Шойгу: Артиши Русия шикастнопазирии худро дар соли 2023 исбот кард

Вазири дифои Русия дар суханронии Соли нав гуфт, ки артиши ин кишвар дар соле, ки гузашт, бори дигар “шикастнопазирӣ ва тавони худ барои шикасти душман”-ро ба вуҷуди кумакҳо ва умедҳои ғарб (ба Украина) исбот кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфт, ки соли 2023 бо баргҳои ҷадиде аз дастовардҳо ва корҳои бузург ба таърих мепайвандаду артиши Русия шикастнопазирӣ ва тавони худро барои шикаст додани душман ба рағми умедҳои ғарб ба намоиш гузоштааст.

Хабаргузории Спутник дар ин бора гузориш дод, ки Шойгу дар суханронии Соли нав барои артиши Русия гуфт: “Соле ки гузашт, баргҳои ҷадиде аз пирӯзиҳо ва шуҷоати бемонанди низомиёни Русияро ба таърихи сарзамини модариамон меафзояд. Артиши мо дубора шикастнопазирӣ ва тавони худ барои шикасти душман таҳти ҳар шароите ва ба рағми кумакҳову умедҳои ғарбро исбот кард.”

Вазири дифои Русия ҳамчунин гуфт, ки барномаҳои душман дар соле ки гузашт, ба лутфи шуҷоати низомиёни Русия бо шикаст рӯбарӯ шуд.

20232024РусияСергей Шойгу
Comments (0)
Add Comment