Шаҳодати 5 ҷавони фаластинӣ дар ҳамла ба Каронаи Бохтарӣ

Артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ монанди рӯзҳои гузашта бо ҳамла ба шаҳрҳои мухталифи Каронаи Бохтарӣ талош дорад ба заъми худ тарс ва ваҳшатро дар миёни сокинони ин минтақа густариш диҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Маёдин”, гузоришҳои расонаӣ ҳокӣ аз он аст, ки аносири артиши режими саҳюнистӣ тайи соатҳои гузашта ба шаҳрҳои мухталифи Каронаи Бохтарӣ аз ҷумла Ҷанин ҳамла карданд.

Ҳамзамон бо ҳамали ин ишғолгарон ба Ҷанин садои як инфиҷори густурда дар ин минтақа ба гӯш расид.

Хонаҳои маскунии Фаластиниҳо дар маҳаллаи Ал-Ҳавошайн воқеъ дар урдугоҳи Ҷанин шоҳиди ҳамлаи аносири ишғолгар будааст. Шабакаи Ал-Ҷазира гузориш дод, ки ҳамзамон бо ҳамлаи ишғолгарон ба урдугоҳи Ҷанин барқи ин урдугоҳ қатъ шуд.

Аносири артиши режими саҳнистӣ ба шаҳри Аз-Зоҳирия воқеъ дар ҷануби устони Ал-Халил ва шаҳри Қалқиля низ ҳамла карданд. Дар ҷараён ин ҳамла як ҷавони фаластинӣ дар шимоли Каронаи Бохтарӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнисӣ захмӣ шуд.

Урдугоҳҳои Ал-Ҷалзун воқеъ дар шимоли Ромуллоҳ ва Айнус-Султон дар шаҳри Ариҳо низ шоҳиди ҳамлаи аносири саҳюнистӣ буданд.

Шабакаи Ал-Ҷазира дақоиқе қабл гузориш дод, ки дасти кам панҷ ҷавони фаластинӣ ба зарби гулӯлаи аносири саҳюнистӣ дар минтақаи Ас-Сафҳа воқеъ дар ғарби Азун дар шимоли Каронаи Бохтарӣ ба шаҳодат расиданд.

Бо шаҳодати ин панҷ ҷавони фаластинӣ сокинони минтақаи Азун азои умумӣ эълом карданд.

Бошгоҳи асирони фаластинӣ рӯз гузашта эълом кард: низомиёни саҳюнистӣ 32 шаҳрванди Фаластиниро дар Каронаи Бохтари боздошт карданд, ки дар миёни онҳо як зан ба чашм мехӯрад.

Шумори боздошт шудагон дар Каронаи Бохтарӣ аз оғози набарди Тӯфони Ал-Ақсо дар Ғазза токунун ба ҳудуди 5000 нафар расидааст.

ҒаззаКаронаи БохтарӣФаластинФаластиниҶанин
Comments (0)
Add Comment