Эътирофи саҳюнистҳо ба шикаст дар набарди “Тӯфони Ал-Ақсо”

96 рӯз аз ҷанг алайҳи мардуми мазлуми Ғазза мегузарад ва алорағми тадовуми ҷиноёти ҷангӣ ва ваҳшиёна алайҳи занон ва кӯдакон, акнун Фаластин пирӯзи қатъӣ ва ниҳоӣ дар набард алайҳи режими ҷинояткори саҳюнистӣ аст.

Бо баррасии раванди ҷанг дар Ғазза ба ин натиҷа мерасем, ки режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ бо тамоми ҷиноёте ки дар Фаластин муртакиб мешавад боз тавони пирӯзӣ дар ҷанги Ғаззаро надорад.

Ба эътиқоди коршиносони низомии худи саҳюнистҳо вуруди заминии артиши Исроил ба Навори Ғазза ҳамонанди вуруд дар ботлоқе будааст, ки имкони раҳоӣ ва хуруҷ аз он сахт ва душвор аст. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки худи коршиносон ва масъулини радаболои режими саҳюнистӣ ба адами нотавонии худ дар ҷанги Ғазза ва амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” эътироф карданд. Дар ҳамин замина нашрияи Ҳааретс дар матлабе таҳти унвони мо пирӯз нахоҳем шуд, ба таври аланӣ ба шикаст дар набарди Ғазза эътироф кардааст.

16 октябр шӯрои ҷанги Исроил аҳдофи ҷангро эълом кард, ки аз байн бурдани иқтидори Ҳамос ва нобудии таҷҳизоти низомии он, бардошташудани таҳдиди муқовимати исломии Ҳамос алайҳи Исроил аз Навори Ғазза ва талоши ҳаддиаксарӣ барои ҳалли мавзӯъи асирон ва ҳифозат аз марзҳои онҳо буд, ки акнун баъд аз гузашти 96 рӯз аз ҷанг шаҳрвандони исроилӣ шоҳиди онанд, ки ба ҳеҷ як аз ин аҳдоф нахоҳад расид.

Дар ҳоли ҳозир назарсанҷиҳо нишон медиҳад, амалкарди артиши Исроил дар Ғазза ҷойгоҳи Ҳамосро назди Фаластиниён натанҳо дар Ғазза, балки дар Каронаи Бохтарӣ низ тақвият мекунад. Ҳар кас, ки то дирӯз Ҳамосро дар Ғазза намепазируфт, акнун онро дар ташкилоти худгардони Фаластин мепазирад. Ончи ба назари бисёре талошҳои ҳаддиаксарӣ барои озодии зиндониён буд, танҳо то ҳудуде муваффақ ба озодии камтар аз ниме аз онҳо шуд ва ҳар рӯз, ки бештар набард идома ёбад, агар тавофуқе барои озодии онҳо шакл нагирад, ҷони бештари асирон ба хатар меафтад.

Ба эътирофи худи саҳюнистҳо, ҷойгоҳи байналамллии Исроил дар ҷаҳон бадтар шуда ва ба таври бесобиқае таназзул ёфтааст. Натанҳо равобит бо кишварҳои дӯст ва дар марҳалаи нахуст Иёлоти Муттаҳида хароб шуда, балки ҷавомеъи яҳуд дар нуқоти мухталифи ҷаҳон низ таҳдид мекунанд ва хоҳони ихроҷи исроилиҳо ба хориҷ аз кишварҳояшон ҳастанд. Ҷойгоҳи онҳо назди кишварҳои минтақа ба шиддат таназзул ёфтааст.

Ва ҳамчунин заъфи Исроил дар баробари ҳамалоти Ҳизбуллоҳ таъйид кунандаи шикаст режими кӯадаккуши саҳюнистӣ дар набарди Ғазза аст ва ҳатто Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ба ин воқеият пай бурд ва ба суръати густарда неруи низомии бузурге ба дарёи Мидитарона фиристод.

Бо вуҷуди неруҳои боздорндаи Амрико, боз Ҳизбуллоҳ даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони шимоли Исроилро дар кишварашон ба оворагӣ табдил кард ва Яманиҳо муваффақ мешаванд иртиботи дарёӣ Исроилро бо ҷануб қатъ кунанд. Бинобар ин Исроил маҷбӯр аст ончиро, ки аз назараш дар солҳои 1956 ва 1967 далеле барои эълони ҷанг талаққӣ мешуд, бипазирад.

Бинобар ин, эътирофи худи Исроил ба шикасти худ дар набарди “Тӯфони Ал-Ақсо” ба бозгардондани ғурури миллии Фаластиниён кумак мекунад, ки 56 сол поймол шудааст. Ба назар меояд ин марҳалаи иҷборӣ ва шикастҳои пай дар пайи режими саҳюнистӣ раванде бошад, ки ба таваққуфи ҷанги Ғазза ва муомилаи мубодилаи асирон мунҷар ва ба василаи он ҳамаи асирони фаластинӣ дар изои ҳамаи зиндониёни исроилӣ озод шаванд.

Ин як воқеияте аст, ки Исроил маҷбӯр хоҳад шуд ҳаққи Фаластиниёнро барои доштани кишвари мустақил ба расмият бишносад ва бо ҳар раҳбаре, ки интихоб кунанд, барои поёни муноқиша бар мабнои қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ибтикороти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба пойи мизи музокира бинишинад.

Қатъан ва бидуни шак амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” ва набарди ҷавонмардона ва муқтадиронаи муҷоҳидини Фаластин уфуқи нав ва тозаеро дар Ховари Миёна навид медиҳад.

ҒаззасаҳюнистҳоСозмони Милали МуттаҳидТӯфони Ал-АқсоФаластинЭътирофи саҳюнистҳо
Comments (0)
Add Comment