Мардумдорӣ; нуқтаи асосии сиёсатҳои низоми исломӣ аз нигоҳи оятуллоҳ Хоманаӣ

Раҳбари инқилоби исломии Эрон имрӯз дар солрӯзи қиёми таърихии мардуми Қум дар 19-уми моҳе дейи соли 1356 ҳ.ш дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми ин шаҳр суханронӣ кард.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз дар солрӯзи қиёми таърихии мардуми Қум дар 19-уми моҳе дейи соли 1356 ҳ.ш дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми ин шаҳр, бо ишора ба қудрати беназири нақшофаринии мардум, ҳузур ва парчамдории миллат дар ҳар арса ва майдонро, роҳбурди муассир ва роҳгушои имом Хумайнӣ ва низоми исломӣ донист ва ҳамчунин беангеза кардан ва берун кашидани мардум аз саҳнаро, роҳбурд душманони сарзамини поки Эрон ба вижа Амрико ва саҳюнизм хонд ва таъкид кард: ҳар касе дар ҳар ҷое забони гӯё, асаргузор ва мухотаб дорад, бояд бо маърифатафзоӣ, мардумро ба ҳузур дар арсаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар арсаҳо фарохонад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, Қумро шаҳри қиём ва маърифат ва ҷиҳод номид ва бо ишора ба дарсҳои мондагори қиёми худҷӯши мардуми муъмини ин шаҳр дар 19 дайи 1356, гуфтанд: ин ҳодисаи азим, ки дар эътироз ба иқдоми режими вобаста дар интишори мақолае иҳонатомез нисбат ба имом Хумайнӣ сурат гирифт, исботи қудрати нақшофаринии мардум дар ҳаводиси бузург аст.

Ишон Ғаззаро мисдоқи айнӣ аз ин қудрати азими мардум донист ва гуфт: гурӯҳи кӯчаке аз мардум дар замини кӯчак, Амрико бо он ҳама иддао ва режими саҳюнистӣ овезон ба Амрикоро бо қудрати сабр ва истодагии худ, дармонда кардаанд.

Раҳбари инқилоби ҶИЭ, сарнагунии режим вобаста ва золими тоғутро дар фосилаи ҳудуд яксол аз қиёми ҷараёнсози мардум Қум, натиҷаи малмуси ҳузури мардум дар саҳна баршумурд ва гуфт: ин дарси бузургро, имом Хумайнии бузургавор дар солҳои 41 ва 42 ҳ.ш бо ҳарф ва амал ба миллат омӯхт ва нишон дод, ки ҳузури мардум дар майдон мӯъҷизаофарин аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, такя бар тӯдаҳои мардумро интихоби роҳбурдии имом Хумайнӣ дар қиболи равишҳои роиҷи сиёсӣ аз ҷумла нишасту бархост бо аҳзоб ва чеҳраҳои сиёсӣ донист ва афзуд: Имом дар 12 Хурдоди 42ҳ.ш дар мадрасаи Файзия ба майдон омад, мардумро ҳам ба майдон овард ва парчамро ба дасти онҳо дод, ки қиёми мардум дар 15 Хурдоди 42 ҳ.ш дар Теҳрон, Қум ва Варомин ва шаҳрҳои дигар, посухи миллат ба ин даъват буд.

Ишон қиёми худҷӯши 19 Дайи мардуми Қумро ҳам посухе ба дарси имом Хумайнӣ барои ҳузури ҳамешагӣ дар майдон баршумурд ва гуфт: такя бар мардум албатта дарси Ҳазрати Алӣ(к) аст, ки дар киоби Наҳҷулбалоға мефармояд тӯдаҳои мардум такягоҳи дин, баданаи аслии ҷомеа ва захираи рӯзи рӯйӣ бо душман ҳастанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо интиқод аз касоне, ки ҳузури раисҷумҳур дар миёни мардумро “пополисм” мехонанд, гуфт: мардумдорӣ нуқтаи аслии сиёсатҳои низом аст; албатта кайфияти кор кардан бо тӯдаҳои мардум ҳунари бузурге аст, ки бояд дар он андеша кард.

Раҳбари инқилоби ҶИЭ, “ҷиҳатдеҳии дақиқ” ва “тавонбахшии маърифаӣ”-ро ду асли кашондани мардум ба майдони мубориза ва истодагӣ донист ва гуфт: ҳадаф аз даъвати мардум ба ҳузур, ҳокимияти исломӣ, иззати исломӣ, салоҳи комил ва эътилои миллат ва муқобила бо истикбор аст.

Ишон маърифатофзоии мардумро вазифаи андешмандон, устодон, равшанфикрон, толбилмон ва дигар қишрҳои муассир дар афкори умумӣ хонд ва гуфт: Амрикоиҳо бо соддаандешӣ ва муҳосиботи ғалат ба ҳамроҳ дилбастагонашон баъд аз 45 сол ҳамчунон дар ҳоли тавҷеҳи чеҳраи режими манҳус ва вобастае ҳастанд, ки дар 22-и Баҳмани 57 ҳ.ш бо лагади миллат аз ин хоки пок ба берун ронда шуд.

Раҳбари инқилоб бо баёни дахолати мустақими Англис дар рӯи кор омадани Ризохон афзуд: ин унсури дастнишонда ба кумаки авомили Англис баъд аз чанд сол шурӯъ ба истиҳолаи ва табдилоти норавои фарҳангии миллат кард, ки “кашфи ҳиҷоб, таътилии ҳавзаҳо ва маросими азодорӣ” ва иқдомоти мушобеҳ Ӯро бояд бо ин чашм нигоҳ кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба дахолати Англис дар рӯи кор омадани Муҳаммадризо ва кудатои муштараки Амрико ва Англис барои бозгардондани шоҳи фирорӣ ба қудрат дар соли 1332 ҳ.ш, афзуд: режими тоғут аввал, васат ва охираш бо кумаки бегонагон рӯи кор омад ва ба ҳаёти нангинаш идома дод ва дар муқобили ин кумакҳо, натанҳо нефти Эрон, балки иззат, дин ва шарафи миллатро ҳам ба бегонагон фурӯхт, аммо ҳоло баъзеҳо дар талош барои тавҷеҳи он режими фосид ҳастанд.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар идомаи суханонаш ба табйини роҳбурди ҷабҳаи истикбор ва истисмор дар Эрон пардохт ва афзуд: Амрико ва режими саҳюнистӣ дар нуқтаи муқобили роҳбурди имом Хумайнӣ барои овардани мардум ба васати майдон ва супурдани парчами талош ва мубориза ба онҳо, сиёсати калони “берун кашондани мардуми Эрон аз саҳна”-ро ба кор гирифтаанд ва имрӯз ҳам дар ниҳояти бадбахтӣ бо равишҳои мухталиф, ин сиёсатро пайгирӣ мекунанд.

Ишон талош барои кӯчак шумурдани ҳузури мардум дар муносибатҳои муҳимро яке аз тарфандҳои душман барои хориҷ кардани мардум аз саҳна донист ва гуфт: масхара кардани роҳпаймои Арбаин, тардид афиканӣ дар бораи эҳтироми мардум ба сардори бузурги Эрон ва минтақа (Қосими Сулаймонӣ) ва ҳамчунин эҷоди тардид дар заминаи ҳузури боазамати мардум дар ҷашнҳои мазҳабӣ, монанди нимаи моҳи Шаъбон аз намунаҳои сиёсати роҳбурдии душман барои берун овардани мардум аз майдон аст.

Раҳбари инқилоби ҶИЭ афзуд: иллати ин душманӣ он аст, ки фаҳмидаанд, омили пешрафт ва иззатёбии Эрон ва матраҳ шудани он ба унвони як қудрати шохис дар минтақа ва эҷоди умқи роҳбурдии беназир барои низом яъне нерӯҳои муқовимат дар саросари минтақа, ва шикасти ҳамаи тавтеаҳо аз кудато ва ҷанги таҳмилӣ то тавтеаҳои амниятӣ, ҳузури мардуми Эрон дар саҳна аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: албатта дар ҷое, ки ба ҳар далел монеи ҳузури мардум дар саҳна шудаанд, душман хурсанд шудааст, ки хеле аз бахшҳои иқтисодӣ ҳаминтавр аст.

Ишон аз дигар шигирдҳо барои хориҷ кардани мардум аз саҳнаро талоши расонаҳои бегона барои маъюс кардани мардум ва бахусус ҷавонон аз оянда донист ва гуфт: таъмим ё бузургнамоии нуктаҳои манфӣ, тарвиҷи бефоида будани ҳузур дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва интихобот, ва ба рух кашидан камбудҳо ва сахтиҳои иқтисодӣ аз ҷумлаи фаъолиятҳои таблиғотии онҳост.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон афзуд: албатта бешак, мушкили иқтисодӣ дорем ва заъфҳои гуногуне ҳам буда ва идома пайдо кардааст, ки агар таҳқиқ ва диққат шавад, бештари ин заъфҳо ҳам аз ҳузур надоштани мардум буда ва дар арсаҳои ҳузури мардум, заъфҳо камтар аст.

Ишон “тарсондан аз қудратҳо ва аз Амрико ва режими саҳюнистӣ”-ро тарфанди дигар барои берун рондани мардум аз майдон донист ва гуфт: агар қарор буд миллати Эрон аз фалон қудрат битарсад, Ҷумҳурии Исломӣ дигар вуҷуд надошт, зимни инки имрӯз хеле аз қудратҳое, ки доядори тасаллут ва худоӣ бар минтақа буданд, аз миллати Эрон метарсанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ абзори дигари бегонагон барои хориҷ кардани мардум аз саҳнаро “беэътиқод кардани мардум ба авомили ҳузур, шуҷоат ва қудрат” хонд ва гуфт: дар раъси авомили қудратофарин, имони динӣ аст ва талош ва таблиғоти душман бо ҳадафи тазъифи ин авомил анҷом мешавад.

Ишон афзуд: ба қазияи ҳиҷоб ва монанди он бояд бо ин нигоҳ таваҷҷуҳ ва кор кард, ки масъала сирфан ноогоҳии иддае аз мавзуи ҳиҷоб нест, балки иддаи каме бо ангезаи мухолифат ин корҳоро мекунанд.

“Эҷоди ихтилоф ва дуқутбӣ кардани мардум” ба наҳве, ки мавзуъ аз ихтилофот дӯстона хориҷ ва ба маҳкум кардани ҳар ҳарфе, агарчи барои тарафи муқобил хуб дониста шавад, шигирди дигаре барои холӣ кардан майдон аз ҳузури мардум буд, ки раҳбари инқилоб пас аз табйини он гуфт: роҳи муқобила бо ин нақшаҳо, ҳузури мардум дар масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, интихобот ва ҳатто масоили амниятӣ аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: дар заминаи масоили амниятӣ мардум метавонанд бо шиносоии авомили душман ба дастгоҳҳои амниятӣ кумак кунанд, ҳамчунон, ки токунун хеле аз мушкилоти амниятӣ бо кумаки мардум бартараф шуда ва дастгоҳҳо аз вуқӯи фаҷоеаи мушобеҳи ҳодисаи Кирмон пешгирӣ кардаанд, ки шояд битавон гуфт мизони хунсосозии тавтеаҳо даҳҳо баробари чизе аст, ки иттифоқ меафтад.

Ишон тарвиҷи ҳузур ва нақшофаринии мардум ба унвони рукни муҳими идораи саҳеҳи кишвар ва лозимаи қатъӣ дастёбии инқилоб ба аҳдофро навъе “тавсия ба ҳақ” ва вазифаи ҳар соҳибсадо ва минбар баршумурд ва афзуд: олими динӣ, марҷаъ, рӯҳонӣ, устоди донишгоҳ, ҳунарманд, мудир, масъули сиёсӣ, садо ва симо, ва ҳама вазифа доранд мардумро ба ҳузур дар майдон ва истодагӣ дар он тарғиб кунанд, албатта вазифаи масъулони ҳукуматӣ сангинтар аст, чароки мардум омодаанд ва бояд заминаро барои ҳузури онҳо омода кард.

Раҳбари инқилоб, иҷтимои азими мардум дар чаҳорумин солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ, ҳузури мардум дар роҳпаймоиҳои 22 Баҳман ва Рӯзи қудс ва иҷтимоъ дар айёмуллоҳҳое ҳамчун солрӯзи 9-и Дейро нишонаҳои боризи омодагии мардум барои ҳузур дар майдон донист ва гуфт: мардум дар солрӯз шаҳодати сардори пурифтихор аз роҳҳои дур барои зиёрат ба Кирмон омаданд ва бо вуҷуди он иттифоқи фоҷиабор, фардо ҳамон иҷтимои мардумӣ бо ҳамон шиддат ва қудрат ва ангеза идома ёфт. Ин яъне мардум омода ҳастанд ва мо масъулон бояд заминаро барои ҳузури онҳо омода кунем.

Ишон дар бораи қазияи андӯҳбори Кирмон таъкид кард: ин фоҷеа ба маънои воқеӣ миллати моро мусибатзада кард, албатта мо исроре надорем, ки ину онро муттаҳам кунем, аммо исрор дорем авомили воқеӣ ва пушти пардаи мавзуъро шиносоӣ ва онҳоро саркӯб кунем, ки иншоАллоҳ масъулони мӯҳтарам, ки ба таври ҷиддӣ машғули кор ҳастанд, битавонанд авомилеро, ки дар ин ҷиноят дахолат доштанд ва пушти он буданд, ба сазои аъмолашон бирасонанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши поёнии суханонашон, мавзуи Ғаззаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода ва бо ишора ба таҳаққуқи тадриҷии пешбиниҳои равшанбинон дар ин мавзуъ гуфт: пешбинӣ мешуд, ки пирӯзи ин майдон, муқовимати Фаластин аст ва онки шикаст хоҳад хӯрд, режими хабис ва малъуни саҳюнистӣ аст, ки имрӯз ин пешбинӣ дар ҳоли таҳаққуқ аст.

Ишон се моҳ ҷиноят ва кӯдакукшии саҳюнистҳоро ҳодисае фаромӯшнашуднӣ дар таърих донист ва афзуд: ҳатто пас аз нобудӣ ва пок шудани ин режим аз рӯи замин, ин ҷиноятҳо фаромӯш намешавад ва дар таърих хоҳанд навишт, ки рӯзе иддае дар ин минтақа ба ҳукумат расиданд, ки дар тӯли чанд ҳафта ҳазорон кӯдакро ба қатл расонданд, аммо сабри мардум ва истодагӣ ва муқовимати фаластинӣ, онҳоро водор ба ақибнишинӣ кард.

Раҳбари инқилоби ҶИЭ дар табйини нишонаҳои шикаст ва нокомии режими саҳюнистӣ пас аз ҳудуди 100 рӯз ҷиноят таъкид кард: онҳо гуфта буданд Ҳамос ва муқовиматро аз байн мебарем ва мардуми Ғаззаро мунтақил мекунем, ки натавонистанд ва имрӯз муқовимат, зинда ва сари ҳол ва омода аст, дар ҳоле, ки режими саҳюнистӣ, хаста ва сарафканда ва пушаймон аст ва доғи ботини ҷинояткор ба пешонии он хӯрдааст.

Ишон ин ҳамовардиро як ибрат донист ва гуфт: ин ибрат нишон медиҳад бояд хатти истодагӣ дар муқобили зулм, зӯр, истикбор ва ғасб думбол шавад ва муқовимат ҳамчунон худро ба рӯз ва омода нигаҳ дорад ва аз тарфанди душмани ғофил намонад ва ба ёрии Худо ҳар ҷо имкон дошт ба душман зарба ворид кунад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: иншоАллоҳ рӯзе фаро хоҳад расид, ки миллати Эрон ва миллатҳои мусулмон, ғалабаи сабр ва истодагӣ ва таваккул ба Худо бар душманон ва шайтонҳои оламро ба чашм бубинанд.

амалиёти террористӣАмрикоҒаззаИнқилоби ИсломӣинтихоботКирмонҚумОятуллоҳ ХоманаӣРежими саҳюнистӣҶИЭ
Comments (0)
Add Comment