Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои АвруОсиё ба Эрон

Ҳамкориҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо кишвари Эрон дар ҳоли рушд қарор доранд. Ба иттлои омори расмӣ содирот аз ИИАО ба Эрон афзоиш ёфтааст.

Ҳамкориҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо кишвари Эрон дар ҳоли рушд қарор доранд. Ба иттлои омори расмӣ содирот аз ИИАО ба Эрон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши манбаъ:

Эрон яке аз муҳимтарин шарикони тиҷоратии ИИАО ба шумор рафта, дар байни кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷои сеюм қарор дорад.

Дар оянда содирот дар ба ин кишвар, аз ҷумла аз ҳисоби маҳсулоти гӯштӣ афзоиш хоҳад ёфт.

Маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ муҳимтарин маҳсулоти тиҷории кишварҳои ИИАО ва Эрон аст, муовини мудири ширкати “Агроэкспорт” Айна Кусайнова.

Дар соли 2022 ин маҳсулот тақрибан 90% содирот ва нисфи воридотро ташкил медиҳанд.

Тибқи гузорише, ки омори расмӣ дар 5 соли ахир интиқоли ин намуди колоҳо ба Эрон 5 баробар афзоиш ёфта, ба 3 млрду 750 млн доллар расидааст.

Ба гуфтаи Андрей Слепнев, вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ки масъули соҳа аст, дар чаҳорчӯби Созишномаи тиҷорати озод байни кишварҳои ИИАО ва Эрон, коҳиши 90% боҷ барои тамоми маҳсулот ва беш аз 99% содирот дар назар аст.

Ин иқдом имкон медиҳад, ки содирот, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизо афзоиш ёбад. Асоси содироти АвруОсиё ба Эрон айни замон ғалладона (73%), инчунин равған ва равғани растанӣ (25%) мебошад.

Дар оянда, тибки иттилоъ, содироти на танҳо маҳсулоти дар боло зикршуда, балки гушти гову гусфанд, гушти мурғ, консерв, махсулоти каннодӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзии дорои арзиши иловашуда низ афзоиш хоҳад ёфт.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар фазои гарму дӯстона, тавре вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои Русия ва Венесуэла дар бисёр соҳаҳо баҳои баланд доданд.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҷонибдори наздикшавии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва Амрикои Лотинӣ аст.

Дар ин бора дар ҷараёни музокироти вазири умури хориҷии Русия ва раҳбари вазорати корҳои хориҷии Венесуэла Иван Гил Пинто маълум шуд.

Лавров гуфт:

“Дар сатҳи минтақавӣ мо аз таваҷҷӯҳи Венесуэла ба таҳкими механизмҳои ҳамгироӣ, бахусус ALBA ва CELAC (Иттиҳоди Боливариан барои мардумони Амрико ва Ҷомеаи кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб) истиқбол кардем”.

Дар фазои гарму дӯстона, тавре вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои Русияву Венесуэла дар бисёр соҳаҳо баҳои баланд доданд.

Илова бар ин, вазирон қадамҳои таҳкими шарикии стратегии Маскав ва Каракасро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ муайян карданд.

Ёдовар мешавем, ки муомилоти молии давлатҳо дар доираи ИИАО дар натиҷаи ҳамагӣ 8 моҳи соли ҷорӣ 2 баробар афзоиш ёфтааст, гуфт муовини вазири рушди иқтисод.

Ҳамин тариқ гуфта мешавад, ки 17 ноябр системаи “Мир” дар Венесуэла ба кор шуруъ кардааст. Шаҳрвандони Венесуэла имкон доранд, ки тавассути платформаи Русия дар саросари кишвар пардохт кунанд.

Моҳи октябр Карлос Рон, муовини раиси Вазорати корҳои хориҷии Венесуэла дар умури Амрикои Шимолӣ гуфт, ки кишвар қасд дорад ба БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) дар мавҷи дуввуми тавсеаи ин иттиҳодия шомил шавад.

Вазири умури хориҷии Русия бошад, ин тасмимро истиқбол кард.

 

АвруОсиёИИАОЭрон
Comments (0)
Add Comment