Мушакборони Телавив ҳамзамон бо оғози соли нави 2024

Ҳамзамон бо оғози соли нави мелодӣ ва дар миёнаи ҷанги шадиди артиши саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, шаҳрҳои ишғолӣ ва ба вижа Телавив ҳадафи бомбаборони мушакии неруҳои муқовимати исломии Фаластин қарор гирифтанд.

Ба гузориши хабаргузории “Алҷазира”, ҳамзамон бо оғози соли нави мелодӣ ва дар миёнаи ҷанги шадиди артиши саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, шаҳрҳои ишғолӣ ва ба вижа Телавив маркази режими ҷинояткори саҳюнистӣ соли ҷадидеро бо бомбаборони неруҳои муқовамати исломии Фаластин оғоз кард.

Дар аввалин соатҳои бомдоди нахустин рӯзи соли нави мелодӣ, ожирҳои хатар дар Телавив ба садо даромад ва расонаҳо аз шиллики мушак тавассути муқовимати исломии Фаластин аз Ғазза дар нимашаби ибтидои соли 2024 хабар доданд.

Бар асоси гузориши Ал-Маёдин, гурдонҳои Ал-Қисом дар посух ба куштори ғайринизомиён дар Ғазза, шаҳри Телавив ва ҳавмаи онро бо бомбаборони ракитҳои M -90 бомбаборон карданд. Ал-Қисом низ эълом кард, ки дар посух ба куштори саҳюнистҳо алайҳи ғайринизомиёни фаластинӣ, Телавив ва атрофи онро бо мушакҳои M -90 бомбаборон кардем.

Гуфта шудааст, ки садои шиллик ва инфиҷори мушакҳои муқовимати Фаластин ба сӯи Телавив дар Ромуллоҳ воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ низ шунида шудааст.

Ҳамчунин Ал-Маёдин гузориш додааст, ки ҳамзамон бо партоби мушакҳои муқовимати Фаластин ба сӯи Телавив, такбир ва шодӣ дар Навори Ғазза ва шодии густурдаи шаҳрвандони фаластиниро фарогирифт.

Расонаҳои ибрӣ забон эълом карданд, ки ҳадди ақал 20 мушак аз Навори Ғазза ба самти Телавив шиллик шудааст.

бомбаборони Телавив тавассути гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин дар Ғазза дар авҷи бомбаборони Ғазза нишон диҳандаи шикасти амалиёти заминии артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар контроли ин минтақа аз Фаластин аст.

Расонаҳои исроилӣ дар гузориши интиқодӣ аз амалкарди артиш ҳамзамон бо бомбаборони Телавив гуфтанд, ки соате пеш, артиши Исроил гузориш дод, ки зарфияти бомбаборон аз Ғазза ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфтааст, аммо бо вуҷуди ин иддаои артиш, Ҳамос дар ҳоли партоби даҳҳо мушак ба Телавив аст ва вақти он расида, ки аз тавҳин ва дурӯғ ба худамон даст бардорем.

Едиот Аҳаронот низ гузориш дод, ки Исроил бо мушакборони Телавив аз Ғазза ба истиқболи соли нав рафт.

Ҳамзамон бо ҳамалоти мушакӣ ба Телавив, дар Ромуллоҳ дар ҳимоят аз муқовимат ва Ғазза низ тазоҳурот сурат гирифт. Ҳамчунин мардуми шаҳр ва урдугоҳи Ҷинин воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ дар ҳимоят аз муқовимат ва дар ҳимоят аз Навори Ғазза роҳпаймоӣ карданд.

Соате пеш аз ин низ, созмони радио ва телевизион Исроил дар гузорише эълом кард, ки кобинаи Нетаняҳу бо идома ва тамдиди холимондани шаҳракҳои шимолӣ то 3 моҳи дигар мувофиқат кард.

Бар асоси ин гузориш, сокинон ва шаҳраки нишинон дар манотиқи шимолии Фаластини ишғолӣ ҳамчунон то 3 моҳи дигар ба хонаҳои худ дар манотиқи наздик ба марзи Лубнон боз нахоҳанд гашт.

Ба назар мерасад, ки тамдиди тахлияи шаҳракҳои саҳюнист нишин дар манотиқи шимолии Исроил ба маънои тадовуми танишҳо дар ин манотиқи ҳам марзи бо Лубнон хоҳад буд.

Гузоришҳои мутааддиде аз шикасти неруҳои низомӣ ва артиши режими палиди саҳюнистӣ дар амалиёти низомии Ғазза вуҷуд дорад. Аз ҷумла шомгоҳи рӯзи гузашта масъулони бемористони Исроилии Сорока  дар Беэр-Шобаъ эълом карданд дар 24 соати гузашта 9 низомии исроилии дигар, ки дар набардҳои Ғазза маҷрӯҳ шуданд ба ин бемористон мунтақил шуданд.

Шумори куллӣ низомиёни маҷрӯҳи Исроиле, ки аз оғози ҷанг ба ин бемористон мунтақил шуданд ба 2384 нафар расидааст.

БомбаборониБомбаборони ТелавивҒаззаЛубнонНавори ҒаззасаҳюнистӣТелавивФаластин
Comments (0)
Add Comment