, мушакҳое ба самти киштиҳои ҷангӣ ва мутаҷовизон дар Баҳри Сурх шиллик кард.

Ҳамзамон бо интишори гузоришҳое аз исобати мушаки замин ба замини артиши Яман ба як ҳадафи амрикоӣ дар Баҳри Сурх, узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳи Яман гуфт, ки неруҳои мусаллаҳи ин кишвар бо қудрат дар ҳоли посухи талофиҷӯёна ба киштиҳои амрикоӣ ва инглисӣ дар Баҳри Сурх аст.

Ҳизбуллоҳи Лубнон таҷовузи Амрико ва Бритониё ба Яманро ба шиддат маҳкум кард

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо тамҷид аз ҳимояти ҳамаҷонибаи мардуми Яман аз ормони Фаластин, ҳамалоту таҷовузоти бомдоди имрӯзи Амрико ва Бритониё ба ин кишварро ба шиддат маҳкум ва таъкид кард, ин ҳамалот бори дигар нишон дод Амрико ва Бритониё шарик дар ҷиноятҳои саҳюнистҳо ҳастанд.

Вокуниши сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба таҷовузи Амрико ва Бритониё ба хоки Яман

Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таҷовузи низомии бомдоди имрӯзи Амрико ва Бритониё ба чанд шаҳри Яманро ба шиддат маҳкум кард ва онро иқдомии худсарона, нақзи ошкори ҳокимияту тамомияти арзии Яман ва зидди қонунҳо ва ҳуқуқи байналмилал донист.

Канъонӣ бо таъкид бар инки ин ҳамалоти худсарона натиҷае ҷуз доман задан ба ноамнӣ ва бесуботӣ дар минтақа нахоҳад дошт, афзуд; дар ҳоле, ки режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба ҳамалоту ҷиноятҳои ҷангии худ дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ дар Фаластин идома медиҳад, Амрико ва Инглис дар пайи он ҳастанд, ки бо густариши чатри ҳимоятии худ аз режими саҳюнистӣ, тавваҷуҳи мардуми ҷаҳонро аз ҷиноятҳои ин режими худсохта, ҷинояткор ва мутаҷовиз алайҳи мардуми Фаластини дур созанд.

АмрикоБритониёҒаззаИнглисСанъоЯман
Comments (0)
Add Comment