Афзоиши ҳамлаҳои артиши саҳюнистӣ ба марказ ва ҷануби Ғазза

Артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ ҳамлаҳои худ дар марказ ва ҷануби Навори Ғаззаро дар ҳоле, ки ташдид кард, ки шабона рӯзи гузашта яке аз хунбортарин рӯзҳои артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Ғазза буд.

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Амаёдин”, даргириҳои артиши режими ғосиби саҳюнистӣ дар Ғазза дишаб бештар мутамаркиз ба манотиқи марказӣ ва ҷануби Ғазза буд. Дар ҳамин росто болгардҳои режими саҳюнистӣ ба сурати густурда ба самти урдугоҳи Ал-Мағозӣ воқеъ дар маркази Навори Ғазза тирандозӣ карданд.

Низомиёни режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар амалиёти худ дар минтақаи Мироҷ воқеъ дар ҷануби шаҳри Хон Юнус аз гулӯлаҳои мунаввар истифода карданд. Артиши режими Исроил ҳамчунин муҳити атрофи бемористони Аврупоӣ ва манотиқи мухталиф дар шаҳри Хон Юнус воқеъ дар ҷануби Навори Ғаззаро ҳадафи ҳамалоти тӯпхонаӣ худ қарор доданд. Аз шуҳадо ва маҷрӯҳони эҳтимолии ин ҳамалот ҳанӯз хабаре дар даст нест.

Тӯпхонаҳои режими саҳюнистӣ ҳамчунин атрофи минтақаи Ан-Нақура ва Рабқин дар манотиқи ҷанубиро низ гулӯлаборон карданд. Ито Аш-Шаъб аз манотиқи марказии Навори Ғазза низ бахше аз аҳдофи саҳюнистӣ дар ин ҳамалотро шакл дод.

Гузоришҳои расонаӣ ҳокӣ аз он аст, ки дар натиҷаи ҳамалоти мушакии режими саҳюнистӣ ба урдугоҳи Ан-Насирот воқеъ дар маркази Навор Ғазза теъдоде аз Фаластиниён ба шаҳодат расида ва теъдоде дигар низ захмӣ шудаанд.

Ҷангандаҳои режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ҳамчунин ҳамалотеро дар атрофи бемористони Носир дар шаҳри Хон Юнус анҷом доданд.

Дар ҳамин робита артиши режими саҳюнистӣ соати пеш аз ҳалокати 4 тан аз низомён ва афсарон ва захмӣ шудани 6 тани дигар аз неруҳои худ дар даргириҳои мавҷуд дар Навори Ғазза хабар дод. Ба ин тартиб теъдоди талафоти низомиёни режими ғосиби саҳюнистӣ, ки ба сурати расмӣ таъйид шудааст, ба адади 514 нафар расид. Дишаб низ расонаҳои саҳюнистӣ аз кушта шудани 9 тан азнзомиёни худ дар даргириҳои Ғазза хабар дода буданд.

Ба эътирофи ин манобеи ибрӣ забон, дар ду ҳамлаи ҷудогона гурдонҳои Қассом, шохаи низомии ҷиҳоди исломии Ҳамос дар Навори Ғазза, 9 афсар саҳюнистӣ ба ҳалокат расиданд ва чанди низомии дигари ин рижим низ маҷрӯҳ шуданд.

Навори ҒаззаРежими саҳюнистӣсаҳюнистӣҲамосҷануби Ғазза
Comments (0)
Add Comment