Сафари Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз Рустами Эмомалӣ, Раис Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳӯрии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе бо сафари расмӣ ба Ҷумҳӯрии Исломии Эрон сафар кард.

Дар сафари Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанберо руасои Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олӣ ва соири мақомот ҳамроҳи доранд.

Қаблан Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф, дар робита ба ҳамлаи мудҳиши террористӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дар шаҳри Кирмон барқияи ҳамдардӣ ирсол намуда буд.

Пеш аз ӯ Эмомалӣ Раҳмон низ ин фоҷиаро ба раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кулии мардуми ин сарзамин тасаллият гуфта буд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмон дар чаҳорумин солгарди женерол Қосими Сулаймонӣ дастикам 89 нафар шаҳид шуданд, ки 12 нафари онҳо кӯдакони то 15 – сола мебошанд.

Рустами ЭмомалӣсафарЭрон
Comments (0)
Add Comment